Бахшҳо
31 мар 2012 08:26Гузориш

«Мулоқоти махфӣ»-и Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷеймс Меттис

Генерали амрикоӣ соли 2005 зимни баргузории як форум гуфтааст, ки аз оташкушоӣ ба баъзе шаҳрвандони Афғонистон хушаш меояд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумњури Тоҷикистон имрӯз, 31-уми март бо Ҷеймс Меттис, роҳбари нерӯҳои хушкигарди ИМА (генерали сипоҳи туфангдорони дарёӣ ва фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи ИМА) мулоқот кард.

Ин гуфтугӯ паси дарҳои пӯшида сурат гирифт. Гуфта мешавад, мавзӯи меҳварии мулоқот масоили минтақаӣ будааст. Ҷонибҳо аз сӯҳбат бо хабарнигорон, ки қаблан гуфта мешуд, пас аз дидори як ба як анҷом мешавад, худдорӣ карданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуотии дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон бо хоҳиши Ҷеймс Метис сӯҳбат бо рӯзноманигорон баргузор нашудааст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки эҳтимолан зимни мулоқот ҷонибҳо масоили хуруҷи нерӯҳои Амрико аз хоки Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Зимнан, Комёб Ҷалилов, коршиноси маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ин фарзияро ба ҳақиқат наздик мешуморад. Ба қавли номбурда ба ҷуз аз берун рафтани низомиён транзити силоҳи Амрико тавассути Тоҷикистон метавонад яке аз мавзӯи дигари сӯҳбати ҷонибҳо бошад.

«Агар дар воқеъ Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷеймс Меттис масъалаи берун рафтан ва транзити силоҳи амрикоиро матраҳ кардааст, пас ин иттилоъ махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Чунки нерӯҳое ҳастанд, ки оромии минтақаро намехоҳанд. Илова бар ин баъзе аз кишварҳо барои оромона берун рафтани Амрико аз Афғонистон метавонанд монеа эҷод намоянд. Албатта муаяйн кардани чунин кишварҳо хеле мушкил аст»,- мегӯяд Комёб Ҷалилов.

Аммо Тоҷикистон дар ҳар маврид бояд дунболгирии манфиатҳои давлатиаш бошад. Зеро дар сиёсат «дӯст» ва «душман» вуҷуд надорад. Феълан, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон,Қазоқистон, Эрон ва Русияву Чин яке аз бозигарони аслии минтақа ба њисоб мераванд. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Ӯзбакистон бештар талош дорад, то Амрико силоҳи худро тавассути ин кишвар гузаронад. Зеро ин имконияти хуби даромад ба давлат мебошад. Комёб Ҷалилов мегӯяд, эҳтимолан зимни берун рафтан Амрико баъзе аз аслиҳаи худро дар ихтиёри кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон гузорад.

Аммо ба андешаи Абдулло Ҳабибов, генерали мустаъфӣ ин чиз ғайриимкон аст. Чун нерӯҳои низомии Тоҷикистон бо силоҳи русӣ таъмин мебошанд. Аз ин хотир беҳтар аст Тоҷикистон дар ин маврид мавқеи «кишвари транзити»-ро ихтиёр намуда, бо ин роҳ маблағе ба даст орад.

Абдулло Ҳабибов мегӯяд, Тоҷикистон ва Амрико танҳо як мавзӯи сӯҳбат доранд. Ин берун рафтани низомиёни Амрико аз Афқонистон аст. Дар масъалаи дигар музокирот кардани Душанбеву Вашингтон ғайримантиқист, зеро Тоҷикистон узви СПАД мебошад.

Гуфта мешавад, мавзӯи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷеймс Меттис дар ҳоле махфӣ нигоҳ дошта мешавад, ки шахсияти генерали амрикоӣ қобили таваҷҷӯҳ аст.

Генерали сипоњи туфангдорони баҳрӣ ва фармондењи нерӯҳои мусалаҳи ИМА Ҷеймс Меттис бо суханрониҳои булаҷаби худ маъруфият касб кардаст. Дар соли 2005, зимни баргузории форум дар штати Сан-Диегои Амрико номбурда гуфтааст: «Дар Афғонистон мо шоҳиди онем, ки чӣ гуна баъзе аз мардҳои афғон барои русарӣ надоштан занонро шаппотӣ мезананд. Онҳоро мард гуфтан мушкил аст. Аз ин хотир ба ин гуна шаҳрвандон оташ кушодан бисёр ҷолиб аст. Дар асл мубориза бурдан, ҷангидан хеле аҷиб аст. Аз оташкушоӣ ба баъзе аз шаҳрвандони Афғонистон хушам меояд».

Дар ҳамин маврид Абдулло Ҳабибов, генерали мутсаъфии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин амали генерали амрикоӣ қобили қабул нест.

«Ин мавқеъгирии генерали амрикоӣ метавонад ба низомиёни қаторӣ таъсири манфӣ расонад. Яъне онҳо мегӯянд, ки вақте генерал қатли шаҳрвандони Афғонистонро мамнӯъ накардааст, пас мо ҳам аз он пайравӣ мекунем. Ин сиёсати нодурусти низомӣ аст. Ин сиёсати сулҳпарвар нест. Бояд гуфт, ки эҳтимолан чунин суханрониҳои масъулини низомиёни амрикоӣ бойиси қатли хонавдаҳои афғон аз ҷониби низомиёни Амрико гардида бошад»,- мегўяд Абдулло Ҳабибов.

Дар идома номбурда аз мавқеъгирии баъзе аз низомиёни Амрико нигаронӣ намуд.

Ба сифати далел Абдулло Ҳабибов аз суханони ёвари вазири умури хориҷаи Амрико Роберт Блейк мисол овард. Маврид ба зикр аст, 28-уми март Роберт Блейк замоне, ки дар Душанбе қарор дошт, аз кишварҳои минтақа хост, то ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо Эронро қатъ карда, аз таҳримҳо алайҳи ҷумҳурии исломӣ пуштибонӣ намоянд. Ин пешниҳоди Роберт Блейк вокунишҳои мухталифро дар ҷомеаи Тоҷикистон ба вуҷуд овард. Вакилони порлумони Тоҷикистон ва таҳлилгарон гуфтанд, ки Тоҷикистон ба ҳеч ваҷҳ ҳамкориҳояш бо Эронро қатъ нахоҳад кард. Дар зимн, Абдулло Ҳабибов низ гуфт, ки масъули баландпояи Амрико набояд чунин пешниҳоди бемантиқ мекард. Зеро Тоҷикистон бо Эрон ҳамкории хуби иқтисодиро ба роҳ мондааст.

Ҳумайрои БАХТИЁР

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)