Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:04

Ҳалокати сарбози Гвардияи Миллии Тоҷикистон бар асари садамаи нақлиётӣ

28 июн 2011, 06:24

Дар натиҷаи сониҳаи нақлиётӣ дар ноҳияи Ҳисор як кас ҳалоку 8 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.


Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, рӯзи гузашта сарнишини автомашинаи тамғаи ВАЗ-2107,  Абӯбакари  Исфандиёри 19 -сола  ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Турсунзода ба ҷониби Душанбе дар ҳудуди ҷамоати  Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор ба муқобили ҳаракати роҳ баромада бо автомашинаи  тамғаи «Деу-Сиелло» бармехӯрад.  Автомашинаи  тамғаи «Деу-Сиелло»  таҳти идораи Амриддин Муҳиддинов 27- сола  будааст. Бино ба қавли манбаъ, Муҳиддинов сокини ноҳияи Турсунзода, ҷамоати  Қаратоғ, деҳаи  Қаратоғ мебошад. Бар асари сониҳаи мазкур, мусофири дохили автомашина ВАЗ-2107   Ҷовид Низомов 23 -сола сарбози Гвардияи Миллии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.  Мусофирони  дигари ҳар ду нақлиёт бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба касалхона интиқол ёфтанд. Тафтишоти қазия шурӯъ гардида, сабабҳои он муайян мегардад. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!