Бахшҳо
06 апр 2012 08:08Иқтисодӣ

ИҚТИСОДИ БЕ ИЛМУ ТЕХНИКАИ ТОҶИКИСТОН

Технологияву илм метавонад дар як мӯҳлати муъаян иқтидори истеҳсолии ҳар кишвареро беҳбуд бахшад. Ҳамчунин истифодаи илму техника муҷиби рақобатпазир шудани моли истеҳсолшуда мегардад. Пас чаро дар Тоҷикистон аз  илму техникаҳои нав дар истеҳсолот истифода намешавад? Чунончи ҳаминак фаъолияти аксари соҳаҳои кишвар бо техникаҳои кӯҳна ҷарён дорад.

 

Дар ҳолати истифодаи илму техника дар иқтисодиёт, молҳо ба миқдори бисёртар бо сифати баландтар ва хароҷоти камтар тавлид мегарданд. Аммо аз сабаби истифода нашудани техникаҳои нав дар истеҳсолоти Тоҷикистон, саҳми кишвар дар истеҳсолоти ҷаҳонӣ, дар савдои хориҷии байналмилалӣ, дар содироти сармоя, дар захираи тиллои ҷаҳонӣ кам буда инчунин суръати рушди иқтисодӣ ва истеҳсоли маҷмуи маҳсулоти миллӣ ва даромади аҳолии Тоҷикистон дар поинтарин сатҳ қарор дорад. Гузашта аз ин саҳми Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ хеле ночиз аст. Зеро нархи 2 колои асосии он алюминиюму нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ доимо дар ҳоли навасон аст. Ғайр аз ин 2 колои асосӣ Тоҷикистон дигар моле надорад то аз он фоидаи зиёд гирад.

Наздики 20 сол мешавад, ки соҳаҳои истеҳсолии Точикистон бо техникаҳои кӯҳна фаъолият мекунанд. Яке аз ин  соҳаи кишоварзист, ки дар замони шӯравӣ аз сердаромадтарин бахши иқтисодии кишвар буд. Аммо имрӯз деҳқонон барои кишти маҳсулот ва зироати заминҳо ҳамон белу каланди кӯҳнаро кор мебаранд. Ба ақидаи иқтисоддонон истифода аз асбобу техникаҳои кӯҳна самаранокии ҳамагуна молҳоро коҳиш медиҳад. Пас, оё вақти он нарасида то асоситарин омили истеҳсолот, яъне илму техникаҳои замонавиро дар иқтисодиёти кишвар махсусан бахши истеҳсолот истифода барем?

Чи тавр метавон техникаҳои муосирро ба Тоҷикистон овард?

Коршиносон роҳи ворид кардани техникаву таҷҳизоти навро дар ҷалби сармоягузориҳои хориҷиву дохилӣ мебинанд. Таҳлилгари масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён др ин бора мегӯяд: «то кунун сармоягузориҳо бар рӯи нерӯгоҳҳои барқӣ- обӣ анҷом шудааст, вале далели кӯҳна будани трансформаторҳояшон иқтидори тавлидии бештари ин нерӯгоҳҳо суст аст ва бештари шабакаҳои интиқоли барқии кишвар фарсуда шудаанд, ки барои ҳамин талафоти барқ дар кишвар аз 40% гузаштааст ва роҳи ҳалли ин мушкил азнавсозии шабакаҳои барқрасонӣ зарур аст. Зеро инак талафоти фаннии барқ ба 17 дарсад расидааст. Коршиносон пеш аз ҳама кӯҳнагии техникаҳоро сабаби инкишоф наётани соҳаҳо медонанд».

Коршиносон бар ин назаранд, ки дар вазъи кунуни Тоҷикистон, шароите барои вуруди ширкатҳои сармоягузор вуҷуд надорад. Ҳамчунин онҳо мегӯянд, ки бояд  нерӯгоҳҳоии барқӣ - обии кишвар ба монанди "Норак" навсозӣ гарданд то сармояҳои харҷ шуда самараи худро нишон диҳанд. Ба андешаи коршиносон давлат метавонад бо бастани созишнома бо дигар кишварҳо технология ва фановариҳои навтаринро ба Тоҷикистон ворид намояд. Инҷо давлат танҳо бояд нақшаи онро ба соири мамолик пешниҳод намояд.

Дар ҳамин бора иқтисоддон Алиқул Атағанов тракторҳои амалкунанда дар соҳаи кишоварзиро кӯҳна дониста тавони молии хоҷагиҳои деҳқониро барои хариди тракторҳони нав нокифоя арзёбӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, «барои ҳамин хоҷагиҳои деҳқонӣ бавоситаи лизинг таҷҳизоту техникаҳои заруриро мехаранд. Барои таъмини корхонаҳои саноъатӣ - истеҳсолии Тоҷикистон бо таҷҳизоту техникаҳои нав, бояд лизинги молиявӣ ё байналмилалӣ гирифта шавад. Бо ин кор ҳарчанд қарздор мегардем, аммо қарзҳоро дар тӯли муддати муайян боз мегардонем». Номбурда мӯътақид аст, ки ҳукумат метавонад ба воситаи бастани шартнома, техникаву таҷҳизот ва технологияҳои истеҳсолиро дарёфт кунад. Агар ин кор роҳандозӣ гардад, фазои соҳибкориву сармоягузорӣ беҳтар мешавад ва ҳамроҳи он қудрати истеҳсолии корхонаҳо афзоиш меёбаду сатҳи бекорӣ коҳиш.

Алиқул Атағанов мегӯяд, ки давлат ҷуз гирифтани лизинг ва ё ҷалби сармоягузорӣ дигар роҳе барои муҷаҳҳазгардонии корхонаҳо бо техника надорад. Ба андешаи ӯ, шароити геополитикӣ ва қонунҳои кишвар барои ҷалби сармоя ва таҷҳизоту техникаҳои муосир мувофиқат намекунанд. Давлат барои таъмини хоҷагии қишлоқ ва корхонаҳои саноъатии Тоҷикистон бояд талош кунад.

Роҳи ҳал дар ислоҳи қонунҳо ва сиёсатҳост?

Коршиносон бар ин назаранд, ки қонунҳо ва сиёсатҳои амалкунанда дар кишвар омили муҳимтарини ворид нагаштани таҷҳизоту техникаҳои нав, пайдоиши фазои сармоягузории номуносиб ва ҳатто боиси инкишоф наёфтани соҳаи туризм гаштааст.  Вале дар сурати роҳандозии барномарезии дуруст, ин соҳа ба яке аз сердаромадтарин соҳаҳо табдил хоҳад ёфт. Аммо дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон фазои мусоиди ҷалби туристон фароҳам нест. Чунончи ҳаминак бештари роҳҳои кишвар харобанд, меҳмонхонаҳо ва дигар ҷойҳои дидании Тоҷикистон ба меъёрҳо ҷавобгӯ нестанд. Маконҳои фароғативу тафреҳӣ ва низ биноҳо ё осорҳои таърихии кишвар бисёр каманд. Соҳаи туризм аз он ҷиҳат муҳим аст, ки чанде аз кишварҳо 50 - 60 дар сади даромади буҷеташон аз соҳаи туризм таъмин мегардад. Аммо дар хусуси биноҳову мақбараҳои таърихӣ бошад коршиносон мегӯянд, ки бояд таърихро ба воситаи осорҳои таърихии ҷойгирбуда дар дохили кишвар ба сайёҳон нишон дод. Зеро ҳамакнун таърихро танҳо дар китобҳо метавон диду бас. Онҳо фароҳам овардани туризми истироҳатиро ба ҷои туризми ҷаҳонгардӣ барои Тоҷикистон муфид медонанд.

Сиёвуш Қосимзода

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)