Бахшҳо
04 апр 2012 06:53Гузориш

Ҳунаристон(ОКТ)-ҳо бошанд, ё набошанд?

Аз сабаби бефаъолиятии ташкилоту корхонаҳои саноатӣ ва дар маҷмӯъ вазорату кумитаҳои кишвар (чун эҳтиёҷ ба мутахассису кадри ҳунарманд надорем) шояд барои як муддати муайяне дари донишгоҳу омӯзишгоҳҳоро баста кунем…

Ҳамасола зиёда аз 200 нафар мутахассисони ҷавон омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 32-и шаҳри Кӯлобро хатм намуда, соҳиби шаҳодатнома мегарданд. Аммо бо гузашти вакт, ҳамин мутахассисони касбӣ тайи солҳои зиёд бе ҷойи кор мемонанд.

Иллат дар он аст, ки дар навоҳии минтақа корхонаҳои сохтмониву саноатӣ фаъол нестанд ва гузашта аз ин, эҳтиёҷ ба мутахассиси ҷавони корнодида надоранд. Тибқи иттилои Тешахон Носиров, директори омӯзишгоҳи номбурда, ҳар сол омӯзишгоҳ 240 нафар хонандро барои омӯзиши 8 ихтисос фаро мегирад. Ин ҷо касбомӯзон тӯли 1 сол кор бо компютер, муҳосибӣ, дӯзандагӣ, ронанадагӣ, кафшергари барқӣ-газӣ, барқчӣ, челонгар-сантехник ва дуредгариро аз худ карда, мутахассиси хуб ҳам мешаванд. Дар омӯзишгоҳ, барои  муҳассилине, ки аз шахру навоҳии дури минтақа таҳсил доранд, хобгоҳи умумӣ барои 100 нафар ҷудо карда шудааст. Ҳарчанд ҷаноби директор мегуфт, ки шароити донишандӯзӣ ва фароғату истироҳати донишҷӯён хуб аст, аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки вазъ ноҷӯр аст. Аммо сухан ҳоло сари ин мавзӯъ нест…

Ранг бину ҳол пурс

Гап сари он меравад, ки оё дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон фаъолияти омӯзишгоҳҳои касбӣ зарур аст? Дар шароите, ки тақрибан ҳамаи касбомӯхтагон дигар муддати дароз, шояд ҳама умр аз касби азхудкардаашон на танҳо бекор мемонанд, ки ҳатто аз он истифода бурдан наметавонанд. Ин мушкил танҳо проблемаи шаҳри Кӯлоб нест. Балки дар ҳамаи ҷумҳурӣ хатмкунандагони омузишгоҳхо сарсону саргардонанд. Саволи кушода ин аст, ки пас ба чӣ хотир касб омӯхтан. Шояд ҷавоб ҳам пайдо шавад, ки ба умеди кадом рӯзи хайре. Ман нохушбин (пессимист) нестам, вале аз фаъолияти «чиновник»-ҳои феълӣ, ки сангпуштвор кор кардаву дар ҳамин маврид ҳам масъулияти вазифадориро ҳис намекунанд, балки намедонанд, ки он чист, даҳсолаҳои пасоянд ҳам мутахассисони касбазхудкарда ҳамоно бе «касб» мемонанд. Дар ҳоле, ки аз рӯи касб амал нашавад, яъне кору фаъолият ба роҳ монда нашавад, бегумон он дониши андӯхта барҳам мезанад. Ба дурустӣ, дигар одамон намедонанд кадом касбро интихоб кунанд, ба донишгоҳ, донишкада, коллеҷ ва ё кадом омӯзишгоҳ дохил шудаву дар кадом самт касб омӯзанд.

Як сокини шаҳри Кӯлоб бо исми Бек, хатмкунандаи донишгоҳи политехникӣ, муҳандиси касбӣ, ки имрӯз аз касофати бекорӣ дар бозор ба савдогарӣ даст задааст, мегӯяд, 2 писарашро баъди хатми мактаби миёна аввал ба донишгоҳ дохил карда, баъдан ба умеди аз худ намудани ҳунаре, ки бояд нонашон диҳад, аз донишгоҳ берун кардаву ба омӯзишгоҳ супоридааст. Ахиран, аз ин ҷо ҳам чун умеди фардо набуд, гирифтаву барои мардикорӣ ба Русия фиристодааст.

Аммо, ҳайҳот, ки Беки кӯлобӣ аввалину охирин фарди ноумедгашта нест.

Садҳо, ҳазорон бекҳо фарзандонашонро дар беҳтарин айёми зиндагӣ - ҷавонӣ, ба хотири ворастан аз гуруснагӣ, тӯрбаи мусофириву ҷомаи ғуломӣ пӯшонда, ба мардикории хориҷӣ гусел кардаанду кардан доранд. Ба назар мерасад, ки гӯё  роҳи баромадан аз мушкил нест.

«Пешниҳод» аз журналист

Гумон меравад барои ворастан аз варта танҳо кӯшиши вазорати маориф басанда буда наметавонад, бояд тамоми сохторҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва фарҳангӣ фаъолияти мутаасил дошта бошанд.

Таври мисол, дар замони шӯравӣ танҳо дар шаҳри Кӯлоб ташкилоту корхонаҳои зиёди сохтмониву саноатӣ фаъол буданд, ки ҳазорон нафар сокинонро ба кор таъмин карда меомаданд. Аз ҷониби дигар, ашхоси ҳунар омӯхта бе ягон мамониат дар коргоҳҳо  соҳиби ҷойи корӣ мегаштанд. Дар ҳоли ҳозир ҳам, тибқи иттилоъ, дар ҳудуди шаҳр гӯё наздик ба 30 корхонаи саноатӣ ва шумораи номаълуми ташкилоти сохтмонӣ арзи вуҷуд доштаанд. Вале дар онҳо на бештар аз 20 нафар ба кор фарогиранду он ҳам бошад, дар аксари маврид, мавсимӣ будааст. Мусаллам аст, ки дар сурати камбуди ҷойи кор, он насиби одамони худӣ мегардад. Манзур танҳо Кӯлоб нест, дар пасманзари ин шаҳри саноатӣ дигар шаҳру навоҳии мамлакат низ саф кашидаанд.

Дар ҳоли ҳозир талабот ба масолеҳи саноатӣ ва корҳои сохтмонӣ аз замони пеш дида, зиёдтар мебошад. Тайи 20 соли соҳибистиқлолӣ корхонаҳои мавҷудбуда дар Тоҷикистон  80 фисад барҳам хӯрдаву ҷойи онҳоро сехчаву корхонаҳои хурди назарногиру бозорногузар гирифтаанд, ки ҳаргиз ба манфиати давлату миллат нигаронида намешаванд. Гузашта аз ин, ҳукуматдорон низ парвои раият дар ин муддат накардаанд. Вагарна, мамолики ҷаҳон, ҳатто ҳиндувони амрикоиву зангиҳои африқоӣ заводу фобрику ташкилоту корхона бунёд карда, пеш мераванд ва ҳатто барои кишвари мо омада, сохтмонҳои гуногунро ба ӯҳда мегиранду  мо бошем, бо масъулини бесалоҳият ҳатто аз таъмири роҳҳои мошингарди ба мерос гирифта 20 сол мешавад, ки баромада наметавонем.

Аз ин хотир, бо иллати бефаъолиятии ташкилоту корхонаҳои саноативу дар маҷмӯъ вазорату кумитаҳо, чун эҳтиёҷ ба мутахассису кадри ҳунарманд надорем, шояд барои як муддати муайяне дари донишгоҳу омӯзишгоҳҳоро баста кунем?

Аслиддин Достиев

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)