Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 01:36

Тарҳи аввалин қонуни пуштибони соҳибкорон

7 апрел 2012, 08:34

Давоми 20 соли охир дар Тоҷикистон ҳеч қонуне барои мусоидат ба рушди бахши хусусии соҳибкорӣ ба тасвиб нарасидааст.

Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо баргузории конфронси илмӣ-амалӣ масоили марбут ба бахши соҳибкориро мавриди баррасӣ қарор дод. Ба гуфтаи иштирокдорони конфронс дастрас набудани қарзҳои дарозмуддат ба соҳибкорон ва мавҷудияти рақобати носолим монеаи аслии рушди ин соҳа мебошад.  «Озодагон» тасмим гирифт, то бо ҳуқуқшиноси Маркази инкишоф ва дастгирии асосиатсияҳои Тоҷикистон  Сарвар Холиқов дар ин бора сӯҳбате анҷом бидиҳад.

Озодагон: Маркази инкишоф ва дастгирии асосиатсияҳои Тоҷикистон чӣ корҳоеро ҷиҳати мусоидат ба рушди соҳибкорӣ дар кишвар анҷом медиҳад?

Сарвар Холиқов: Солҳои охир ҷиҳати беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуд. Дар ин самт ҷиҳати боз ҳам рушд додани фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳимояи воқеии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо дар асоси пайёми раисҷумҳур ба парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Ќонуни Љумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ" таҳия гардида истодааст. Бо мақсади дастгирии соҳибкории хусусӣ кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гурӯҳи кориеро аз ҳисоби масъулини мақомоти дахлдор ва намояндагони ташкилоти байналмилалӣ ва бахши хусуси тартиб дод, ки банда низ аъзои он мебошам. Беш аз 6 моҳ мешавад, ки гурӯҳи корӣ барои таҳияи тарҳи мукамали қонун фаъолият доранд. Ҳамакнун тарҳи қонун аз ҷониби гурӯҳи корӣ такмил дода шуда истодааст, ки он нимаи аввали сол ба ҳукумати Тоҷикистон равона карда мешавад. Пас аз гирифтани ҷавоби мусбат тарҳи қонун ба парлумони кишвар фиристода шуда, шояд охири соли равон қонун «Дар бораи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ» мавриди амал қарор бигирад.

Барои ҳарчи зудтар фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ масъулини маркази мо тарҳи қонун «Дар бораи ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ»-ро таҳия намуданд. Тарҳи қонунро мо дар асоси пайёми раисҷумҳур ба парлумони Тоҷикистон таҳия намудем. Бо мақсади дастгирии соҳибкории хусусӣ кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гурӯҳи кориеро аз ҳисоби масъулини мақомоти дахлдор ва намояндагони ташкилоти байналмилалӣ тартиб дод. Беш аз 6 моҳ мешавад, ки гурӯҳи корӣ барои таҳияи тарҳи мукамали қонун фаъолият доранд. Ҳамакнун тарҳи қонун ба кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ фиристода шудааст. Вазифаи онҳо баррасӣ ва такмили ниҳоии тарҳи қонун мебошад. Қарор аст, қонуни мазкур нимаи аввали сол ба ҳукумати Тоҷикистон равона карда шавад. Пас аз гирифтани ҷавоби мусбат мо тарҳи қонунро ба парлумони кишвар хоҳем фиристод. Шояд охири соли равон қонун «Дар бораи ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ» мавриди амал қарор бигирад.

Озодагон: Ба назри шумо санади мазкур то куҷо метавонад ба рушди бахши хусусӣ мусоидат намояд ва чи мушкилот дар ин бахш вуҷуд дорад?

Сарвар Холиқов: Мушкилии аслии бахши хусусии соҳибкорӣ дар кишвари мо ин адами заминаи ҳуқуқии фаъолият мебошад. Ин маънои онро надорад, ки то имрӯз соҳибкорон ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд. Ин гуна ҳамкориҳо бар асоси кодекси шаҳрвандӣ танзим мегардид. Аммо мушкилот зиёд буд.

Муроҷиатҳои соҳибкорон ҳокӣ аз он аст, ки аксари онҳо баъди ба роҳ мондани ҳамкориву анҷоми вазифаҳояшон ҳангоми гирифтани ҳақи худ муҷозот мешуданд. Мо бояд ин гуна мушкилотро бартараф намоем. Илова бар ин дар сурати қабули тарҳи қонун метавон гуфт, ки он ҳамчунин ба рушди бахши иҷтимоии кишвар, сарфаи буҷаи давлатӣ мусоидат хоҳад намуд. Зеро, мутобиқи ин санад тамоми корҳои соҳибкорӣ ҳамакнун аз ҷониби гурӯҳи махсус назорат мешавад. Умедворем, ки ин санад ҳолатҳои шикасти соҳибкоронро коҳиш медиҳад.

Озодагон: Маъмулан дар Тоҷикистон соҳибкорони хусусӣ бо рақобати носолим рӯ ба рӯ шуда, пас аз муддати кӯтоҳ аз «майдон» хориҷ ва ё баръакс варшикаста мешаванд. Шумо зимни таҳияи санади мазкур кафолати ҳуқуқии фаъолияти соҳибкориро пешбинӣ кардаед?

Сарвар Холиқов: Ин яке аз самтҳои асосии фаъолияти мо ҳаст ва хоҳад буд. Зеро айни ҳол тамоми озмуну тендерҳо аз ҷониби ширкатҳои бо ном «худӣ» гузаронида мешаванд. Мо барои баргузории тендерҳо механизми нав ҷорӣ хоҳем намуд. Дар сурати дастгирии тарҳи қонун аз ҷониби парлумон, мо дарҳол Шӯро оид ба бахши хусусӣ таъсис хоҳем дод. Аъзои шӯро раҳбарияти 6 вазорату идораҳои давлатӣ таъин мешаванд. Ҳар пешниҳод роҷеъ ба бахши соҳибкории хусусӣ аз ҷониби Шӯро таҳлил мешавад.

Илова бар ин тарҳи қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, ки дар сурати манфиатдор будани аъзои Шӯро ӯ вазифадор аст, ки дар ҷаласа манфиати худро ошкор баён намуда, ҳуқуқи овоздиҳиаш низ бозпас гирифта шавад. Дар сурати риоя накардани ин муқаррарот он вазир ё раис ҳатман муҷозот хоҳад шуд.

Тарҳи мазкур заминаҳои ҳуқуқиро барои аз байн бурдани ҳароси соҳибкорон барои маблағгузории ин ё он бахш ё иншооте фароҳам меоварад.

 

Ҳумайрои БАХТИЁР

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!