Бахшҳо
11 апр 2012 12:40Гузориш

Оё дар Тоҷикистон ҳукумати судӣ ва қонунбарор мустақиланд?

Бо гузашти 20 сол аз истиқлолият гуфта мешавад, ки ҳокимияти судӣ ва қонунбарор аз ҳокимияти иҷроия вобастааст.

Ба назари коршиносон далели ин ҳолат он аст, ки аксари аъзои парлумон аз ҳизби ҲХДТ мебошанд ва раисони судяҳоро ҳам президент интихоб мекунад.

Раҳбари Анҷумани миллии сиёсатшиносии Тоҷикистон Абдуғанӣ Маҳмадазимов дар ин бора мегӯяд, ки ду шохаи ҳокимияти судӣ ва қонунбарор аз ҳокимияти иҷроия сахт вобаста мебошад. Чунки раисони суди шаҳру ноҳияҳову вилоятҳоро президент таъин мекунад. Дар парламенти миллӣ ҳам қонунҳое қабул мегардад, ки тавассути президент 70 то 80 фоизаш тарҳрезӣ шудааст. Ба ҳамин хотир ин ду шохаи қонунбарор ва судӣ аз ҳокимияти иҷроия вобаста мебошанд.

Масъалаи вобастагии ҳокимияти судӣ ва қонунбарор аз ҳокимияти иҷроия назарҳои гуногунеро дар байни коршиносони соҳаҳои гуногун ба вуҷуд овардааст. Дар ин маврид ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, ки ҳокимияти судӣ ва қонунбарор аз ҳокимияти иҷроия сахт вобаста мебошад. Ба андешаи ӯ, дар давлатҳои демократӣ вақте қонуне пешниҳод мегардад, моҳҳо онро парлумон муҳокима мекунад ва бисёр вақт дархостҳои президент қабул намегардад. Аммо дар мо ба далели набуди шаффофият дар фаъолияти парлумон ҳар қонуне, ки аз тарафи ҳукумат пешниҳод мешавад, ба осонӣ қабул мегардад: «то ҳол дида нашуда, ки лоиҳаи пешниҳодгардида аз тарафи ҳизби президент қабул нашуда бошад. Чун аъзои ин ҳизб дар парлумон зиёданд, қонунҳо ба роҳатӣ пазируфта мешаванд. Бо қотеъият мешавад гуфт, ки парлумони мо аз ҳукумати иҷроия итоъат мекунад. Ҳарчанд ин  шоха аз нигоҳи қонунӣ ҷудост».

Ҳукумати судӣ мустақил аст?

То кунун сарусадоҳои зиёде дар хусуси сар задани ноадолатиҳои судӣ дар кишвар шунида шудааст ва одамони зиёде аз дасти судҳо ба президент номаи «саркушода» навиштаанд. Ҳамаи ин иттифоқот, масъалаи мустақил набудани ҳокимияти судиро ба миён овардааст. Аммо ба ростӣ ин шохаи адолатгустар воқеъан мустақил аст?

Ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, ки ҳокимияти судӣ истиқлолият надорад. Зеро дар баъзе ҳолатҳо дида мешавад, ки судяҳо аз раисони ҳукумат итоъат мекунанд. Ҳарчанд ин расман ба чашм нарасад ҳам, вале ҳамеша ҳокимияти иҷроия аз болои ҳокимияти судӣ назорат мебарад. Бино ба гуфтаи номбурда, «дар расонаҳо ҳокимияти судӣ дар кучактарин масъалаҳо мавриди интиқод қарор мегирад ва судяҳо ҳам то кунун расман ин ҳарфҳоро инкор накардаанд, аммо иқрор шудаанд, ки ҳокимияти иҷроия ба онҳо таъсир мерасонад. Дар давлатҳои демократӣ судияҳо дар ҷойгоҳи аввал қарор доранд ва касе ё ниҳоде, аз ҷумла ҳукумат, наметавонад болои онҳо фишор биёрад, зеро судҳои он кишварҳо то як умр мустақиланд. Дигар ин ки дар Тоҷикистон ҳукумати судӣ ба далели масоили молӣ аз ҳукумат вобастааст. Зеро маоши онҳоро ҳукумат муъайян мекунад. Дар давлатҳои демократӣ вақте суд ба истеъфо ё нафақа меравад, бо нафақае, ки мегирад, зиндагии худро пеш бурда метавонад ва ниёзе ба гирифтани пора боқӣ намемонад. Аммо мо мебинем, ки судяҳои мо чунин имкониятеро надоранд. Вобастагии ҳокимияти судӣ ва қонунбарор аз ҳукумати иҷроия сабабҳои гуногун дорад».

Вобастагӣ аз ҳокимияти иҷроия чи таъсире доштааст?

Раҳбари АМСТ Абдуғанӣ Маҳмадазимов дар ин бора мегӯяд, «таъсири ин вобастагӣ бар руи ҳокимияти иҷроия ошкор шудааст ва ин шоха аз имкониятҳояш наметавонад ба таври васеъ истифода барад. Агар ҳокимияти судӣ ва қонунбарор аз шохаи иҷроия ҷудо мебуданд, равобити мо бо дигар кишварҳо махсусан ҳамсояҳоямон дар сатҳи байналмилалӣ беҳбуд меёфт ва масъулияти ҳукумати иҷроия дар ин байн афзоиш пайдо мекард».

Гуфта мешавад, ки вобастагии ҳокимияти судӣ ва қонунбарор таи ин 20 сол аз ҳукумати иҷроия таъсироти баде бар зиндагии мардум гузоштааст.

Ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова таъсири ин вобастагиро пеш аз ҳама дар зиндагии мардум зиёд медонад: «вақте шаҳрвандӣ оддӣ аз ягон мансабдору корманди давлатӣ шикоят мекунад, ҳама вақт масъала ба нафъи мансабдорон ҳал мешавад. Тасаввур кунед, ки фарде раиси ноҳияро ба суд диҳад, аз сабаби вобаста будани судя ба раиси ноҳия, раиси ноҳия дар ин байн бурд мекунад. Ҳамин ноадолатиҳои судист, ки мардум бештар ба журналистону президент руҷуъ мекунанд. Дар тамоми дунё мардум барои дарёфти ҳаққу ҳуқуқи худ ба суд муроҷиъат мекунанду дар Тоҷикистон ба журналистон. Албатта дар байни судяҳо ҳастанд нафароне, ки воқеъан аз ҳақ дифоъ мекунанд, аммо аксари судяҳои мо вобастаи ҳукуматанд, ки вобастагӣ хоҳем-нахоҳем дар иҷрои одилонаи кори онҳо таъсир мегузорад».

Вақте, ки Маҳмуди Аҳмадинажод барои бори дуввум интихоб гардиду вазирони кобинаи худро ба парлумон пешниҳод кард, моҳҳо бар сари таъиди вазирон дар парлумони Эрон баҳсҳову мунозираҳо дар хусуси салоҳият доштан ё надоштани онҳо идома дошт ва ниҳоят аз вазирони пешниҳодкардаи Аҳмадинажод, се нафари онҳо пазируфта нашуданд. Аммо дар Тоҷикистон дида нашудааст, ки боре парлумон вазирони пешниҳодкардаи президентро рад кунад.

Дар дигар кишварҳо дар парлумон президенту вазиронро барои додани ҳисобот ба маҷлис фаро хонда аз онҳо интиқод мекунанд. Пурлумони Қирғизистон ва ҳукумати судӣ комилан мустақил аст ва дар он кишвар ҳокимияти иҷроия ба ду шохаи дигари ҳокимият таъсир гузошта наметавонад. Ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова дар ин бора мегӯяд, «вақти дар Бишкек буданам омбудсмени он ҷо ба ман гуфт, ки дар парлумон дар назди вакилон аз президент ба далели ҷавоб надодан ба шикоятномааш интиқод кардааст. Вақте дар Қирғизистон муҳокимаи судӣ баргузор шуд, мансабдорони онҷо натавонистанд аз гирифтани ҷазо раҳо гарданд. Давлати Тоҷикистон бояд се шохаи ҳокимиятро ҷудо гардонад, зеро ин кор ба манфиати ҳар се шоха мебошад. Ба воситаи телевизион мебинем, ки дар соири кишварҳо вазиронро ба парлумон даъват карда аз онҳо ибрози норизоятӣ мекунанд. Аммо  вакилони парлумони мо озодона назари худро намегӯянд».

Коршиносон бар ин назаранд, ки вобастагии ду шохаи ҳокимият аз ҳокимияти иҷроия обрӯву имиҷи кишварро паст мезанад. Онҳо чунин мешуморанд, ки бояд аз болои ҳокимияти иҷроия назорати ҷиддӣ бурда шавад, ки ин кор танҳо бо мустақил гардидани ҳокимияти судиву қонунбарор муҳаққақ мешавад. Вале дар шароити кунунӣ оё заминаи чунин таҳаввуле дар Тоҷикистон фароҳам аст?

Сиёвуш Қосимзода

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)