Бахшҳо
13 апр 2012 11:58Сиёсат

Кӣ хостори ҷанги Тоҷикистону Ўзбакистон аст?

Равобит ва муносибати Тоҷикистону Узбакистон танҳо пас аз сари қудрат рафтани роҳбарони ҳарду кишвар барқарор хоҳад шуд. Аз ҷониби дигар ин низои лафзӣ ба ҳаде расидааст, ки метавонад даргирии низомиеро дар пай дошта бошад, мегӯянд коршиносони рус.

Гурӯҳе аз коршиносони рус бо баргузории семинар "Тоҷикистон: монеаҳои аслии рушд" равобити Душанбеву Тошкандро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Ҳамоиши мазкур дар  маркази Карнегии шаҳри Маскав баргузор гардид. Азиз Ниёзӣ, масъули Маркази омӯзишии Осиёи Марказии донишкадаи шарқшиносии академияи улуми Русия гуфтааст, ки замина барои ҷанги ду кишвари ҳамсоя вуҷуд дорад. Узбакистон нерӯҳои худро дар марзи Тоҷикистон устувор намудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари Комёб Ҷалилов, масъули маркази тадқиқоти роҳбурдии назди раисҷумҳури Тоҷикистон пешбинии таҳлилгарони рус воқеъият надошта, чунин хулосабарориҳо ҳадафмандона расонаӣ мешаванд. Ҷанг миёни Тоҷикистону Узбакистон ғайриимкон ва ғайримантиқӣ мебошад.

"Ин гуна "таҳлил" танҳо ба хотири муташаниҷ кардани авзоъ паҳн мешавад. Набояд фаромӯш кард, ки баъзе аз давлатҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ хостори боз ҳам печидатар гардидани муносибати Душанбеву Тошканд ҳастанд. Онҳо аз чунин даргириҳо манфиат доранд".

Сиёсати ҷаҳонӣ чунин аст. Тамоми кишварҳо, гурӯҳҳои сиёсӣ танҳо манфиатҷуӣ мекунанд. Комёб Ҷалилов иддао дорад, ки Тоҷикистону Узбакистон аз ин беш фориғболӣ накарда, бояд ҳарчӣ зудтар сари мизи музокирот нишинанд.

Таҳлилгари масоили сиёсӣ Исмоил Раҳматов ин гуфтаҳоро ҷонибдорӣ намуда, ҷанги Тоҷикистону Узбакистонро аз эҳтимол дур медонад. Чунки ҳарду кишвар узви СҲШ, СПАД ва ИДМ-ву дигар созмонҳои байналмилалианд, ки онҳо низ ба низоъи Душанбеву Тошканд роҳ нахоҳанд дод. Илова бар ин пойгоҳи ҳарбии Русия бо 8 ҳазор низомиаш дар Тоҷикистон мустақар аст.

"Узбакистон ҳузури Русия дар Тоҷикистонро наметавонад нодида бигирад. Аммо ин маънои онро надорад, ки Тоҷикистон дар масоили низомӣ аз Узбакистон қавитар бошад. Барои ҳама рӯшан аст, ки буҷаи низомии Узбакистон дар қиёс бо буҷаи низомии мо 20 маротиаб бештар мебошад. Дар сурати низоъ Тоҷикистон ба зарбаи ҳамсоя беш аз 10 рӯз тоб намеорад".

Исмоил Раҳматов дар идома гуфт, ки Тоҷикистон ва Узбакистонро лозим аст, то ин мухолифатро бидуни даргириҳои низомӣ бартараф намоянд.

Аммо Маҳмадалӣ Ҳайит муовини раҳбари ҲНИТ мегӯяд, ки пешгӯии таҳлилгарони рус то ҷое асос дорад. Зеро ҷонибдорони собиқ фронти халқӣ-Маҳмуд Худойбердиев дар ин авохир бо пуштибонии Узбакистон фаъол ҳастанд. Фикр накунам, ки Узбакистон даъвои ноором кардани минтақаро дошта бошад. Дар сурати бесарусомонӣ дар Тоҷикистон, вазъи дохилии Узбакистон низ ноором мешавад, ки чунин авзоъ ба манфиати ҳарду кишвар латмаи ҷиддӣ ворид хоҳад кард, зикр намуд муовини раҳбари ҲНИТ.

Дар ҳамин маврид Исмоил Раҳматов таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, ки вазъияти ду кишвар рӯз то рӯз мураккабу ваҳим мешавад. Вазорати умури хориҷаи ҳарду икшвар набояд ба чунин вазъият роҳ медоданд. Аммо чун кор аз кор гузашт, ҳамакнун Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов бояд сари мизи музокирот нишинанд.

Зимнан муовини раҳбари ҲНИТ руасои ҳарду кишварро сабаби аслии чунин вазъият медонад. Ба бовари номбурда сардии муносибати Тоҷикистон ва Узбакистон омили субективӣ дорад. Ин сардӣ баста ба раҳбарони ду кишвар аст. Зеро дар ибтидо ҳукумати имрӯзаи конститутсионии Тоҷикистон бо истифода аз нерӯи Узбакистон ва пуштибонии бевоситаи Ислом Каримов сари қудрат омадааст. Мутаасифона, имрӯз мардуми тоҷику узбак гаравгони сиёсати он замон шудаанд.

"Агарчӣ дар гузашта раҳбарияти ҳарду кишвар бо ҳам сӯҳбатҳое доштанду шартномаву ваъдаҳои махфие байнашон буд, имрӯз мову шумо асари он шартномаҳоро ба хотири расидан ба қудрат чашида истодаем. Вазъият чунин боқӣ хоҳад монд. Танҳо дар сурати тағири сиёсат ва раҳбарони кишварҳо эҳтимол меравад ин сардӣ аз байн биравад".

Комёб Ҷалилов, масъули маркази тадқиқоти роҳбурдии назди президенти Тоҷикистон ин иддаоро беасос медонад. Ба бовари вай ҳеч ваъдахилофӣ ва аҳде ба ин монанд миёни президенти Тоҷикистону Узбакистон набудааст. Комёб Ҷалилов чунин даъвоҳоро дурӯғ номида, онро ҷузъе аз иғвоангезӣ миёни Душанбеву Тошканд арзёбӣ мекунад.

Вале Маҳмадалӣ Ҳайит ба суханони худ истодагарӣ намуда, мегӯяд, ки то замони тарки қудрат накардани ҷанобон- Раҳмон ва Каримов вазъият чунин боқӣ хоҳад монд. Аммо ин маънои онро надорад, ки миллати тоҷик ва узбак бо ҳамдигар биҷанганд.

Русия метавонад нофаҳмиҳо миёни Тоҷикистону Узбакистонро бартараф намояд. Он ҳам бар ивази дарёфти манфиатҳои худи Русия. Албатта Тоҷикистон ва Узбакистон мустақилона бидуни кишвари миёнҷигар метавонанд мушкилотро бартараф кунанд. Барои ин раҳбарони кишварҳоро лозим аст, ки кибру ғурурро сарфи назар намоянд. Агар Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов сари мизи музокирот нишинад, хоҷат ба анҷом сафарҳои бенатиҷа нест, мегуяд Маҳмадалӣ Ҳайит.

Маврид ба зикр аст, чунин мавқеъгирии коршиносони рус нахустин пешгӯии намояндагони кишварҳои ғарб роҷеъ ба эҳтимоли даргирӣ дар Тоҷикистон нест. Қаблан Луиза Арбур, раҳбари Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳроншиносӣ дар гузориши худ оид ба "Ҷангҳои соли оянда" Тоҷикистонро дар радифи 10 кишвари осебпазир ворид намуд. Ба гузориши хонум Арбур Тоҷикистон дар баробари таҳдидҳои амниятии дохилӣ ва хориҷие қарор дошта, тавони истодагарӣ бо чунин вазъиятро надорад.

Ҳумайрои Бахтиёр

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)