Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:30

Оё Тоҷикистон метавонад мабалағгузори бахши сил бошад?

4 апрел 2012, 11:00

Барои табобати як бемори шакли мутобиқгаштаи сил дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна аз 5 то 7 ҳазор доллар маблағ сарф мешавад.

Ин нуктаро Фирӯза Саидова, ҳамоҳангсози корҳои иттилоотӣ ва омӯзишии Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории сил (МҶБС) зимни як ҳамоиш дар Душанбе изҳор дошт.

Ба гуфтаи ӯ, барои ба таври ройгон таъмин кардани беморони сил бо ғизо, дастрас кардани доруҳо ва ташхиси рентгенӣ маблағи зиёд зарур буда, айни ҳол бештари ин хароҷотро созмонҳои хориҷӣ пардохт мекунанд.

Гуфта мешавад, ки дар чанд соли ахир дар ҷумҳурӣ 34 маркази зиддисилӣ барқарор ва аз нав сохта шуда, 97 озмоишгоҳи микроскопӣ ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Ҳамчунин 16 дастгоҳи рентгенӣ ворид карда шудааст, ки кори духтуронро ҳангоми ташхиси беморон осон кардаанд.

Ҳамзамон Зоир Абдуллоев, муовини сарвари МҶБС иброз дошт, ки қаблан барои ташхиси як бемори шакли мутобиқгаштаи сил 3 моҳ вақт лозим буд, вале акнун тавассути таҷҳизоти ҷадид метавон дар ду соат гирифторони ин намуди бемориро муайян кард. «Аммо хароҷоти як бемор ҳудуди 24 то 38 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки барои тамоми беморонро ба табобат фаро гирифтан имкони буҷет кифоят намекунад», - мегӯяд ӯ.

Ба андешаи Абдуллоев, ҳарчанд нисбат ба соли 2004 маблағгузорӣ дар ин бахш 3 маротиба афзуда, соли 2011 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 11 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шуда бошад ҳам, ҳанӯз нокифоя аст. Зеро доруҳои зиддисилӣ ниҳоят гаронарзиш мебошанд.

Ҳоло хароҷоти табобати беморони сил дар Тоҷикистон бештар аз ҳисоби кӯмаки созмонҳои хориҷӣ сурат мепазирад. Қурбонгул Зокирова, сармутахассиси Вазорати тандурустӣ оид ба бемории сил чунин мешуморад, ки маблағгузории давлатӣ дар ин самт сол то сол афзоиш меёбад, вале ҳанӯз нокофист. Ҳамчунин, бо вуҷуди омодасозии мутахассисон, норасоии кадрӣ ва мушкилот дар ин самт ба назар мерасад. Ӯ мегӯяд, ки кам шудани шумораи беморони сил ба коҳиши хароҷот боис мегардад. Пешниҳод мекунад, ки барои кам кардани шумораи беморон маблағгузории давлатиро дар баробари кӯмаки созмонҳои хориҷӣ зиёд кардан мувофиқи мақсад аст. Зеро бо зиёд шудани маблағгузорӣ ва ҳавасманд кардани мутахассисон мушкили норасоии кадрӣ ҳалли худро меёбад ва назорати бемории сил пурзӯр карда мешавад. Дар натиҷа табобати шумораи беморони ошкоршуда тақвият ёфта, сол то сол сафи беморон коҳиш меёбад ва бо кам шудани сафи беморон хароҷот низ коҳиш ёфтан мегирад.

Дар ҳамин ҳол тибқи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар ҶТ барои солҳои 2010-2015, сатҳи коҳишёбии сил нисбат ба соли 1990 то 50 фоиз дар назар дошта шудааст.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ шумораи беморони сил ба 5 935 адад мерасад, ки аз ин танҳо 700 нафар шакли мутобиқгаштаи сил мебошанд. Гуфтан бамаврид аст, ки одам ба чӯбчамикроби сил, ки аз роҳи ҳавоӣ-қатраӣ, яъне ҳангоми сӯҳбат бо бемор аз тариқи нафас мегузарад, сироят меёбад. Нишонаҳои бемории сил сулфаи давомнокиаш беш аз ду ҳафта, баландшавии тӯлонии ҳарорати бадан то 37-38 дараҷа, арақкунии шабона, дарди қафаси сина, бемадорӣ, хунпартоӣ ва лоғаршавӣ мебошад. Дар сурати пайдо шудани ин аломатҳо бояд инсон ба духтур муроҷиат кунад. Зеро ҳарчанд бемории сил табобатшаванда аст, аммо беаҳамиятии бемор метавонад ба сили шакли мутобиқгашта оварда расонад. Чун бемор баъди андак табобат ҳолаташ беҳтар шавад ва аз истеъмоли доруҳо худдорӣ кунад, чӯбчамикроби сил ба доруҳо тобовар мешавад.

Агар бемори сили маъмулӣ дар 6 моҳ шифо ёбад, табобати бемори шакли мутобиқгашта метавонад то 2 сол идома пайдо кунад. Барои муолиҷаи як бемори сили маъмулӣ то 50 доллар сарф шавад, хароҷоти табобати бемори шакли мутобиқгаштаи сил аз 5 то 7 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Дарёфти ин қадар маблағ кори саҳл нест, лекин аз табобат дар канор мондани беморони сил низ метавонад садҳо нафарро сироят кунад.

Вале мавзӯи дигар боиси ташвиши аҳли ҷомеа гаштааст. Рустам Хоҷаев, менеҷери ташкилоти ҷамъиятии Спин+ аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки агар барномаи созмонҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ба охир расад ва маблағгузорӣ дар ин самт қатъ гардад, маълум нест, ки он вақт мардум чӣ кор мекунанд. Вай аз ҷумла таъкид кард: «Нахуст ҳамаи мо инсонем, баъд яке нашъаманд ва дигаре силкасал… Мо бояд ғами мардуми худро хӯрем, зеро ин кишвари мост ва мардумаш ҳаммиллатони моянд».

Аммо Фотима Ғоибова, сухангӯи Вазорати тандурустӣ бар он назар аст, ки доруҳои зиддисилӣ дар Тоҷикистон то соли 2014 кифоят мекунад. Вай дар робита ба маблағгузорӣ изҳор дошт, ки вақте барнома қабул шуд, пулаш ҳам пешакӣ муайян гардид. Сарчашмаи маблағгузорӣ дар бахши сил дар оянда низ қисман аз буҷет ва аз ҳисоби кӯмаки созмонҳои хориҷӣ сурат мегирад. Ба андешаи ӯ, ҳеч вақт чунин нахоҳад шуд, ки маблағгузории созмонҳои хориҷӣ пурра қатъ гардад ва Вазорати тандурустӣ аллакай барои солҳои оянда сарчашмаҳои маблағгузориро ба нақша гирифтааст.

Тибқи омор, соли 2010 шумораи умумии беморони сил 5959 нафарро ташкил медод, аммо соли 2011 ин рақам ба 5935 нафар пойин омадааст. Сардухтури беморхонаи клиникии зиддисилии «Шифо» Саидаҳтам Рустамов мегӯяд, ки шумораи беморони сил дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфта истодааст ва ин сабаби кам шудани хароҷот низ мегардад. Аммо ба қавли ӯ ҳоло мутахассисони ин беморхона бо Вазорати тандурустӣ дар фикри он ҳастанд, ки дар сурати қатъ шудани маблағгузории созмонҳои хориҷӣ ягон роҳеро пайдо кунанд, то шароити ба табобат фаро гирифтани беморони сил аз ҷиҳати молӣ имконпазир гардад. Бо ин мақсад онҳо дар қисмати муайяни замини назди бемористон маҳсулоти кишоварзӣ кишт карда, беморонро бо хӯроки серғизо таъмин карда истодаанд. Аз сӯи дигар, Бонки рушди Олмон ба ин бемористон таҷҳизоти навтаринро ҳадя кардааст, ки дар ҷумҳурӣ назири онро наметавон пайдо кард. Аз ҷумла, дастгоҳи томографие, ки БРО ба бемористон додааст, 700 ҳазор Евро арзиш дошта, навтарин дастгоҳ дар кишвар мебошад. Сардухтур мегӯяд, ки дар оянда нақша доранд шароити ин бемористонро ба мисли дармонгоҳи Маркази миллии тиббӣ (Қарияи боло) ба қабули тамоми беморон мувофиқ карда, онҳоро қабул ва ташхис намоянд. Маблағи аз ин ҳисоб ба дастомадаро метавонанд ба табобати беморони сил сарф кунанд.

Қурбонгул Зокирова мегӯяд, ки дар тамоми ҷаҳон табобати бемории сил дар беморхонаҳои умумӣ сурат мегирад, на бемористони махсус ва ин таҷрибаро дар оянда дар Тоҷикистон низ амалӣ кардан мумкин аст.

Исфандиёр Халилӣ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!