Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:19

Зафар Абдуллоев: Мо аз ҳар тараф вобаста ва ғуломи Русия ҳастем

10 апрел 2012, 06:22

Муддатҳост, ки бар сари пайвастани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) ва  Иттиҳодияи гумрукӣ баҳсҳо идома дорад.
Тоҷикистон аз пайвастан ба кадоме аз ин созмонҳо бештар манфиат мебинад? Посухи ин ва чанд суоли дигарро «Озодагон» аз Зафар Абдуллоев, иқтисоддони тоҷик, ки қаблан ин мавзуъро пайгирӣ кардааст, пурсид.


Озодагон: Пайвастан ба СҶТ ва ё Иттиҳоди гумрукӣ барои Тоҷикистон то чӣ андоза зарур аст?



Зафар Абдуллоев: Акнун раванди ҷаҳонишавӣ ҷарён дорад ва мо хоҳем нахоҳем ба доираи ин гуна муносибатҳо кашида мешавем. Барои ҳамин ногузир ҳастем то ба ин ё он созмон бипайвандем.


Аз сӯи дигар, минтақаҳову бозорҳо ва кишварҳо рӯз то рӯз зиёдтару бозтар мегарданд ва иштирок дар ин ҳамгироиҳо ҳатмист. Дар ҳоли ҳозир кишвари мо аз дигарон вобастааст. Дигар ин ки мо маҷбурем ба ин ё он созмон бипайвандем, ин бармегардад ба масъалае, ки бензину сӯзишвориву дигар маҳсулоти мавриди ниёзамонро дар дохили кишвар тавлид карда наметавонем, ки агар тавлид мекардем ниёзе ба пайвастан ба ҳеч созмоне набуд.


Озодагон: Аз он ҷо, ки Тоҷикистон дар муҳосираи иқтисодии Русия ва дигар ҳамсояҳо қарор дорад, пайвастан ба Иттиҳоди гумрукӣ метавонад ин мушкилотро ҳал кунад?



Зафар Абдуллоев: Дар ҳоли ҳозир агар Русия моро аз сӯзишвориву бензин маҳрум кунаду роҳҳои моро бибандад, бӯҳрони дохилии кишвар амиқтар мешавад, ҳатто имкони вуқуъи ҷанги дохилӣ ба вуҷуд меояд.


Агар аз пайвастан ба Иттиҳоди гумрукӣ шурӯъ мекардем, барои 2 миллион муҳоҷири кории мо дар ин кишвар хуб мешуд. Аммо дар шароити кунунӣ узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ бисёр мушкил аст. Зеро кишварҳое метавонанд ба ин иттиҳод дохил шаванд, ки бо Русия муносибати хуб дошта бошанд. Дар ҳоли ҳозир чун муносибати Тоҷикистону Русия хуб нест, наметавонем ба ин иттиҳод бипайвандем. Мо аз ҳар тараф вобаста ва ғуломи Русия ҳастем.


Озодагон: Оё дохилшавӣ ба СҶТ метавонад ақибмонии иқтисоди Тоҷикистонро ҳал намояд ва моро аз муҳосираи Русия раҳо гардонад?



Зафар Абдуллоев: Дар сӯҳбате, ки ман бо намояндагони бонки ҷаҳонӣ доштам, онҳо гуфтанд, ки кишвари мо ибтидо бояд то 5 сол ба Иттиҳоди гумрукӣ бипайвандад.



Озодагон: Тахминҳое ҳаст, ки Тоҷикистон бо ба миён кашидани мавзӯъи узвият дар СҶТ мехоҳад ба Русия фаҳмонад, ки вобастаи ин кишвар нест ва метавонад СҶТ-ро ба ҷои Иттиҳоди гумрукӣ интихоб кунад. Оқибат интихоби Тоҷикистон кадоме аз ин созмонҳо хоҳад буд. Оё Тоҷикистон монанди Қирғизистон СҶТ-ро ба Иттиҳоди гумрукӣ тарҷеҳ хоҳад дод?



Зафар Абдуллоев: Ба эҳтимоли зиёд Тоҷикистон ибтидо бо чанде дигар аз кишварҳо ба Иттиҳоди гумрукӣ мепайвандад ва баъд дастаҷамъона ба СҶТ дохил мешаванд.


Ман шахсан дӯст дорам то мо ба СҶТ пайвандем. Аммо кишвари мо шароити онро доро нест. Ҳарчанд моро ба ин созмон зуд қабул мекунанд, аммо зерсохтори иқтисоди Тоҷикистон ниҳоят заъиф аст. Бинобар ин дар ҳолати пайвастани Тоҷикистон ба ин созмон, назорати ҷиддии он аз болои кишвари мо оғоз мешавад. Кишвари мо имконияти иҷрои талаботи СҶТ-ро надорад ва дар сурати узвияти ба ин созмон ва иҷро нагардидани талаботи он, созмони мазкур метавонад сиёсатҳои дохили кишварамонро комилан дигаргун кунад.


Барои пайвастан ба СҶТ бояд фасод дар Тоҷикистон решакан гардад, аммо имрӯз тамоми қаламрави кишвар дар зери сояи фасод қарор дорад. Аз тарафи дигар, Русия бо истифода аз фишангҳои гуногун ба роҳатӣ иҷоза нахоҳад дод, то кишвари мо ба СҶТ дохил шавад. Аслан мо бояд ибтидо иқтисодиёти кишварро беҳбуд бахшем ва баъд ба ин гуна созмонҳо бипайвандем.


Сӯҳбати Сиёвуш Қосимзода



 


 


 


 


 


 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!