Бахшҳо
10 апр 2012 05:14Гузориш

Чӣ тавр миллионҳо сомонӣ «ҳаққи ҳалоли сел» мешавад?

Мутаасифона, барои масъулини ҳукумати Тоҷикистон ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ расм шудааст, ки танҳо баъди воқеа, яъне зарар расидан ба аҳолӣ ва вайрон гаштани даҳҳо гектар заминҳои корам аз офату селзанӣ, дар пайи соҳилмустаҳкамкунӣ мегарданд ва доду фиғон мекунанд.

Аввали ҳамин моҳ бо далели бориши зиёд оби рудхонаи Сурхоб баланд гардида, дар баъзе аз мавзеҳои навоҳии минтақаи Кӯлоб зарари ҷиддӣ расонд. Сел дар рустои Қиблайии ҷамоати деҳоти Қушқия 7 манзили зистро ба пуррагӣ ба комаш бурда, зиёда аз 7 гектар замини кишоварзиро вайрон кард. Хушбахтона, талафоти моливу ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Он чӣ, ки бархе расонаҳои хабарӣ туъмаи сел гаштани беш аз 30 хонаи истиқоматиро дар ин русто хабар додаанд, андак воҳима буд. Аз чӣ бошад, ки ҳатто масъулини ноҳия низ ҳавасманди паҳн шудани ин гуна овозаҳо буданд. Неъматуллоҳ Темуров, муовини раиси ноҳия дар як сӯҳбати телефонӣ ба радиои «Садои Хуросон» иттилоъ додааст, ки 32 хонаи истиқоматии сокинони рустои Қиблайиро селоба ба пуррагӣ тахриб кардааст. Ҳол он ки бино ба иттилои аз ҳукумати ноҳия расида, дар ҳамин русто 41 оила ба сар мебурдаанд, ки тавре гуфтем, дар аввалин обхезӣ 7 манзили он хароб гашт. 25 хонаи дигарро, ки наздики соҳил будаву зери хатар қарор доштаанд, бо ташаббуси кормандони ҷамоати деҳот ва кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба ҷойи бехавф кӯчонида, маҳсулоти зарурии хонаҳоро низ канда ба соҳибонашон додаанд. Яъне, ин амалиёти пешгирӣ аз офат буд, ки бомуваффақият ба анҷом расид. Баъди 3 рӯзи селзанӣ бо ташаббуси раиси вилоят Ғайбуллоҳ Афзалов, ба сокинони русто 30 хайма-хонаҳои сайёр аз ҷониби кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи минтақаи Кӯлоб ва 10 хаймаи дигар аз ҷониби ташкилоти байналмиллалии Салиби Сурх кӯмак расонида шуд. Дар ҳоли ҳозир дар мавзеи офатзада ситоди махсуси ҳукуматӣ  ташкил ёфта, табибон барои кӯмак ба зарардидагон дар ҳолати омодабош қарор доранд. Тибқи иттилоъ, ҳанӯз ягон бемории сироятӣ миёни офатзадагон ошкор нагаштааст ва вазъият таҳти назорати қатъӣ қарор дорад.

Рустои Қиблайӣ дар наздики соҳили дарёи Сурхоб мавқеъ гашта ҳамасола хатари селзанӣ барои сокинони он таҳдид мекунад. Тибқи хабари ҳукуматдорон, барои пешгирӣ аз хатар ҳанӯз 20 сол қабл ҳукумати маҳаллӣ барои сокинон дар ҷойи бехавфтар, дар рустои Танобчӣ қитъаи замин барои бунёди хона ҷудо намуд. То имрӯз аҳолӣ барои кӯч бастан ташвиқот мешавад, аммо рустоиҳо намехоҳанд тарки мавзеъ намоянд. Бархе сокинон бошанд, мегӯянд, дар бораи тақсимоти замин барои хонасозӣ хабаре надоштанд.

Дар ҳамин ҳол, мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки руди Сурхоб дар масофаи даҳҳо километр эҳтиёҷ ба соҳилмустаҳкамкунӣ дорад. Агарчӣ ҳамасола бо фарорасии баҳор ва айёми селфароӣ заминҳои зиёд ва манзили зисти одамон дар рустоҳои наздисоҳилии навоҳии минтақа зарар мебинанд, аммо ҳамоно соҳилмустаҳкамкунӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда намешавад ва ҳамон саддҳои кучак ҳам бо аввалин селхезӣ вайрону валангор гашта, дигар қувваи ҳифзро гум мекунанд. Таври маълум ин оқибатҳои нохушро ба думбол дорад. Мутаасифона, барои масъулини ҳукумати Тоҷикистон ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ расм шудааст, ки танҳо баъди воқеа, яъне зарар расидан ба аҳолӣ ва вайрон гаштани даҳҳо гектар заминҳои корам аз офату селзанӣ, дар пайи соҳилмустаҳкамкунӣ мегарданд ва доду фиғон мекунанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар ин гуна маврид ҳазорон сомонии барои кӯмаки аҳолӣ ва саддгузории соҳилҳо ҷудо мешуда, ба коми сел мераванд. Ҳол он ки метавон ҳамон соҳилҳои хатарзоро дар тобистону тирамоҳ, ҳангоме ки оби рудҳо кам мегарданд, саддгузориву мустаҳкам намуд. Агарчӣ барои соҳилмустаҳкамкунӣ маблағи зиёд зарур аст, вале барои пешгирӣ аз нохушӣ метавон дар аввал соҳилҳои хатарзои рустову деҳоти наздисоҳилиро мустаҳкам кард. Аммо на тавассути ҳашар ва симтурҳои бо сангча пуркардашуда, зеро хатарро пешгирӣ мебояд, вагарна бо инчунин амалиёти ғайрикасбӣ ҳамасола дар дарёҳову обпартовҳо «соҳилмустаҳкамкунӣ» идома ёфтан мегираду миллионҳо сомонӣ маблағҳо «ҳақи ҳалоли сел» мегардад.

 

Аслиддин Достиев

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)