Бахшҳо
11 апр 2012 10:58Гузориш

Бонкҳо кай маблағҳои «Роғун»-ро бармегардонанд?

237 миллион сомонӣ маблағи аз фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун дар суратҳисобҳои депозитии шаш бонки Тоҷикистон ҷамъшуда, ки бояд то имрӯз аз ҷониби бонкҳо баргардонида мешуд, ҳанӯз пурра баргардонида нашудааст.

Вазорати молияи кишвар барои сари вақт барнагардонидани маблағҳо ба бонкҳои кишвар огоҳинома ирсол намуда буд.

Фирдавс Усмонов, як масъули вазорати молияи кишвар ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки дар асоси огоҳиномаи ирсолнамудаи вазорти молия ҷиҳати баргардонидани маблағҳо аз тарафи  бонкҳо, қисме аз маблағҳои саҳмияҳои Роғун баргардонида шудааст. Вале номбурда илова намуд, ки дақиқ гуфта наметавонад, то имрӯз чи миқдор маблағ, ки дар суратҳисобҳои депозитии бонкҳо қарор доранд, баргардонида шудаанд.

Вазорати молияи кишвар моҳи августи соли 2010-ум 157 миллион сомонӣ маблағҳои ҷамъшудаи аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро ба муддати як сол ба ихтиёри панҷ бонки хусусӣ гузошта буд, ки гуфта мешуд ин бонкҳо то моҳи августи соли 2011 ин миқдор маблағро бо фоидааш ба вазорати молия бармегардонанд. Вале бино ба маълумоти вазорати молия пулҳои Роғун дар вақти муайян гашта, баргардонида нашуд, ки ахиран вазири молия ба унвони бонкҳо огоҳинома фиристод.  Бонкҳое, ки маблағҳои Роғунро дар ихтиёр доранд-Агроинвестбонк, Тоҷиксодиротбонк, Бонки рушди Тоҷикистон, Тоҷпромбонк ва Фононбонк мебошанд. Ин бонкҳо дар моҳи августи соли 2011 дархост намудаанд, ки замони баргардонидани ин маблағ тамдид карда шавад. Дар натиҷа, бо дархости бонкҳо ва қарори Шӯрои нозирони нерӯгоҳи Роғун мӯҳлати баргардонидани пулҳо то 16-уми феврали соли равон таъин шуда буд.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)