Бахшҳо
16 апр 2012 05:52Гузориш

Восеъ аз 100 солагии матбуоти тоҷик таҷлил кард

Дар миёни 22 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ё шояд дар ҳамаи ҷумҳурӣ ягона ноҳия буд, ки иди матбуотро дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифт.

Бо ташаббуси Султон Валиев, раиси ноҳияи Восеъ ба истиқболи 100 солагии рӯзи матбуоти Тоҷикистон, 14-уми апрел дар кохи фарҳанги ноҳия як чорабинии махсус бо унвони «Нури ҳунар» баргузор гардид.

Нахустин маротиба аст, ки раиси як ноҳия дар сатҳи баланд аз заҳмату меҳнати журналистони маҳаллаш ёдовар гашта ва чорабиниву маҳфили хусусӣ табдил медиҳад. Ҳанӯз 10-уми март ҳукумати ноҳияи Восеъ бахшида ба таҷлили якасраи журналистикаи тоҷик маросими ҷашнӣ доир намуда, кормандони матбуоти минтақаи Кӯлобро ба ҳам овард ва муборакбод гуфт. Барои эшон тӯҳфаҳои хотирмону пулӣ ҳам тақдим шуд.

14-уми апрел як гурӯҳи бузурги журналистон, ки дар радиову телевизион ва матбуоти давлативу ғайридавлатӣ дар шаҳри Душанбе кору фаолият мекунанд, бо даъвати ҳукумати ноҳия ба Восеъ омаданд. Ҳайати расмиро раиси иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ Акбари Саттор роҳбарӣ мекард. Пеш аз оғози чорабинӣ рӯзноманигорон аз иншоотҳои ба тозагӣ бунёдёфтаи ноҳия дидан карданд.

Маросими идонаро мудири шӯъбаи фарҳанги ноҳия, дар гузаштаи наздик яке аз журналистони боистеъдоди телевизиони Тоҷикистон Субҳон Раҷабов ифтитоҳ намуд. Баъдан, Султон Валиев, раиси ноҳия меҳмонон ва рӯзноманигорони маҳаллиро хайрамақдам гуфта, эшонро ба муносибати 100-солагии матбуоти тоҷик муборакбод кард. Ҷаноби Валиев ҳиссаи журналистонро дар самти пешрафти ҷомеа назаррас унвон карда, таъкид намуд, ки дар ин ҷода журналистони восегӣ низ ҳанӯз аз солҳои Шӯравӣ хизмати арзандаеро ба анҷом расонидаанд. Дар ҳоли ҳозир ҳам рӯзноманигорони восегӣ барои рушду пешрафти давлат фаъолияти нишонрас доранд. «Шумо аҳли суханед ва сухан бояд созанда бошад, на сӯзанда. Шахсан барои ман мақолаву гузоришҳои чӣ интиқодиву чӣ нишондоди пешрафт, агар воқеият дошта бошанд, мақбул аст. Баъди мақолаҳои танқидӣ кӯшиши бартараф намудани камбудиҳо мекунем»,-афзуд номбурда.

Дар чорабинӣ раиси иттифоқи журналистон Акбари Саттор баромад намуда, иқдоми ҳукумати ноҳияро болотар аз ҳар гуна қадршиносӣ унвон кард. Ӯ гуфт, ки ташаббуси раиси ноҳияи Восеъ бесобиқа аст. «Танҳо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи ҷашни 100 солагии матбуоти тоҷик тавониста буд як чорабинии хосаеро бо журналистони кишвар доир кунад. Дуруст аст, ки нишастҳои хоса дар сатҳи ҳукуматҳои вилоятҳо низ баргузор гашта буд, аммо аввалин маротиба аст, ки ҳукумати як ноҳия аз журналистони маҳаллаш арҷ гузоштаву ёди рӯзноманигорони собиқ мекунад». Акбари Саттор ба хотири эҳтиром ба раиси ноҳия Султон Валиев ва мудири шӯъбаи фарҳанг Субҳон Раҷабов нишониҳои 100 солагии матбуоти тоҷикро тақдим намуд.

Воқеан, Восеъ дар миёни 22 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, ё шояд дар ҳамаи ҷумҳурӣ ягона ноҳия буд, ки иди матбуотро дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифт. Гузашта аз ин, мавриди зикр аст, ки масъулини ноҳияи Восеъ фаолияти журналистони чӣ маҳаллӣ ва чӣ ҷумҳуриявиро қадр мекунанд. Дар ҳамаи вилоят ягона ноҳияест, ки ҳар нишасти матбуотӣ аввалан аз ҳаллу мушкилоти пешомадаи саволҳои рӯзноманигорон аз нишастҳои қаблӣ оғоз мегардад. Яъне, проблемаҳои бардоштаи журналистон ҳатман дар доираи ҳукумат ҳалҷӯӣ мегарданд.

Дар чорабинии ҷашнӣ аз Абдулҳай Мирзоев, яке аз аввалин рӯзноманигори восегӣ ва асосгузори газетаи маҳаллӣ ёд оварданд. Зимнан, ширкатдорон хостори таъсиси ҷоизаи махсуси маҳаллӣ ба номи Мирзоев шуданд. Ин ҷоиза қарор аст ҳамасола барои беҳтарин мақолаву гузоришҳои таҳлилӣ дода шавад.

Аммо, баъди маҳфил тасаввуроти журналистон аз чорабинии ноҳияи Восеъ ба гунаи мухталиф буд. Билоли Шамс, хабарнигори маҷаллаи «Бонувон» дар минтақаи Кӯлоб гуфт: «Гумон мекунам, ки баргузории маҳфили «Нури ҳунар» аз ҷониби ҳукумати ноҳияи Восеъро ба истилоҳ, як тарсе аз журналистон метавон унвон кард. Зеро тайи чанд муддат дар ВАО-и мустақил мақолаҳои интиқодӣ нисбат ба самтҳои гуногун дар ин ноҳия, чоп шуда буданд. Ба гумони ман, раиси ноҳия барои пешгирӣ аз инчунин маводҳо ҳамин «иқдомро» роҳандозӣ намуд. Зеро дар хуни мо, тоҷикон, инчунин хислат ҳаст».

Ба гуфтаи Билоли Шамс, аксарияти журналистони ноҳия ба ин бовар будаанд.

Аммо Аҳмади Иброҳим, яке аз дигар журналистони минтақаи Кӯлоб чунин изҳори андеша кард: «Шахсан дар доир намудани ин чорабинии арҷгузорӣ ягон тақаллубу хушомадзаниро аз ҷониби ташкилкунандагон ва хоса, раиси ноҳия эҳсос накардам. Бубинед, дар чорабинӣ кулли журналистони фаъолу камфаъоли восегӣ аз Душанбеву дигар шаҳру навоҳӣ даъват шуда буданд. Танҳо бо ибтикори дастандаркорони маҳфил, «аз бегонагон» раиси иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ Акбари Саттор, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Чархи гардун» Маҳмадалии Мақсадуллоҳ ва 2 тан аз журналистони кӯлобӣ даъват гашта буданд. Боқӣ ҳамагӣ восегиҳо буданду низ дар баромадҳояшон аз арҷгузории раиси ноҳия ва масъулини ҳукумати маҳаллӣ сипосгузорӣ намуданд».

Зимнан, Ҷонибеки Асрор, Раҷаби Мирзо, Нозирҷон Ёдгорӣ, Садриддини Ҳасанзод, Фатҳуллои Раҳматуллоҳ низ аз ин иқдом арзи сипос намуданд.

Кулли журналистони аз Душанбе омада, бо як рӯҳияи баланду хотири шоду фаромушнашаванда аз Восеъ ба пойтахт рафтанд.

Аслиддин  Достиев

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)