Бахшҳо
13 апр 2012 12:48Гузориш

Музокироти 8 қудрат бо Эрон ба Душанбе бетаъсир нахоҳад буд

Фардо, 14-уми апрел қарор аст дар шаҳри Истамбул музокироти гурӯҳ «5+1» бо Эрон оғоз шавад. Вузарои умури хориҷаи 8 кишвари саноатии ҷаҳон аз Эрон талаб кардаанд, ки бидуни шарту шароит дар музокирот ширкат намояд.

 

Дар Истамбул Эрон набояд шартгузорӣ намояд

Дар ин бора Шӯрои олии амнияти милии Эрон эълон дошт, ки дар поёнии ин ҳамоиш даври дуввуми музокирот эълон хоҳад шуд.

Вазирони умури хориҷаи «Ҷи 8» зимни мулоқот дар Вашингтон аз сарпечиҳои Эрон дар мавриди иҷро накардани ӯҳдадориҳо тибқи қатъномаи СММ ва дархости мудирони Оҷонсии Байналмилалии Энержии Ҳастаии вобаста ба СММ изҳори нигаронӣ кардаанд. Дар поёни мулоқот вазирони 8 кишвари саноатии ҷаҳон эъломияеро ба тасвиб расониданд.

Зимнан, Ҳилари Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико гуфтааст, ки музокироти Истамбул ба Эрон имкони посух гуфтан ба нигарониҳои байналмилалиро фароҳам меорад. Хонум Клинтон аз Эрон даъват кардааст, то ҳадафҳои худро ошкор намуда, аз барномаҳои ҳастаии худ даст кашад.

Эрон низ дар навбати худ эълон кардааст, ки ба сари мизи музокирот бо пешниҳодҳои ҷадид хоҳад нишаст.

Амрико ҳамеша аз он изҳори нигаронӣ дорад, ки Эрон бо баҳонаи ғанисозии уран силоҳи ҳастаи тавлид мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари Эрон барномаҳои ҳастаии онҳо ҳадафҳои сулҳомезона дорад.

Ихтилофи назар дар мавриди барномаи ҳастаӣ боиси таҳдидҳои пай дарпайи ҷаҳони Ғарб ба Эрон гардидааст. Аммо ин навбат ғарб ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз музокироти мазкур интизориҳои зиёде доранд.

Эрон сиёсати муваффақи ҷаҳонӣ дорад

Ҳикматулло Сайфуллозода, раҳбари маркази таҳлилии «Диалог» кишварҳои абарқудрат ва Ғарбро сабабгори аслии печидагии барномаи ҳастаии Эрон медонад. Зеро Эрон ҳамкориҳои худро бо Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаии шаффоф шуруъ карда буд. Гурӯҳе аз нозирони ташкилоти мазкур низ барномаи ҳастаии Эронро мавриди санҷиш қарор доданд. Иллати аслии нофаҳмиҳои Аврупову Амрико низ дар он аст, ки ба сатҳи дастовард расидани Эрон бо имконоти дохилиаш бовар надоштанд.

«Баргузории музокирот дар Истамбул аз он далолат медиҳад, ки сиёсати хориҷӣ, дипломатия, равобит ва коргузории Эрон муваффақ будааст. Дипломатҳои Эрон ҳамтоёни Ғарбӣ ва аврупоии худро барои нишастан сари мизи музокирот водор карда тавонистанд. Давоми солҳои зиёд Аврупову Амрико пайваста ба Эрон таҳдиду фишор мекарданд. Аммо Эрон ҳамеша хостори музокирот буд. Дар ниҳоят дипломатҳои Ғарбу Аврупо ночор барои баргузории музокирот тасмим гирифтанд».

Ҳикматулло Сайфуллозода аз он изҳори тааҷуб мекунад, ки дар ҷаҳон ба ҷуз аз Эрон кишварҳои дигар, аз қабили Покистон, Ҳиндустон, Корея, Исроил силоҳи ҳастаӣ вуҷуд дошта, ба эҳтимоли зиёд ҳатто Амрикои ҷанубӣ низ барномаҳои ҳастаии худро тарҳрезӣ намудааст. Аммо чаро то имрӯз ҳеч давлату созмони байналмилалие аз ин силоҳҳои ҳастаии ин кишварҳо нигаронӣ накарда, танҳо барномаи ҳастаии Эрон онҳоро ба ташвиш овардааст.

Музокирот ба муносибати Тоҷикистону Эрон таъсиргузор хоҳад буд

Зимнан, Мусо Асозода, таҳлилгари масоили сиёсӣ бар ин назар аст, ки баргузории музокироти мазкур метавонад муносибати ҷомеаи ҷаҳониро ба Эрон сад дарсад тағйир бидиҳад.

«Ба эҳтимоли зиёд музокироти мазкур ба таври мусбат анҷом ёбад. Эрон низ дар ин гуфтугӯ шояд гузаштҳое дошта бошад. Зеро ҷомеаи Ғарб метавонад Эронро дар муҳосираи иқтисодӣ қарор бидиҳад. Эрон низ ба хортири беҳбудии иқтисодиёти худ ба музокирот розӣ шудааст».

Мусо Асозода дар идома гуфт, ки натиҷаи музокироти гурӯҳи «5+1» ба Тоҷикистон низ аҳамияти хоса дорад. Душанбеву Теҳрон ҳамкориҳои зиёди иқтисодиву энержиро ба роҳ мондаанд, ки рушди ҳарчи бештари Эрон ба равобити ду кишвар таъсири мусбат хоҳад расонд.

Маврид ба зикр аст, Эрон ягона кишварест, ки то имрӯз дар баробари фишорҳои Узбакистон аз мавқеъгирии Тоҷикистон пуштибонӣ намудааст. Ихтилофи Эрону Амрико аз соли 1970, баъди инқилоби Исломӣ ва берун кардани накмояндагии дипломатии Амрико аз Теҳрон ба вуҷуд омадааст. Аз он ба баъд Эрону Амрико аз минбарҳои байналмилалӣ истифода карда, якдигарро барои амалҳояшон маҳкум мекарданд.

Зимнан, чанде қабл Исроил эълон намуд, ки дар сурати истодагарии Эрон таъсисоти ҳастаии ин кишварро мавриди ҳадаф қарор хоҳад дод. Теҳрон дар ҷавоб ба ин таҳдиди Тел-Авив гуфт, ки гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки роҳи аслии интиқоли нафти Ҳалиҷи Форс ба кишварҳои ҳориҷ мебошад, мебандад.

Аммо коршиносон ин таҳдидҳои Исроилро чандон ҷиддӣ қабул намекунанд. Ба бовари онҳо Исроилу Амрико ба ҳеч ваҷҳ ба Эрон ҳамла нахоҳанд кард.

Ҳумайрои БАХТИЁР

 

 

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)