Бахшҳо
16 апр 2012 11:58Иқтисодӣ

Ҳукумату Парламент ба куҷо менигаристанд?

Вақти он расидааст, ки қонунҳоро бо таҳлили амиқ қабул намоем ва донем, ки оқибати чунин қонунқабулкуниҳо ба чӣ оварда мерасонад. Ин нуктаро Константин Бондаренко, роҳбари маркази бозори озоди Тоҷикистон дар як ҳамоиш таъкид кард ва гуфт, ки қабл аз қабули ҳар гуна қонун он бояд мавриди муҳокимаи ҷомеа ва созмонҳои марбут ба он масъала қарор гирад. Агар хоҳем, ки ҳами истеҳсолот зиёд шавад ва мардум бо ҷои кор таъмин гарданд, бояд дар қабули қонунҳо шитобкорӣ накунем, изҳор дошт ӯ.

 

Вакилон овоз доданд, аммо нафаҳмиданд, ки гап дар бораи чӣ меравад

Иддае аз коршиносон бар ин боваранд, ки агар кодекси андоз мисли солҳои пеш бидуни муҳокимаву таҳлил қабул шуданӣ бошад, тасдиқ нагардад беҳтар аст. Таҳлилгари масоили иқтисодӣ Абдулло Муҳаммадиев мегӯяд, ки агар лоиҳаи қонун бо шеваи қаблӣ қабул шавад, баъдан дар бораи оқибаташҳояш муҳокима кардан маъно надорад. Вай аз ворид гардидани тағйирот ба кодекси андоз дар соли 2010 изҳори нигаронӣ карда гуфт, қаблан корхонаҳои хусусиву соҳибкорон бо даромади солонаи 800 ҳазор сомонӣ андоз аз арзиши иловашуда (18 %) месупориданд, аммо баъди тағйирот ин андоз барои соҳибкорон аз 200 ҳазор даромади солона ситонида мешавад. Инчунин зимни ситонидани андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ (25 %) ҳамаи корхонаҳои хусусӣ бояд маоши кормандонашонро аз маоши миёнаи номиналӣ(муайяншуда) набояд кам нишон диҳанд, ки тибқи иттилои Кумитаи андоз ин нишондиҳанда дар шаҳри Душанбе 562 сомониро ташкил медодааст. Ба андешаи ӯ вакилон бо қабули ин қонун дар самти рушди бахши хусусӣ монеаи сунъӣ эҷод карда, ба афзоиши сафи бекорон сабаб гардиданд. Вай аз ҷумла гуфт: «Як депутат ҳангоми баромад дар телевизион гуфт, ки намедонистааст, ки тағйирот дар қонуни андоз боиси афзоиши сафи бекорон мегардад. Вакилон танҳо ба ҷонибдории тағйирот овоз додаанд, вале нафаҳмидаанд, ки гап дар бораи чӣ меравад. Вакил ин гапро гуфту ман шарм доштам. Охир дар пушти ҳар қонун инсони зинда истодааст».

Аз тағйирот давлат чӣ фоида дид?

Коршиносон мегӯянд, ки ҳукумат хостори зиёд кардани ҷойҳои корист, аммо бо қабул кардани ин гуна қонунҳо иқтисоди пинҳонӣ авҷ гирифта, сафи бекорон баръакс меафзояд. Абдулло Муҳаммадиев бар ин назар аст, ки зиёд кардани ҷойҳои корӣ ин сиёсати давлат аст, зеро агар ҷойҳои корӣ кам шаванд, фардо бар зарари кишвар анҷом меёбад. Вале ӯ суолеро матраҳ мекунад, ки ҷанобон аз Кумитаи андоз ва Парламент, ки чунин қонунҳоро қабул мекунанд, боре таҳлил кардаанд, ки баъди ворид кардани тағйирот он барои давлат чӣ қадар фоида овард ва ба фаъолияти корхонаҳо то кадом андоза зарба зад? Дар посух худи ӯ гуфт, ки феълан он андозе, ки корхонаҳо аз маоши кормандон пардохт мекарданд, дигар ба буҷет ворид намегардад. Зеро баъди тағйирот корхонаҳо қисме аз кормандони худро ронданд ва ба иқтисоди пинҳонӣ гузаштанд.
Ахиран президент ҳам дар мавриди андоз ибрози назар кард ва гуфт, ки андозро не, балки андозсупорандаро зиёд бояд кард. Аммо замоне, ки масъалаи тағйироти кодекси андоз ба миён меояд, масъулини Кумитаи андоз мегӯянд, ки ба хотири беҳтар кардани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва рушди иқтисоди кишвар ин тасмим гирифта шудааст. Аммо баъди қабули қонун маълум мешавад, ки боз вазъи андозу андозситонӣ бадтар шудааст. Масалан, ҳангоми тағйирот дар соли 2010 фоизи андоз аз арзиши иловашуда тағйир наёфт, вале андозаи пардохт барои соҳибкор боз вазнинтар гашт. Дар ҳоле, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ на танҳо намудҳои андоз нисбат ба мо камтар аст, балки фоизаш ҳам пойинтар аст. Номзади илмҳои иқтисодӣ Зулфия Асророва мегӯяд, ки дар Қирғизистон ҳаҷми андоз аз арзиши иловашуда 12 фоизро ташкил медиҳад, дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон 18 дар сад аст. Ё андози иҷтимоӣ дар Қирғизистон 17 фоиз аст, лекин дар Тоҷикистон 25 дар сад ва ин ҳам дар ҳоле, ки нафақахурони қирғиз аз бознишастагони кишвари мо нафақаи бештар мегиранд. Дар Қирғизистон 9 навъи андоз вуҷуд дорад, дар Тоҷикистон ин нишондод 21 намуд аст.

Андоз аз ҳеч

Иддае аз коршиносон бар ин боваранд, ки масъулин то он дараҷае ба ҷамъоварии андоз талош доранд, ки ҳатто аз ҳеч чиз ҳам мехоҳанд андоз ситонанд. Константин Бондаренко мегӯяд, ки то чанд вақти охир аз таҷҳизоту дастгоҳҳое, ки ҳанӯз ворид нашудааст, мехостанд андоз ситонанд. Ин боис шуда, ки таҷҳизоти замонавӣ ба кишвар ворид нагарданд. Дар ҳоле, ки агар чунин навъи андоз намебуд, базаи техникии корхонаҳои Тоҷикистон нав мешуданд ва ҳам ҳаҷми истеҳсолот зиёд мешуду ҳам сифати маҳсулот боло мерафт ва бар замми ин ҷои кори зиёд таъсис меёфт. Аммо андоз аз арзиши иловашуда сабаби солҳо истифода бурда натавонистан аз чунин имкониятҳо гаштааст.
Коршиносон мегӯянд, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон ба хотири рушди соҳибкорӣ давлат ба соҳибкорон имтиёзҳои зиёд медиҳад. Устоди донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Исломбек Хоркашов изҳор дошт, ки дар Фаронса ҳукумат аз корхонаҳои нав таъсисшуда ду сол тамоман андоз намеситонидааст ва соҳибони корхонаҳо дар соли сеюм 25 %, соли чорум 50 %, соли панҷум 75% ва соли шашум 100 % андоз пардохт мекардаанд. Дар Олмон, ИМА ва Канада ширкатҳо ҳуқуқ доштаанд, ки аз даромади андозбандишаванда маблағи фоизҳои қарзро тарҳ намоянд. Чунин имтиёзҳо имкон медиҳанд, ки пардохтҳои фоизи қарзи бонкӣ ба хароҷоти истеҳсолӣ дохил карда шаванд. Бо ин роҳ корхонаҳо ба гирифтани қарз ва дарёфти сарчашмаҳои дигари сармоягузорӣ ҳавасманд мегарданд.
Аммо дар Тоҷикистон зиёд ҷамъоварӣ кардани андоз корхонаҳоро ба муфлисшавӣ оварда мерасонад. Абдулло Муҳаммадиев мегӯяд, ки бояд имкониятҳои корхонаву соҳибкорон дар супоридани андоз ба назар гирифта шавад. Вай афзуд: «Аҳмади сарватмандро бо Маҳмуди камбизоат дар як сатҳ қарор додаанд ва аз Маҳмуди бечора дар ҳаҷме молиёт меситонанд, ки аз Аҳмади доро гирифта мешавад. Мансабдор лоиҳаи қонунро омода мекунад, аммо ӯ нозукии масъаларо дарк карда наметавонад. Аз ин рӯ андоз бо фоизи баланд ситонида мешавад».

Қонунро Кумитаи андоз қабул намекунад!

Вале дар ҳамин ҳол бархе аз коршиносон мегӯянд, ки набояд дар ҳар маврид санги маломат ба сӯи Кумитаи андоз партофт. Муовини сардори сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молия Фазлиддин Шомуродов бар ин назар аст, ки номукаммал қабул шудани кодекси андоз танҳо аз Кумиати андоз вобаста нест ва набояд ҳамаи айбро ба дӯши ин кумита партофт. Вай аз ҷумла афзуд: «Ба ғайр аз Кумитаи андоз боз ҳукумат ва парламент ҳаст. Онҳо ба куҷо нигоҳ мекарданд? Солҳои 1992-98 вақте ман дар Кумитаи андоз кор мекардам, ягон корманди Вазорати молия қонуни андозро таҳия карда натавонист. Ман бо такя ба қонуни андози кишварҳои хориҷӣ 23 бандро коркард намудам ва танҳо як зани русзабон ба ман кӯмак расонид. Онро ба ҳукумат ва сипас парламент фиристодем, қабул шуд. Ин ҷо масъалаи дуруст ҷо ба ҷо нашудани кадрҳо ва норасоии мутахассисони варзида дар миён аст. Мо бояд кадрҳои хубро омода кунем ва ҳангоми баррасии қонунҳо шахсони масъулиятшиносро ҷалб намоем то онҳо қонунро ҳаматарафа таҳлил кунанд ва баъд барои тасдиқ фиристанд».
Таҳлилгарон мегӯянд, ки мантиқи андозситонҳои мо чунин аст: фоизи зиёд, андози бисёр. Аммо онҳо наход дарк намекунанд, ки дар тамоми ҷаҳон мантиқ баръакс аст: фоизи кам, андози зиёд. Яъне ҳар қадар навъи андозҳо ва фоизи онҳо камтар бошад, ҳамон қадар ҷамъоварии он осонтар мегардад.


Исфандиёр Халилӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)