Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:52

«Лизинг» дар Тоҷикистон ба мушкил мувоҷеҳ шуд?

4 апрел 2012, 06:09

Соли гузашта дар Тоҷикистон ҳамагӣ 4 созишномаи лизингӣ дар бахши хоҷагии қишлоқ баста шудаасту бас. Таҳлилгарон мегўянд, дар ҳоли ҳозир бонкдорони Тоҷикистон ба деҳқон  барои додани қарзҳои бонкӣ бовар надоранд, зеро заминаи гаравмониашон заиф аст…

 

Тайи ду соли ахир (2009-2011) дар Тоҷикистон теъдоди ширкатҳое, ки ба хизматрасониҳои лизингӣ машғул ҳастанд, аз 10 то 6 адад коҳиш ёфтаст. Ин нуктаро масъулини Созмони молиявии байналмилалӣ, зимни як ҳамоиши вижа дар Душанбе иброз доштанд. Бино ба маълумоти намояндагони ин созмон, дар  натиҷаи таҳлили вазъи бозори лизингӣ дар Тоҷикистон маълум шуд, ки ҳаҷми он камтар шудааст: «Ҳаҷми бозори лизингӣ дар Тоҷикистон соли 2008-ум 24 миллиону 750 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод. Ин нишондод дар соли 2010-ум аллакай ба 4,02 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст».

Ҳамзамон, дар ин нишаст қайд гардид, ки лизинг дар ҷаҳон айни ҳол яке аз воситаҳои маъруфи таҷҳизонидани соҳаҳои гуногун маҳсуб меёбад. Коршиносони созмони молиявии байналмилалӣ дар шароити Тоҷикистон, ки кишвари аграрист, лизингро беҳтарин роҳи таъмини деҳқонони тоҷик бо техникаи аграрӣ меҳисобанд. Аммо айни ҳол ин имконият кам истифода мешавад. Аз ҷумла, соли гузашта дар Тоҷикистон ҳамагӣ 4 созишномаи лизингӣ дар бахши хоҷагии қишлоқ баста шудаасту бас. Таҳлилгарони Созмони молиявии байналмилалӣ мегўянд, дар ҳоли ҳозир бонкдорони Тоҷикистон ба деҳқон  барои додани қарзҳои бонкӣ бовар надоранд, зеро заминаи гаравмониашон заъиф аст: «Гирифтани техника тавассути лизинг роҳи нисбатан қуллай аст ва метавонад бе гаравмонӣ ҳам сурат гирад. Деҳқонон бо истифода аз лизинг метавонанд, аз техникаи кӯҳнае, ки онро ҳам на ҳама доранд, хароҷотро камтар намоянду самаранокии корашонро бештар созанд».

Аз қавл то амал хеле роҳ аст

Ҳукумати Тоҷикистон, моҳи декабри соли гузашта лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Кодекси андоз ва Кодекси гумруки кишвар тасдиқ карда буд, ки тибки  тағйироти ба кодексҳои андозу гумрук пешниҳодшуда, воридоти техникаю таҷҳизот ва технологияи истеҳсолӣ, ки ба тариқи лизинг ҷалб карда мешаванд, аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз, аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд. Мақсад аз ин тадбирро масъулини ҳукумат беҳсозии фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ барои навсозии воситаҳои истеҳсолӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва тақвият додани қудрати содиротии кишвар меноманд.

Заррина Одинаева, менеҷери лоиҳа оиди устуворсозии инфрасохтори молиявӣ дар Осиёи Миёна ва Озарбойҷон зимни баромадаш дар ин ҳамоиш қайд намуд, ки соли 2002 корпоратсияи байналмиллалии молӣ лоиҳаи рушди лизингии Осиёи Марказиро мавриди амал қарор дод, ки он Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро дар бар мегирад: «Дар ин кишварҳо мо ба ислоҳи қонунгузориҳо машғул будем. Гурӯҳи кории корпоратсияи мазкур дар Тоҷикистон лоиҳаи қонуни лизингро омода карда ба қабули он низ мусоидат намудаанд. Новобаста аз он ки қонун озод буд, вале барои оғози муомилаи лизингӣ, корхонаҳо ба мушкилӣ ру ба рӯ мешуданд. Зеро ин корхонаҳо дар оғоз хеле ҳаҷми зиёди сармоягузориро талаб мекарданд. Дар он замон созмонҳои молӣ имкони ҷудо кардани сармояҳои зиёдро надоштанд».

Номбурда мегӯяд, соли 2005-ум дар натиҷаи қабули лоиҳаи нав дар ин бахш имконияти сармоягузории созмонҳои молӣ беҳтар карда шуд ва дар соли 2006-ум шаш ширкати лизингӣ таъсис ёфт, ки дар қатори онҳо яктоаш давлатӣ аст. Ба қавли Заррина Одинаева, бо вуҷуди ин ҳама, корхонаҳо то ҳол ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд.  Яке аз мушкилот, ин мавҷуд набудани низоми андози ягона буд. Вале бо ин вазъият ширкатҳо тавонистанд кори худро пеш баранд ва шароити сангинро паси сар кунанд. Бархе аз коршиносони мустақил низ дар робита ба ин, иброз медоранд, ки барои рушди лизинг дар Точикистон низоми андозбандӣ яке аз монеаҳо аст. Ба қавли ин гурӯҳ коршиносон, дар лоиҳаи нави кодекси андоз, ки феълан дар ҳоли баррасист, ин омил бояд ба инобат гирифта шавад.

 

Алишер Зарифӣ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!