Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 11:02

Шокирҷон Ҳакимов: Ҳатто барои ҳаҷ пора мегиранд

6 апрел 2012, 13:08

Дар Тоҷикистон ахиран масоили нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва риоя нашудани талаботи қонунҳо бештар матраҳ мешавад.

Ҳолатҳои нобоварӣ ба мақомоти судӣ низ аз мавзӯъҳоест, ки пайваста дар саҳифаҳои расонаҳои мустақил матраҳ ва баррасӣ мегардад. Аз ҳолатҳои ба додгоҳҳои байналмилалӣ муроҷиат кардани шаҳрвандон низ хабарҳо мерасанд. Дар робита ба ин вазъ хабарнигори «Озодагон» бо Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва муовини райиси ҲСДТ сӯҳбати кӯтоҳе анҷом дод.

Озодагон: Имрӯзҳо ҳолатҳои нобоварӣ ба қонунҳо ва нигаронӣ аз поймол шудани ҳуқуқи шахс зиёд ба мушоҳида мерасад. Шумо ҳамчун як ҳуқуқшинос сабаби чунин ҳолатҳоро дар чӣ мебинед?

Шокирҷон Ҳакимов: Сабаби  асосии нобоварии мардум ба қонунҳо аз моҳияти давлатдории мо ва тарзу усули идораи он вобастагӣ дорад. Қонунҳоро мақомоте қабул менамоянд, ки асосан манфиатҳои як ҳизбро ҳимоя мекунад. Музокираҳои парламентӣ бо ҷалби намояндагони ҳизбҳои мухолиф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин коршиносони эътирофшуда, новобаста аз мавқеи шаҳрвандии онҳо вуҷуд надорад. Дар натиҷа қонунҳо номукаммал буда, ормонҳои шаҳрвандонро ба инобат намегиранд. Конститутсия низ мукаммал нест. Бинобар ин усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар амал тадбиқ нашудааст. Вакилон ва парлумон рисолати худ ва таъиноти иҷтимоияшонро ҳамчун мақомоти олии қонунгузорӣ ва намояндагӣ ба анҷом расонида натавониста истодаанд. Тартиби интихоб, таъин ва тасдиқи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шарту шароитеро муҳайё кардааст, ки онҳо масъулияти худро дар назди парлумон эҳсос намекунанд. Ин ва дигар омилу сабабҳо боиси нобоварӣ ба қонунҳо дар ҷомеа шудаанд.

Озодагон: Қонун барои  мардум ва мақомот вобаста ба соҳаҳои мухталиф ба тасвиб расида ва ӯҳдадориҳо пешбинӣ шудааст. Аммо бештари мардум чун шахс наметавонад аз ҳукми мақомоти судӣ нисбати қазияи ба сараш омада қонеъ шавад, пас ба созмонҳои байналмилалӣ рӯй меорад. Ҳоло чӣ бояд кард, ки адолати судӣ риоя гардад?

Шокирҷон Ҳакимов: Сатҳ ва дараҷаи риояи ҳуқуқи шахс дар Тоҷикистон аз будани иродаи сиёсӣ, эътирофу риояи арзишҳои демократӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, коррупсия ва озодии сухану матбуот ва рақобат дар ҳамаи соҳаҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ вобастагӣ дорад. Воқеан, боиси таассуф аст, ки дар Тоҷикистон меъёри муқарраркунандаи омодагии шаҳрвандон ба таҳаввулотҳои демократӣ роҳбарони дар сатҳҳои мухталифи ҳокимияти давлатӣ кору фаъолият дошта мебошанд. Мушоҳидаҳо ва таҳлилҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки баръакс дар натиҷаи нодуруст ва бар хилофи манфиатҳои миллӣ амалӣ намудани сиёсати кадрӣ асосан мардуми дорои масъулияти баланди миллӣ ва эҳсоси ватандустӣ мақоми расмӣ ва шоиста надоранд.

Дар  чунин вазъият албатта ҳуқуқи соҳибкор бинобар набудани шароити мусоид халалдор мешавад, ҳуқуқи эҷодкор ва олим бинобар будани сензураи ғайрирасмӣ риоя намешавад,  шаҳрвандон ҳаққи амалӣ кардани ҳадафҳои сиёсии худро надоранд, шахсони боистеъдод барои кор кардан дар мақомоти давлатӣ имконияту шароит надоранд, ҳатто кор ба дараҷае расидааст, ки барои сафар намудан ба Ҳаҷ пора мегиранд. Бо вуҷуди он ки ҳуқуқу вазифа ва ӯҳдадориҳоро қонунҳо муқаррар намудаанд, зимни тадбиқи онҳо шахсияти шаҳрванд, мақоми иҷтимоӣ, мансаби давлатӣ ва дороии онҳо ба инобат гирифта мешавад, ки аз ақибмонда будани мо гувоҳӣ медиҳад. Механизми муроҷиатро ба судҳои байналмиллалӣ созмонҳои марбута бидуни мувофиқа бо давлати Тоҷикистон муқаррар намудаанд. Ҳар чӣ бештар муроҷиат кардани шаҳрвандон ба чунин судҳо аз доштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон гувоҳӣ медиҳад.

Барои адолати судиро дар Тоҷикистон амалӣ намудан ба конститутсия ва қонунҳои мушаххас ислоҳоти ҷиддӣ бояд ворид карда шавад.

Озодагон: Назаре ҳаст, ки ниҳодҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ танҳо ба як гурӯҳи алоҳида хидмат карда истодаанд. Яъне, онҳо танҳо манфиатҳои мансабдорони сатҳи болоӣ ва сарватмандонро ҳимоя мекунанд ва парвои мардуми оддӣ надоранд. Шумо чӣ фикр доред?

Шокирҷон Ҳакимов: Вақте аксарияти парвандаҳои ҷиноятӣ ё баҳсҳои шаҳрвандӣ зимни баррасии онҳо ба фоидаи прокурор ё айбдоркунандаҳои давлатӣ ҳал мешавад, нишондиҳандаи он аст, ки дар Тоҷикистон адолати судӣ аслан нест. Чунин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки суд дар Тоҷикистон мустақил нест ва аз дастуру супориши мансабдорон вобастагӣ дорад. Инчунин, коррупсия дар ин мақомотҳо хеле зиёд ба назар мерасанд, вале назорати мардумӣ вуҷуд надорад.

Озодагон: Дар Тоҷикистон ҳамасола қонуни зиёд қабул мешавад. Аммо иҷрои он ба таври зарурӣ ба назар намерасад. Назорат аз болои иҷрои қонун ба ӯҳдаи кадом ниҳод бояд бошад?

Шокирҷон Ҳакимов: Тибқи қонунгузорӣ прокуратура бояд иҷрои қонунҳоро назорат намояд. Дар  маҳалҳо то як андоза сохторҳои мақомоти амниятӣ низ бо истифода аз усулҳои махсус иҷрои қонунҳоро назорат карда, ба мақомоти болоии худ гузориш медиҳанд ва ҳангоми зарурат президентро низ дар ҷараён мегузоранд. Ҳукумати марказӣ ва дигар мақомоти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ ҳаққи назоратро ба иҷрои қонунҳо доранд. Бо вуҷуди механизмҳои мавҷуда Тоҷикистонро ҳоло давлати ҳуқуқбунёд гуфтан мумкин нест. Зеро низоми ҳокимият дар ватани мо мукаммал нест.

Мусоҳиб Мавзуна Абдуллоева



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!