Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 08:59

Бохтар: Таркиши газ бойиси марги ду нафар гашт

28 июн 2011, 09:16

Бар асари як таркиш дар деҳаи «Маданият»-и ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»-и ноҳияи Бохтар ду ронанда ҷони худро аз даст доданд.


Дар ин бора аз дафтари матбуоти кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд. Рӯзи 25-уми июни соли равон ронандаи автамашинаи «ДАЕВО СИЕЛА» Одилҷон Меҳмонови 39-сола,  сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳангоми пур кардани балони газ дар нуқтаи фурӯши газ воқеъ дар ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»-и ноҳияи Бохтар таркиш ба амал меояд, ки дар натиҷа Одилҷон Меҳмонов, ки дар назди автомашина меистод аз зарбаи сахти таркиш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ронандаи дигар Сафар Назаров аз зарбаи таркиш ҷароҳати вазнини ҷисмони бардошта дар беморхона ба ҳалокат мерасад.{jathumbnail off} 


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!