Бахшҳо
11 апр 2012 11:30Гузориш

Бонки Рушд мизони таваррумро ташхис дод

Сатҳи таваррум дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар соли 2012, мувофиқи пешгӯии Бонки рушди Осиё 7.2 фоизро ташкил медихад.

 

Дар ин хусус зимни баргузории конфоронси хабарии Бонки рушди Осиё ба муносибати муаррифии «Шарҳи рушди Осиё дар соли 2012» дар шаҳри Душанбе зикр гардид. Ҳамчунин таъкид шуд, ки ин мизони таваррум нишондиҳандаи манфист. Ин дар ҳолест, ки сатҳи таваррум таи ду соли оянда дар Тоҷикистон 8,5-9 дар садро ташкил хоҳад дод.

«Бояд як нуқтаи муҳимро кайд кард, ки ҳар қадар сатҳи таваррум баланд бошад, ҳамон қадар дар мамлакат миқдори камбизоатҳо меафзояд»,  изҳор дошт Қаҳҳор Аминов, иқтисодшиноси намояндагии доимии БРО дар Тоҷикистон.

Ба андешаи иқтисодшиноси БРО, дар айни замон сатҳи таваррум дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ муътадил аст ва зарурати таъҷилӣ барои ба нумуъ овардани иктисодиёти ин кишварҳо нест.

Ҳамчунин, Аминов афзуд, ки андозаи хавф барои кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад зиёдтар аз пешгӯӣ бошад ва ин аз бисёр омилҳои дигаре, аз қабили офатҳои табиӣ, таназзули бозор ва вазъи сиёсии ин давлатҳо вобаста аст.

Намояндаи БРО қайд мекунад, ки баланд шудани сатҳи таваррум ба боло рафтани нархи маводи хурокворӣ боис мегардад. Дар ин замина, БРО ба кишварҳои минтақа, ки  буҷаи заиф доранд, тавсия медиҳад, ки  хазинадории давлатиро  пурқувват созанд, ҳамучунин ҳаҷми карздиҳо ба соҳибкорони хурду миёнаро афзоиш ва сиёсати ҳамкории фаъоли минтақавӣ ва дастгирии тиҷоратро такмил диҳанд.

 

Аз ҷумла, дар хусуси Тоҷикистон, гуфта шуд, ки дастгирии сатҳи баланди интиқоли маблағ ва инкишофи соҳаи кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва саноат, дар соли 2011 афзоиши даромади умумии дохилӣ ба 7.4% (дар соли 2010-6.5%) расид.

Барои комёб шудан ба инкишофи мустаҳками иқтисодӣ дар ояндаи миёнамуҳлат Тоҷикистон бояд монеаҳои ҷиддиро барои маблағгузории хусусӣ ва омилҳои монеасозро барои маблағгузории берунӣ бартараф созад, зикр кард, Ҷоҷӣ Токешӣ, намояндаи доимии Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон.

 

Тавре Ҷоҷӣ Токешӣ зимни баргузори конфоронси хабарии имрӯз дар шаҳри Душанбе  зикр кард,  Бонки Рушди Осиё, аз соли 1998 то ин дам барои Тоҷикистон  ба маблағи 860 миллион доллар ИМА карзҳои имтиёзнок, кумаки бебозгашти моливу техникӣ расонидааст.

 

 

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)