Бахшҳо
13 апр 2012 11:33Фарҳангу адаб

РОК-Н-РОЛЛ: мусиқие, ки бо суръат рушд ва нузул кард

13 апрели соли 1954 Билл Хейли, овозхони амрикоӣ таронаи "Rock Around the Clock"-ро навишт. Маҳз ҳамин санаро ҳамасола ба унвони Рӯзи тавлиди рок-н-ролл ҷашн мегиранд.

Рок-н-ролл натиҷаи омезиши шеваҳои мухталифи мусиқии амрикоист. Қариб дар як вақт ду мусиқанависи барои ҳамдигар ноошно, ки яке сафедпуст буда, дигари қиёфаи африқоӣ дошт, ритм-эндблюз, буги-вуги, кантри ва госпелро бо ҳам омезиш доданд.
Дар натиҷа жанри тамоман наве дар олами мусиқӣ тавлид шуд.
Билл Хейли оғози солҳои 1950-ум дар таронаҳои ритмии худ аз шеваҳои оҳангии африқоиҳо фаровон истифода бурд. Ду оҳанги навиштаи ӯ дар моҳи апрели соли 1954 «Rock Around the Clock» ва «Shake, Rattle and Roll» дар маъруфияти оммавии рок-н-ролл нақши асосӣ бозид.
Бо вуҷуди он ки замони шурӯи ин шева дақиқ нест, мутахассисон бештарини вақт таронаи «Rocket 88»-ро, ки дар иҷрои гурӯҳи Айк Тёрнер моҳи марти 1951 навишта шуда буд, аввалин суруди жанри рок-н-ролл медонанд.

Гуфта мешавад, истилоҳи «рок-н-ролл» дар фаҳмиши муосири он аз ҷониби Алан Фрид, DJ-и маъруф аз шаҳри Кливлендаи иёлати Огайои ИМА ворид шудааст. Ӯ барои муаррифии мусиқии нав, ки он замон аз сӯи ҷомеаи муҳофизакори ИМА пазироии чандоне надошт, талоши зиёд кардааст.
Билл Хейли, Элвис Пресли, Чак Берри, Литл Ричард ва Фэтс Домино солҳои 1954-55 дар оҳангҳои худ шеваҳои мусиқии навро фаровон истифода мекарданд. Ҳар яке аз ин мутрибон ба мусиқии нав чизи ҷадиде ворид кардаанд.
Элвис Преслиро «Шоҳи рок-н-ролл» мешиносанд. Ҳанӯз дар соли 1956 оҳангҳои навиштаи ӯ насли ҷавони на танҳо Амрико, балки тамоми ҷаҳонро зери таъсири худ гирифта буд.
Баъди муваффақиятҳои тиҷории бесобиқаи Пресли рок-н-ролл ба зудӣ мавриди таваҷҷӯҳи филмсозон қарор гирифт.

Карл Перкинс, Ҷерри Ли Люстон, Бадди Холли ва Эдди Кокран ситораҳои нави рок-н-ролл дар солҳои 1956-1957 буданд. Мавқеи намоёнро дар таърихи рок-н-ролли мусиқавӣ Линк Рей бо оҳанги  «Rumble» касб кардааст. Авохири солҳои 1950-ум таронаҳои дар шеваи рок-н-ролл сабтшуда дар ИМА аз пурфурӯштаринҳо буданд.
Рок-н-ролли классикӣ бо суръат рушд ва рӯ ба таназзул ниҳод. Литл Ричард мусиқии попро дар соли 1957 баъди ду соли муваффақиятҳои аввалини худ канор гузошт. Элвис Пресли ба хидмати ҳарбӣ даъват шуда, баъди бозгашт дар соли 1960 ба филмбардорӣ машғул гардид. Бадди Ҳолли, Ричи Валенс ва Эдди Кокран солҳои 1959-60 вафот карданд. Чак Берри ба ҳабс кашида шуд. Сарояндаҳои дигари жанри рок-н-ролл бештар шеваҳои дигари мусиқиро баргузиданд. Ҳамзамон овозхонҳои муваффақи дигар низ дар жанри мазкур зуҳур карданд, вале барои тавсеаи амалии он муваффақ нашуданд. Оғози солҳои 1960-ум рок-н-ролл дар домани бӯҳрони ҷиддӣ қарор гирифт ва талошҳои чанд оҳангнависи маъруф низ натавонист онро аз ҳолати мазкур раҳонад.

Пои қадами рок-н-ролл дар СССР
Рок-н-ролли амрикоӣ миёнаҳои солҳои 1950 марзи Шӯравиро рахна кард, аммо шунавандаи зиёде надошт. Оғози солҳои 1960 дар кишварҳои назди Балтик, Маскав ва Ленинград (Санкт-Петербург) сарояндаҳои ангуштшуморе таронаҳои англисии жанри рок-н-роллро иҷро мекарданд. Мусиқии онҳо аслан ҳаваскорона буд. Дар сатҳи расмӣ рок-н-роллро сарфи назар мекарданд ва онро ба сифати таблиғи зидиғарбӣ ҳам фаровон истифода мебурданд.
Бо забони русӣ рок-н-ролл дар фаҳмиши анъанавии он авохири солҳои 1960-ум рушд кард. «Зоопарк» ва «Мифы» маъруфтарин гурӯҳи ин равия дар он солҳо буданд.
Солҳои 80-уми қарни гузашта гурӯҳҳои «Браво» ва «Секрет» рок-н-роллро дар қаламрави давлатҳои Шӯравӣ маъруф карданд.  

Тоҷикистон ва рок-н-рол
Дар Тоҷикистон ҳам рок-н-ролл шунавандаи худро дорад. Гурӯҳҳои махсуси рок-н-роллсаро низ мавҷуданд, вале маъруфияти зиёд надоранд. Ин гурӯҳҳо аслан дар маҳфилҳои вижа баромад мекунанд. Бархе мунақидони мусиқӣ мегӯянд, ин жанри ғарбӣ ба талаботи мусиқии мардум ҷавобгӯ нест. Ҳамин ҳарфҳоро як замон дар мавриди равияи дигар-РЭП фаровон истифода мекарданд, аммо бо гузашти чанд сол жанри мазкур дар санъати мусиқӣ ҷойгоҳи вижае касб намуд. Ҳоло хонандаҳои рэп дар бузургтарин толорҳои Душанбе барномаҳои консертӣ созмон медиҳанд ва теъдоди зиёди одамон ҳам барои дидани он мераванд. Шояд баъди чанд соли дигар рок-н ролл ҳам аз чунин маъруфият бархӯрдор мешавад?
Зимнан, рӯзи якшанбеи 15-уми апрел дар осорхонаи ба номи Гурминҷ Завқибеков Рӯзи рок-н-рол баргузор мешавад. Дар ин барнома гурӯҳи "Слёзы Солнца" ширкат хоҳад кард.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)