Бахшҳо
06 апр 2012 07:04Иҷтимоӣ

Бачаҳои "Гастербайтерҳо" 20-сола шуданд

Оё дар бист сол барои беҳтар гардидани вазъ чорае дидаем?

Нахустин насли муҳоҷирони тоҷик 20 сола шуд. Яъне мустақил гардид. Ин ҳамон насле мебошад, ки волидонаш 20 сол қабл барои дарёфти қути лоямут барои худ ва оила тарки ватан намуда, ҳиҷрат ба кишвари Русия карда буданд. Инак аз он расо 20 сол пур шуд ва ҳанӯз як қисмате аз ин насл дар ҳират мебошанд. Гарчанде 14 сол аз ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқлолияти давлатӣ пур шуда бошад, ҳам то ҳанӯз масъалаи таъмини ҷойи кор барои аҳолӣ ва проблемаи муҳоҷират боқӣ мондааст. Яъне имрӯз низ қисмате аз аҳолии кишвар дар  Русия ба ҳайси "гастербайтер" зиндагӣ ва фаъолият доранд. Барои таъмини амнияти эшон кумитаву созмонҳои ҷамъиятӣ ташкил гардидаанд. Аммо то имрӯз садҳо тобути муҳоҷири тоҷик ба кишвар интиқол ёфтааст. Инчунин дар аксар маворид муҳоҷири тоҷик бо пулиси Русия ба мушкилӣ дучор мегардад. Агар бархе соҳибназарон  инро дар надонистани ҳуқуқҳои худ аз тарафи муҳоҷирон арзёбӣ намоянд, қисмати дигар бар онанд, ки муҳоҷири тоҷик фишанге шудааст, ки дар маврдиҳои зарурӣ кишвари дӯст ва шарики старетгӣ аз онҳо истифода мебарад. Таҳлилгарон мисоли инро ба мушкилоти шадид қарор гирифтани муҳоҷирони тоҷик пас аз ҳукми ду халабон арзёбӣ мекунанд. Аммо масъала он аст, ки  ин қисмати аҳолӣ, ки дар Русия тақрибан ба ҳисоби омори расмӣ 600 ҳазор  ва созмонҳои ғайридавлатӣ ҳудуди  як миллионро ташкил медиҳанд, дар раванди миллатсозӣ чӣ таъсире дошта метавонанд?

Албатта, барои ба муҳоҷират рафтани сокинон наметавон онҳоро айбор намуд. Зеро наёфтани ҷойи кори муносиб дар кишвар ва барои пеш бурдани зиндагӣ ва таъмини  оила   онҳо чунин "иқдом"-ро муносиб медонанд. Ва нахуст агар паҳлӯи мусбати масъаларо пайгирӣ намоем, онҳо аз роҳи муҳоҷират бори вазнини зиндагиро ба дӯши худ мегиранду таъмингари асосии оила мешаванд. Аммо мусофирати дуру дароз ва дурӣ аз ватан ба оилаи эшон ва ба раванди миллатсозӣ дар ҷомеаи тоҷик бетаъсир буда наметавонад. Чун имрӯз агар ба музофот назар афканем зани тоҷик ҳам масъулияти падарӣ ва ҳам модариро иҷро менамояд. Тақрибан тамоми корҳои вазнини оила ба дӯши зан вогузор шудааст. Зеро дар қисмате аз оилаҳо мардон дар муҳоҷират мебошанд ва масъулияташонро ба завҷаи худ вогузор намудаанд. Таҳлилагрон ба он ишора мекунанд, ки гарчанде имрӯз зани тоҷик тавонистааст, масъулияти падариро бар дӯш бигирад, аммо будани мард дар оила ҳатмист. Зеро муносибати падарӣ ва таъсири он ба оила ва фарзандон муҳим мебошад. Дар  ҳамин маврид дар муҳоҷират будани марди тоҷик ва таъсири ғайрифаъоли ӯ дар раванди ташаккул ва тарбияи фарзанд, ба он овардааст, ки имрӯз қисме аз коршиносон сабаби ба ҷиноят даст задани наврасон ва ҷавононро ба ин вобаста медонанд.

Тоҷиддин Ҷалолов, роҳбари ташкилоти ҷамиятии ҳуқуқи кӯдак ба хабаргузории "Озодагон" гуфтааст: "Сабаби асосии ба ҷиноят даст задани ноболиғон, ин ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудани волидони онҳо мебошад". Номбурда муътақид аст, ки аз набудани падар ё модар дар оила ноболиғон бе назорат монда, даст ба дигар корҳо мезананд.

Аммо зимнан як таҳлилгари дигари тоҷик муқобили ин гуфтаҳо буда, бар он бовар аст, ки сабаби аслӣ ва усулии ҷинояткорӣ миёни кӯдакон ва наврасон дар муҳоҷират будани волидайни онҳо буда наметавонад. Зеро имрӯз  ба назар мерасад, ҷавононе низ даст ба корҳои  номақбул мезананд, ки волидайни эшон болои сарашон мебошанд.

Ҳамзамон нуктаи дигари масъала он аст, ки барномаи ЮНИСЕФ-и Созмони Милал,  фарзандони муҳоҷиронро пас аз анҷоми пурсише "саркаш, осебпазир ва таҳдиде ба ояндаи субот дар ҷомеа" ном бурда,  далели инро дар дур будани волидайн аз фарзандони маънидод кардааст. То кадом андоза ба таҳқиқоти ин созмон бовар кардан ва ё накарданро ба дӯши хонанда во мегузорем. Аммо паҳлӯи дигари асосӣ ва муҳими проблема дар он аст, ки насли нави музофот зери таъсири идеологияи занона шакл гирифта истодааст, ки ин ба ояндаи ҷомеа бетаъсир буда наметавонад. Яъне дар қисме аз оилаҳо дар музофот шахси рақами як дар оила-падар  дар ҳиҷрат мебошад ва фарзанд ҳамеша зери таъсири занона яъне-модар ташаккул меёбад ва ин ба зершуури ӯ  нақш мегузорад. Инчунин дар кӯча ва мактаб низ наврас бештар бо идеологияи занона дар ҳоли шакл гирифтан қарор дорад. Зеро маоши начандон муносиб муаллимро маҷбур ба муҳоҷират кардааст. Ва имрӯз аз муаллим дида дар аксар макотиб шумори муаллимаҳо зиёд мебошад. Яъне наврас ва кӯдак, ки идрокаш замони мактабхонӣ шакл мегирад, дар муҳити занона инкишоф меёбад.

Як ҷиҳати манфии масъала он аст, ки имрӯз муҳоҷират барои қисмате аз кӯдакон ҷои интихоби касбро иваз намудааст. Ёд дорам замони мактабхонии мо пурсиши интихоби касб гузаронида мешуд ва ҳар як хонанда вобаста ба завқу хоҳиши худ касберо интихоб менамуд. Аммо имрӯз таъсири муҳоҷират то андозае ба бештари кӯдакон ва наврасон  таъсир намудааст, ки ҳангоми пурсиши интихоби касб як посухро метавон интизор шуд: "Ба Русия мерам!" Ва агар суол гузорӣ, ки чаро? Чунин посух медиҳанд: "Рафта кор мекунам, мошин ва зан мегирам". Яъне аз хурди аллакай дар майнаи сари кӯдак ин фикр ҷой гардидааст, ки бояд барои зан ва мошин гирифтан ба Русия равад. Агар имрӯз кӯдаки аврупоиву амркиоӣ дар дил орзуи фатҳи кайҳонро дошта бошад, кӯдаки музофотии тоҷик ояндаи худро дар муҳоҷират мебинад.

Дар бархе аз доиарҳо махсусан сари кӯчаю роҳҳо баъзан шунида мешавад, ки мардум мегӯянд, муҳоҷират ҳам ҳаст, хуб, вагарна чӣ кор мекардем? Аммо набояд фаромӯш сохт, ки   ба муҳоҷират рафтани мардуми зиёд ин роҳи ҳали мушкилот буда наметавонад. Зеро ахиран ҳатто роҳбари намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон Зайнал Гаҷиев дар як вохӯрӣ бо вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимов гуфтааст, ки амнияти муҳоҷиронро таъмин карда наметавонанд.

Коршиносон бар он назаранд, ки дар баъзе маворид будани муҳоҷират бад нест, аммо он 600 ҳазор нафаре, ки омори расмӣ тасдиқ кардааст, статуси табааи Тоҷикистонро доранд ва як рӯз бояд ба кишвар баргарданд. Ҳатто пас аз 20 ва ё 30 солаҳо ҳам бошад. Барои ин мебояд аз қабл шароити кориро барои эшон дар кишвар муҳайё сохт, то ҳангоми баргаштани онҳо ба мушкилӣ мувоҷеҳ нагардем. Инчунин ишора ба он мекунанд, ки гарчанде ин табаа маблағи кофие аз муҳоҷират ба даст меоранд, аммо боигарии асосии худ ва ҷомеа - саломатиро аз даст медиҳанд.   Агар мехоҳем як миллати воқеан солим созем, бояд аз пайи кам намудани шумори муҳоҷирон шавем.

Наврӯз Қурбонзода

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)