Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:31

Дар Афғонистон дасти кам 20 ҳамлавари интиҳориро куштанд

16 апрел 2012, 05:12

Вазорати дохилаи Афғонистон мегӯяд, зимни даргириҳо дар музофоти Кобул, Пактиё, Лугар ва Ҷалолобод беш аз 20 ҷангии Толибон маҳв шудааст.

Ба гуфтаи Сиддиқи Сиддиқӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилаи Афғонистон бар асари  даргириҳои дирӯзи Кобул генерал Аҳмад Фаҳими Қоим, фармондеҳи нерӯҳои зудамали пулиси Кобул ва 10 тан аз сарбозонаш дар минтақаи Дор-ул-амон захмӣ шудаанд. Сиддиқӣ афзуд, ин низоъҳо танҳо ҷони як сарбози пулисро гирифта, ҳеҷ талафоти ғайринизомӣ надоштааст. Аммо бар асоси гузоришҳои ғайрирасмӣ, дар пайи даргириҳо се нерӯи амниятӣ, як пулис ва як ронандаи таксӣ кушта ва 23 ғайринизомӣ низ дар ҳамла ба Пактиё захмӣ шудаанд.

Ҳамлакунандагон ба меҳмонхонаи "Кобул стар" дар минтақаи дипломатнишини пойтахт чанд сафоратхона, аз ҷумла сафоратхонаҳои Олмон, Бритониё, Ҷопон, дафтари намояндагии НАТО, парлумон ва ҳамчунин кохи Раёсатҷумҳурии Афғонистонро мавриди ҳамлаи рокетӣ қарор доданд. Мақомоти амниятии афғон гуфтаанд, ки дар ин ҳамлаҳо касе осеб набардоштааст.

Гурӯҳи Толибон бо пазириши ҳамлаҳои дирӯз ба пойтахт ва манотиқи мухталифи Афғонистон гуфтаанд, ки "даҳҳо бомгузори интиҳорӣ"-ро ба Кобул, Пактиё, Лугар ва Ҷалолобод ҷиҳати анҷоми амалиёти харобкорона фиристодаанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳиллари Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико дар вокуниш ба ҳамалоти дирӯзи Толибон ба манотиқи мухталифи Афғонистон онҳоро "як гурӯҳи тарсӯ" номид.

Вазорати умури хориҷаи Эрон низ хамлаҳои рӯзи якшанбе ба марказҳои давлатӣ ва дипломатӣ дар Афғонистонро маҳкум кард.

Ромин Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон дар вокуниш ба хушунатҳои рӯзи якшанбе дар Афғонистон, изҳор дошт: «Теҳрон ҳамлаҳои терористӣ дар Кобул ва бархе дигар шаҳрҳои Афғонистонро маҳкум намуда ва танҳо роҳи ҳали мушкилоти амниятии Афғонистонро аз тариқи гуфтугӯ медонад».

Ин дар ҳоле аст, ки Кобул субҳи имрӯз низ бо садои чандин инфиҷори маҳиб аз хоб бедор шуд. Инфиҷорҳо ва тирандозӣ дар идомаи даргирии рӯзи гузаштаи нерӯҳои амниятӣ бо ҷангҷӯёни мусаллаҳи интиҳорӣ дар ду нуқтаи пойтахти Афғонистон мебошад.

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!