Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 04:55

Изатулло Шарипов: Шароити зиндон аз берун дида хубтар аст

18 апрел 2012, 10:59

Дар давоми 73 соли мавҷудияти зиндони Қурғонтеппа бори нахуст иҷозаи боздид барои хабарнигорон аз вазъу шароити маҳбусони ин зиндон пеш омад.

Илҳом Маҳмудов, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, дар робита ба ин иброз намуд: «тибқи қонун боздид аз зиндон ва ҳамсӯҳбат шудан бо маҳбусон мумкин нест, вале ба хотири рафъи ҳар гуна сарусадоҳо роҷеъ ба нақзи ҳуқуқи маҳбусон, тасмим гирифтем то хабарнигоронро аз наздик ба вазъи кунунии зиндони мазкур шинос намоем».

Чанде қабл дар сархати расонаҳо эълони гуруснанишинӣ ва эътирози чанд тан аз маҳбусони зиндони Қурғонтеппа ба назар мерасид ва гуфта мешавад, чунин тасмим низ бо думболи ҳамин гуна эътирозу гуруснанишинии маҳбусон роҳандозӣ гардидааст. Ин дар ҳолест, ки Изатулло Шарипов, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ шароити ин маҳбас ва дигар маҳбасхонаҳои кишварро  аз шароити берун дида хубтар унвон намуд ва таъкид кард, ки феълан ҳеч гуна шиканҷа дар маҳбасхонаҳо вуҷуд надорад.

Масъулини маҳбаси ЯТ 9/7-и шаҳри Қурғонтеппа қабл аз боздид аз аҳволи маҳбусон дар ҳузури хабарнигорон қайд намуданд,  маҳбаси мазкур, ки бо низоми шадиди нигаҳдории маҳбусон дар кишвар маъруф аст, асосан онҳое нигаҳдорӣ мешаванд, ки ҷиноятҳои махсусан хавфнок содир кардаанд. Миёни маҳбусони ин зиндон, нафароне ҳастанд, ки бо пайравӣ аз сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев, созмону равияҳои иртиҷоии Ҳаракати исломии Ўзбакистон, Салафия, Ҷамоати таблиғ, Ҳизбуттаҳрир муттаҳам шудаанд.

Боздиди хабарнигорон аз бахши хоҷагидории маҳбас оғоз гардид. Дар бахши хоҷагидории маҳбас асосан нафароне кор мекунанд, ки ба қавли Илҳом Маҳмудов, ҷиноятҳои начандон вазнин содир кардаанд ва аз 5 то 7 соли ҳукм гирифтаанд. Вақте ба назди ин гурўҳи маҳбусон рафтем, онҳо ба бехтани қум, сангрезӣ, тоза намудани майдони маҳбас машғул буданд. Дар бахши хоҷагидорӣ ҳудуди 12 нафар маҳбус ба кор ҷалб карда шудаанд. Баъдан ба  тарафи ҳуҷраҳои маҳбусон рафтем, ки ҳамагӣ дари 3 ҳуҷраро масъулини маҳбас бароямон боз карданду бо ҳамроҳии генерал лейтенант, Иззатулло Шарипов саросемавор аз онҳо аҳволпурсӣ намудем. Вақт барои шиносоӣ аз шароиташон ва савол кардан ба онҳо ҷиҳати шинос шудан аз зиндагияшон дар зиндон хеле кам муайян гардида буд. Аз чанд нафари онҳо дар хусуси чи гуна будани шароиташон пурсон шудем, онҳо «шароит хуб аст» гуфтанд. Дар коргоҳи истеҳсолии маҳбаси мазкур 18 маҳбус машғули чубтарошӣ, кандакорӣ, сохтани  сандуқу гаҳвора ҳастанд, ки ба қавли масъулини маҳбас бар ивази маҳсулоти истеҳсол мекардаашон  ба суратҳиоби ҳар яки онҳо маблағи муайяне мегузаштааст. Вале як маҳбуси ин коргоҳ, ки худро Раҳимҷон Салимбоев муаррифӣ намуд, иброз дошт, ки тўли ду моҳ аст дар ин ҷо кор мекунад, то ҳол намедонад дар суратҳисобаш чи миқдор маблағе гузаштааст ва ҳанўз маблағе низ ба дасташ нагирифтааст. Бо таваҷҷўҳ ба  гуфтаҳои Раҳимҷон чанд тан аз масъулини маҳбас, ки моро ҳамрои мекарданд, гуфтанд, ки ҳоло ин кас нав ба кор омадааст, дар худи ҳамин муассиса ба номаш суратҳисоб кушода шудааст ва аз ҳисоби маблағи коркардааш, метавонанд барои худ маҳсулот, маводи ғизоӣ ё пироҳан бихарад.  Ашёҳои сохтумониро барояшон соҳибкорон оварда пешниҳод мекунанд ва маҳбусон дар асоси дархости онҳо сандуқу гаҳвора месозанд. Як маҳбуси ин коргоҳ гуфт, дар давоми як ҳафта метавонад як сандуқро бисозад. Бино ба маълумоти намояндагони зиндони Қурғонтеппа дар дохили ин маҳбас ҳудуди 40 маҳбус бо кори бомузд таъмин гардидааст. Ҳангоме ки ба хабарнигорон ошхонаи маҳбасро нишон доданд, дар дег ду намуди ғизо -  карамшўрбо ва шӯрбои  нахўддоре, ки гўшти консерв дошт мепухт. Аз чанд масъули маҳбас, ки моро ҳамроҳӣ менамуданд, пурсидем, ки оё як маҳбус дар як рўз ва ё як моҳ ба миқдори чанд сомонӣ  хўрок истеъмол мекунад, посухе наёфтем, аниқтараш нагуфтанд. Яъне сабади истеъмолии маҳбусони ин маҳбасро ё намедонанд ё медонанду гуфтан намехоҳанд.  Вале зимни суол додан масъулин иброз доштанд, ки ғизои маҳбусон шояд аз таоме, ки ба сарбозони артиш дода мешавад, бамаротиб беҳтар бошад. Бояд зикр намоем, ки дар маҷмўъ тибқи иттилои масъулин дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор маҳбус адои ҷазо мекунанд, ки тақрибан 300 нафараш ба зиндони Қурғонтеппа рост меояд. Зиндони мазкур соли 1939 сохта шудааст, ки аз мавҷудияташа 73 сол пур мешавад.

Алишер Зарифӣ

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!