Бахшҳо
04 апр 2012 13:49Гузориш

Чаро порлумон сокит аст?

Мақомоти дахлдори Тошканд дар ҳоле ҳамоишҳои фаврӣ баргузор мекунанд, ки ҷаласаҳои парлумонии Тоҷикистон чун қаблан бидуни вокуниш ва мавқеъгирии расмии вакилони мардумӣ дар қиболи фишорҳои Узбакистон анҷом меёбад. Узбакистон ҳаргиз роҳи Тоҷикистонро набаста, манъи ҳаракат дар хатсайри Амузанг-Хатлон ба ҳаводиси моҳи декабр марбут аст. Роҳи мазкур 50 сол қабл бунёд ёфта, садамаҳои пай дарпай боиси ба таъхир афтодани интиқолу молу маҳсулот мегардад. Ин нукта дар номаи ҷавобии Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон ба муроҷиати ҳамтои тоҷикаш, Оқил Оқилов зикр гардидааст. Ҷаноби Мирзиёев бо иншои нома кӯшидааст сабаби аз шабакаҳои энержии Осиёи Миёна хориҷ шудани Узбакистонро шарҳ бидиҳад. Ба бовари номбурда шабакаи мазкур ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест. Нахуставазири Узбакистон дар идома минакории марзҳоро аз ҷониби Узбакистон дар солҳои 1992-96 ва ҷорӣ намудани низоми раводидро бо Тоҷикистон дар соли 2000-ум мутобиқ ба асноди байни ду давлат ва меъёри ҷаҳонӣ хондааст. Шавкат Мирзиёев гуфтааст, ки мавқеъи ҳукумати Узбакистон ва мақомоти марбутаи он асоснок буда, эътирозҳои Тоҷикистон заминаи воқеъӣ надорад ва молу маҳсулот низ бо каме таъхир ба Тоҷикистон ворид хоҳанд шуд. Чунин ба назар мерасад, ки Узбакистон барои исботи амали худ ҳамаҷониба талош дорад. Рӯзе қабл Шӯрои амнияти Узбакистон таҳти роҳбарии Ислом Каримов бо баргузории нишасти изтирорӣ муносибати худ бо Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додааст. Мақомоти дахлдори Тошканд дар ҳоле ҳамоишҳои фаврӣ баргузор мекунанд, ки ҷаласаҳои парлумонии Тоҷикистон чун қаблан бидуни вокуниш ва мавқеъгирии расмии вакилони мардумӣ дар қиболи фишорҳои Узбакистон анҷом меёбад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон гуфта буд, ки аз ин ба баъд Маҷлиси намояндагон дар робита ба воқеаҳои муҳими кишвар хомӯш нахоҳад буд. Ин нуктаро Шукурҷон Зуҳуров моҳе қабл зимни мулоқоти худ бо хабарнигорон зикр намуд. Фишори навбатии Узбакистон ба Тоҷикистон қазияи аввал миёни ду кишвар баъд аз дидори Зуҳуров бо хабарнигорон мебошад. Таърихи 04-04-2012 ҷаласаи навбатии парлумони Тоҷикистон бо ҳузури 61 вакил баргузор гардид. Ҷаласаи навбатӣ бештар аз 2 соат идома ёфта, рӯзнома иборат аз 8 масъала буд, ки он масоил рабте ба қазияи навбатии Тоҷикистону Узбакистон надоштанд. Парлумони Тоҷикистон ҳатто берун аз рӯзнома дар робита ба рӯйдоди мазкур мавқеъи худро ошкор накард. Маҳмадалӣ Ватанов, вакили мардумии Тоҷикистон аз ҲХДТ дар сӯҳбат ба «Озодагон» гуфт, ки хомӯшии вакилон маънои бетарафӣ дар робита ба ин мушкилотро надорад. Аз сабаби ба рӯзномаи маҷлис ворид набудани ин масъала вакилон онро мавриди баррасӣ қарор надоданд. Ин вакили мардумӣ мутмаин аст, ки мушкилоти навбатии Душанбеву Тошканд дар рафти баргузории гуфтушунидҳо ҳали худро хоҳад ёфт. Дар зимн Сайидумар Ҳусайнӣ вакил аз ҲНИТ гуфт, ки одатан рӯзномаи маҷлисро қабл аз баргузории он шӯро тасдиқ мекунад. Мутаасифона, ҳарчанд аз қазияи мазкур 1 ҳафта сипарӣ гардид, аммо ин масъала ба рӯзнома ворид карда нашуд. Ҷаноби Ҳусайнӣ мегӯяд, ки аз сабаби мавҷудияти чунин муқаррарот вакилон ба муҳокимаи масоили доғи кишвар намерасанд. «Зеро то замони тасдиқи масъалаи фаврӣ аз ҷониби Шӯрои Маҷлиси Намояндагон эҳтимолан он аҳамияти худро гум мекунад. Илова бар ин на ҳар вакил ҳуқуқи ворид намудани дигаргунӣ ба рӯзномаи маҷлисро дорад», илова намуд муовини раҳбани ҲНИТ. Сайидумар Ҳусайнӣ бар ин назар аст, ки ба дастури маҷлис фавран тағйирот ворид карда шавад. Ҳадди ақал дар ҳолатҳои истисноӣ. Вакили парлумони Тоҷикистон дар ҳоле аз адами имконият барои мавқеъгирии ҳамтоёнаш нигаронӣ мекунад, ки ба бовари ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова узви Маҷлиси Намояндагон ҳуқуқи баргузории ҷаласаи фавриро дорад. «Мантиқан вакилони мардумӣ аз тамоми манотиқи кишвар буда, ҳадафи аслиашон низ дифоъ аз ҳуқуқ ва манфиатҳои интихобкунандагонашон мебошад. Ҳар воқеае, ки ба мардуми Тоҷикистон таъсир дорад, вакилон набояд аз он канораҷуӣ намоянд. Парлумони Тоҷикистон вазифадор аст, ки ҳарчи зудтар фишори навбатии Узбакистонро мавриди баҳс қарор бидиҳад. Дар натиҷа унвони ҳамтоёни узбаки худ муроҷиатномае расмӣ барои дифоъ аз ҳуқуқ ва манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон ирсол намоянд». Файзиниссо Воҳидова дар идома аз баргузор нагардидани баҳсҳои парлумонӣ дар Тоҷикистон мисол оварда, гуфт, ки ин аз бесалоҳиятии вакилони мардумӣ аст. Ба бовари номбурда парлумони Тоҷикистон заиф, ноуҳдабаро буда, фаъолияти муассир надорад. Аз ин хотир боре нашудааст, ки ҷиҳати дифоъ аз ҳуқуқи интихобкунандагон-шаҳрвандон парлумони Тоҷикистон сари вақт садо баланд карда бошад. Маврид ба зикр аст, ки ин ҳодисаи аввали хомӯширо ихтиёр кардани Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон нест. Қаблан ҳангоми боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар ҳудуди Узбакистон, боздошти халабони рус ва депорти муҳоҷирони тоҷик аз Русия парлумони кишвар хеле дер вокуниш нишон дод. Ин амали прлумонро таҳлилгарон зери интиқоди шадид қарор доданд. Баъдан, ҳамин гуна нигарониҳо бойис гардид, ки Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқоти хоса бо хабарнигорон ваъдаи муассир кардани фаъолияти ҳокимияти қонунбарорро дод.   Ҳумайрои БАХТИЁР
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)