Бахшҳо
05 апр 2012 09:24Гузориш

Дар сурати аз фаъолият мондани ТАЛКО ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ зарар мерасад?

Ман фикр мекунам, ки аз кор мондани ин корхона бар зарари ҳам Тоҷикистон ва ҳам Ӯзбакистон аст. Зеро дар сурати азнавсозии корхона таъсири он ба экология бештар мешавад, ки инро касе намехоҳад.

Зафар Абдуллоев, иқтисодшинос

Агар фаъолияти корхонаи алюминийи тоҷик қисман аз кор бозмонад, албатта бар зарари иқтисоди Тоҷикистон ва худи корхона аст. Зеро вақте, ки дастгоҳи обкунандаи алюминий сард гардад, аз кор мебарояд ва бояд онро нав кард, ки барои харидани он маблағи зиёд даркор аст. Вале агар фаъолияти ширкати Талко пурра аз кор монад, ба фикрам ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои наздик дубора онро роҳандозӣ карда наметавонад. Аз тарафи дигар агар ин корхонаро дубора роҳандозӣ кунанд бо сабаби таҷдиди таҷҳизот зарари экологии корхона ба муҳит зиёдтар мегардад. Ман фикр мекунам, ки аз кор мондани ин корхона бар зарари ҳам Тоҷикистон ва ҳам Ӯзбакистон аст. Зеро дар сурати азнавсозии корхона таъсири он ба экология бештар мешавад, ки инро касе намехоҳад. Ӯзбакистон медонад, ки Тоҷикистон намегузорад ин корхона аз кор бозмонад ва роҳҳои алтернативиро меёбад. Вале дар сурати қатъи интиқоли газ аз ҷониби ҳамсоякишвар ин корхона бо хароҷоти чанд баробар зиёд фаъолиятро идома медиҳад, зеро барои аз ангишт коркард намудани газ хароҷоти бештаре лозим мешавад. Аз ҷониби дигар агар Ӯзбакистон интиқоли газашро ба муддати як моҳ ё ду моҳ қатъ кунад ва Тоҷикистон тавонад, ки аз роҳҳои дигар корхонаҳои саноатиро ба кор андозад, ин ба фоидаи Тоҷикистон ва зарари Ӯзбакистон тамом мешавад. Зеро агар Тоҷикистон роҳҳои дигари ба кор андохтани корхонаҳоро ёбад, аз вобастагии иқтисоди Ӯзбакистон озод мегардад ва ин кишвар ба муқобили Тоҷикистон дигар ягон воситаи таъсиру фишорро дар даст дошта наметавонад. Ин як роҳе барои расидан ба истиқлолияти ҳам энергетикӣ ва ҳам иқтисодии Тоҷикистон аст. Мо бояд аз дигар манбаъҳо ва бо истифода аз технологияҳои ҷадид роҳҳои алтернативии коркарди газу барқро пайдо кунем.

Холмаҳмад Азимов, иқтисодшинос

Дар масъалаи таъмини газ фикр мекунам, ки набояд мушкил шавад. Ҳоло дар корхонаи Талко хеле шахсони таҷрибадор ифои вазифа мекунанд ва ман ба онҳо боварӣ дорам. Масъалаи қатъи газ ба созишномаи байни Тоҷикистону Ӯзбакистон марбут мешавад. Шартнома ба охир расидааст ва то замоне, ки шартномаи нав баста нашавад, Тоҷикистон набояд дар ин маврид изҳори норозигӣ кунад. Қатъи фаъолияти ширкати алюминий пеш аз ҳама аз худи фаъолияти роҳбароин ин ширкат вобастааст. Бояд мушкилиҳоро пешбинӣ кунанд ва роҳи ҳаллашро пайдо намоянд. Агар корхона ду рӯз аз кор бозмонад, на фақат ба иқтисоди Тоҷикистон, балки ба худи корхона ҳам зарари молии зиёд мерасад. Бояд як тартиби муайяни кор ба роҳ монда шавад ва агар як қисми дастгоҳҳои коркард дар таъмиранд, қисмати дигар бояд дар ҷараёни кор бошанд. Инҷо бояд роҳбарони ширкати алюминий мувозиб бошанд, зеро дар сурати баста шудани корхона, аз нигоҳи техникӣ хисороти зиёд ворид мегардад.

Нуралӣ Давлат, журналист

Талко яке аз бузургтарин корхонаи санотии Тоҷикистон аст ва дигар ба монанди ин корхонае надорем. Ифтихору имиҷи ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Агар ин корхона аз фаъолият бозмонад ба иқтисод ва сиёсати Тоҷикистон зарбаи сангин расонида мешавад. Аз ҳисоби ин корхона ба буҷети Тоҷикистон солона беш аз 50 миллион доллар маблағ ворид мешавад. Муҳимтар аз ҳама ин корхона тақрибан 15 ҳазор коргар дорад ва агар баста шавад онҳо бе ҷои кор мемонанд.

Табаралӣ Ғаниев, иқтисодшинос

То кунун роҳбарону менеҷерони корхонаи алюминий мушкилоти зиёдеро паси сар кардаанду таҷрибаи бештаре доранд ва аз паси ин мушкилот ба хубӣ бармеоянд. Корхонаи алюминий ба ғайр газ бо нерӯи барқ низ кор мекунунад. Дигар ин ки ин дар навбати аввал мушкили на танҳо иқтисодиёти Тоҷикистон, балки проблемаи идоракунандагони худи корхона мебошад, ки бояд дуруст идора карда тавонанд. Роҳбарони ширкат набояд ба баста шудани корхона роҳ диҳанд. Роҳбарон бояд фавран қарорҳо бароранд, ки чӣ гуна ширкатро аз вазъи ногувор наҷот диҳанд.

Дилшод Муллоев, иқтисодшинос

Агар корхонаи алюминийи тоҷик аз фаъолият бозмонад дубора ба кор оғоз карданаш мушкил мегардад ва ба истилоҳи амрикоиҳо "коллапс" мешавад. Қатъ шудани интиқоли газ ба ин корхона зарари зиёд мерасонад, аммо ман боварӣ дорам, ки вазъ ба ин ҳад нахоҳад расид. Умед аст, ки ҷониби Тоҷикистон бо Ӯзбакистон ба мувофиқа мерасанд ва ин масъала роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Ҳар як низоъ сатҳи муайяни худро дорост ва дар як сатҳи муайян нигоҳ доштани он хуб аст. Вақте низоъ аз ҳадди муътадил гузарад, ба хушунати руёрӯ табдил мегардад. Қатъи газ дар қонунҳои бозор хушунати руёрӯи ду ҳамсоякишвар аст, ки нишонгари муносибатҳои иқтисодии хушунатбори ду ҷониб мебошад.

Абдулло АшӮров, таҳлилгари масоили иқтисодӣ

Талко аз фаъолият боз намондааст. Масъулини ин ширкат ният доранд, ки аз ангишт газ истеҳсол карда корхонаро гардон кунанд. Аммо бо ангишт пурра корхонаро гардон кардан мушкил аст. Шояд бо нагишт қисман ин корхона фаъолият кунад. Ҳарчанд Талко корхонаи бузурги истеҳсолии Тоҷикистон аст, саҳмаш дар буҷаи кишвар бузург нест. Чизе бештар аз 200 миллион сомонӣ ба буҷет андоз пардохт мекунад. Дар ҳамин ҳол 40 дарсади қувваи барқи Тоҷикистонро масраф мекунад ва аз аҳолӣ дида бо нархи арзонтар барқро харидорӣ менамояд. Бинобар ин агар Талко аз кор боз монад ҳам буҷет зарари калон намебинад, Танҳо чанд ҳазор нафаре, ки дар ин корхона кор мекунанд, бе шуғл мемонанд, ки ҷои нигаронӣ дорад. Агар ҳамон 40 дарсад барқеро, ки Талко масраф мекунад ба дигар корхонаҳои хусусӣ бо ҳамон нарх зимистону тобистон диҳанд, ба буҷет аз андози Талко дида бештар андоз ворид мешавад. Ин гапи ҳавоӣ нест, дар паи ҳисобҳои тӯлонӣ иқтисодонҳо ба ҳамин хулоса омадаанд.

Игор Сатторов, сухангӯи ширкати Талко

Мо ҳоло дар масъалаи газ ҳеч  шарҳе дода наметавонем. Зеро феълан байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Ӯзбакистон музокирот рафта истодааст ва шарҳи мо метавонад ба ин раванд халал ворид кунад. Алҳол корхонаи мо бо захираҳои худ кор карда истодааст. Музокирот дар масъалаи гирифтани газ идома дорад. Имкон диҳед, ки музокирот ба анҷом расад. Зеро бо шарҳҳои худ шояд мо музокиротро мешиканем ва вазъро бадтар мекунем.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)