Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:29

Фармонзода: Фазои соҳибкории кишвар ба як ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад

6 апрел 2012, 12:25

Гуфта наметавонем, ки тули 20 сол қонунҳое қабул шудаанд, ки дар рушди соҳибкорӣ мусоидат мекунанд.

Масъалаҳое, ки барои тавеаи соҳибкорӣ монеа эҷод мекунанд, ин дастгирии ночизи соҳибкорон дар бахши истеҳсолот ва меъёри баланди андоз аст. Мо бояд меъёрҳои имтиёзнок қабул кунем. Ин нуктаро Домуллоҷон Ҷабборов, аъзои парлумони кишвар, имрӯз, 6-уми апрел зимни ҳамоише бо номи «Мушкилот ва дурнамои рушди соҳибкорӣ дар бахши ҳақиқии иқтисоди Тоҷикистон» иброз дошт. Номбурда аснои суханронӣ дар ин ҳамоиш  қайд намуд, ки ҳамаи қонунҳое, ки вобаста ба бахши соҳибкорӣ дар замони Шӯравӣ қабул шудаанд, бояд таҳрир карда шаванд.

 

Дар ин нишаст, асосан мушкилоте, ки феълан дар рушди соҳибкорӣ монеа эҷод мекунанд, хусусан низоми андозбандӣ, имтиёзи соҳибкорон ҷиҳати дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ, рушди соҳибкории истеҳсолӣ, дастгирии давлатӣ ба бахши хусусӣ, таҳрири бархе аз қонунҳое, ки ҳануз аз замони Шӯравӣ боқӣ мондаанд ва дар ин замина мусоид намудани фазои соҳибкорӣ дар кишвар, баррасӣ гардид.

Кибриё Уроқова, намояндаи Бонки миллии кишвар, роҷеъ ба таъсири рушди низоми бонкӣ дар тавсеаи соҳибкорӣ сухан карда гуфт, ки қарзҳои додашудаи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ дар соҳаҳои мухталиф дар моҳҳои январ- феврали соли равон 642,4 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин нишондод 461,0 миллионаш ба бахши соҳибкорӣ рост меояд. Номбурда ҷиҳати беҳтар намудани шароити қарздиҳӣ барои рушди соҳибкорӣ чунин омилҳои роҳандозишударо дар кишвар таъкид намуд: «Паст намудани меъёри бозтамвил 9,8% то 9,0 (аз моҳи феврали соли 2012),  коркарди санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба муҳайё намудани шароит барои қарздиҳӣ, кушодани сохторҳои хизматрасонӣ ва қарздиҳӣ дар манотиқи дурдаст ва кӯҳистони ҷумҳурӣ, пурзӯр намудани назорат аз болои беҳтар кардани хизматрасонии бонкӣ». Кибриё Уроқова афзуд, ки ба ҳолати 1-уми январи соли 2011 дар кишвар 139 ташкилоти қарзӣ фаъолият мекунад, ки ин нишондод нисбат ба соли 2010-ум 7% афзоиш ёфтааст, аз ҷумла 15 бонк, 2 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 34 ташкилоти амонатии кредитии хурд, 43 ташкилоти қарзии хурд, 45 фонди қарзии хурд.

Бархе аз коршиносони масоили бонкдорӣ мегӯянд, айни ҳол  дар низоми бонкдории кишвар мушкилиҳое ба назар мерасанд, ки дар рушди соҳибкорӣ таъсири худро мерасонад. Масъулини Бонки милли Тоҷикистон мегӯянд, мушкилоти асосии низоми бонкӣ ин боварии нокифояи аҳли ҷомеа ба бонкҳо, хусусан риояи сусти тартиби махфияти маълумот, сифати пасти хизматрасонии бонкҳо, нагузаронидани индексатсияи пасандозҳои қаблан дар бонкҳо нигоҳдошташуда, сатҳи пасти миёнаравии молиявӣ ва дастрасии захираҳои қарзӣ, аз ҷумла хароҷоти зиёди хизматрасонӣ, сатҳи баланди фоиз барои пасандозҳо, маҳдуд будани фаъолияти бозори молиявӣ ва ҳамчунин рақобати маҳдуд дар бонкҳо мебошанд. Ба қавли Табаралӣ Ғаниев, профессори илмҳои иқтисодӣ яке аз проблемаҳое, ки дар рушди соҳибкорӣ вуҷуд дорад, мавҷуд набудани иттилооти касбӣ барои соҳибкорон ва истифодаи технологияи навин дар фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Гузашта аз ин, номбурда иброз медорад, ки ҳавасмандкунонии соҳибкорон низ дар кишвар ба назар намерасад.

Гурӯҳе аз соҳибназарон рушд наёфтани бахши соҳибкориро дар роҳандозӣ нагардидани ислоҳоти ҷиддӣ дар ин самт арзёбӣ мекунанд. Муҳаммад Фармонзода, таҳлилгари масоили иқтисодӣ дар суҳбат ба хабаргузории Озодагон иброз намуд, ки фазои соҳибкории кишвар воқеан ба як ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад: “Бо вуҷуди он ки ҳукумат дар ин самт барномарезӣ дорад, вале чандон ба нафъ нест. Ба хотири рушди соҳибкорӣ ҳукумати Тоҷикистонро лозим аст, то ислоҳотро дар умури қонунгузории бонкиву молиявӣ ба роҳ монда, системаи молиявиро ҷойгузини системаи иқтисодӣ намояд». Ба қавли ин ҳамсуҳбати мо барои ислоҳи вазъ корҳои зеринро бояд анҷом дод: Манъи воридоти маҳсулоте, ки дар дохили кишвар онро истеҳсол мекунанд; дуруст ба роҳ мондани сиёсати иқтисодии молиявӣ; Аз 5-6 дар сад боло набурдани фоизҳои бонкӣ барои соҳибкорони истеҳсолкунанда ва дар доираи имконоти бозоргонӣ муайян намудани тарифаҳои молиётӣ.

Алишер Зарифӣ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!