Бахшҳо
19 апр 2012 10:52Гузориш

Исроил довталаби ҷанги сеюми ҷаҳонӣ

Чанде қабл як мақоми баландпояи Чин эълон карда буд, ки дар сурати сар задани низои мусаллаҳонаи Исроил ва Эрон ҳатман аз давлати исломӣ пуштибонӣ хоҳад кард, ҳатто агар он ба қимати ҷанги сеюми ҷаҳонӣ ҳам бошад.

Муддатест, ки аҳли башар ба Шарқ таваҷҷӯҳ мекунад. Исроил, давлате, ки ҳамагӣ 60 сол инҷониб дар харитаи дунё номнавис шудааст, қасди ҳуҷум ба як кишвари дигарро дорад. Давлате, ки ҳазорсолаҳост арзи вуҷуд дорад. Баҳонаи ҷанг талоши тавлиди силоҳи ҳастаӣ мебошад. Ин ҳам дар ҳоле, ки Исроил соҳиби даҳҳо иншооту садҳо яроқи ҳастаист. Исроил даъво мекунад, ки барномаи ҳастаии Эрон барои башарият хатарнок аст. Саволи дигари матраҳ ин аст, ки чаро ҷомеаи ҷаҳонӣ аз барномаву яроқҳои ҳастаии исроилиён парвое надорад, вале ба даъвои онҳо дар мавриди барҳам задани барномаи ҳастаии Эрон мувофиқ мебошад. Ба назар мерасад, ки давлатҳои ғарбӣ агарчӣ хостори ҷанги Исроилу Эрон нестанд, аммо баҳри ҷилавгирии он кореро ба анҷом расониданӣ нестанд.
Вазорати дифои ИМА талоши пажӯҳишеро кардааст, ки дар сурати сар задании ҷанги миёни Исроил ва Эрон натиҷа чӣешавад. Зимнан, Пентагон нақшаи ҳуҷуми Исроилро бо баландтарин дороии ҷангӣ бо истифода аз моделгузорӣ санҷида, ба хулосае расидааст, ки агар Исроил бе мувофиқа бо дигарон болои иншооти ҳастаии Эрон зарба занад, Амрикоро лозим меояд, ки дар ин гирудор ҳатман шарик шавад. Фармондеҳони амрикоӣ ба ин назаранд, ки агар Вашингтон дар ин низоъ ворид шавад, садҳо сарбозу афсари худро аз даст медиҳад. Бино ба ин «фолбини»-и амрикоиҳо бар асари ҳуҷуми Исроил ҳатто як иншооти ҳастаии Эрон зарари ҷиддӣ намебинад ва барномаи ҳастаии давлати исломӣ низ тағир нахоҳад ёфт. Ҳосили ин ҷанг танҳо метавонад ин бошад, ки барномаи ҳастаии Теҳрон муддати номуаяне қатъ мешавад.
Исроилиҳо бо нигаронӣ мегӯянд, ки Эрон дар садади тавлиди силоҳи ҳастаист ва ин аслиҳа танҳо барои зарба ба онҳо сохта мешавад. Тел-Авив ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки барои пешгирӣ аз барномаи ҳастаии Теҳрон тамоми воситаҳоро истифода мекунад. Эрон ҳам ҳамеша эълон мекунад, ки ҳадафи аслии барномаи ияш даст ёфтан ба нерӯи арзони барқ аст, на чизи дигар.

Вашингтон низ мегӯяд, ки Эрон барои соҳиби силоҳи атомӣ шудан талош мекунад. Бо сарварии Амрико чандин маврид алайҳи Эрон таҳримҳо эъмол шуд. Мансабдорони ИМА мегӯянд, ки ҷонибдори ҳуҷуми низомӣ ба Эрон нестанд. Аммо коршиносони масоили сиёсӣ мегӯянд дар сурати сар задании ҷанг Амрико ҳатман ба он мудохила мекунад.
Чанде қабл як мақоми баландпояи Чин эълон карда буд, ки дар сурати сар задании низои мусаллаҳонаи Исроил ва Эрон ҳатман аз давлати исломӣ пуштибонӣ хоҳад кард, ҳатто агар он ба қимати ҷанги сеюми ҷаҳонӣ ҳам бошад. Русия низ дар ин миён канор буда наметавонад. Маскав барои пешгирӣ аз як ҷанги глобалӣ дар минтақа ва бехатарии марзу бумаш аз эҳтимол дур нест, ки ба эрониҳо кӯмак намояд. Ба назари коршиносон, Русия ниҳониву ошкоро ба Эрон таҷҳизоту техникаи ҷангӣ кӯмак хоҳад кард. Баъзеҳо ҳатто бар онанд, ки русҳо бо ҷонибдорӣ аз Теҳрони расмӣ шояд аз қувваҳои ҳарбии худ истифода баранд.

Раҷаб Сафаров, директори генералии институти эроншиносии Русия мегӯяд, Исроилу Амрико дар мавриди ҷанг алайҳи Эрон кӯшиши ҷалб намудани дигар кишварҳоро доранд. Қисмати давлатҳои аврупоии шомили НАТО кайҳо зидди Теҳрон омодагиашонро эълом дошта буданд ва ҳамакнун баъзе аз кишварҳои осиёӣ низ омодаанд ба Исроил ёрӣ расонанд.
Ба ақидаи ин коршинос, дар сурати сар задани ҷанг, исроилиҳо бештар аз тайёраҳои ҷангӣ истифода хоҳанд бурд. Аммо барои масофаи беш аз 2 ҳазор километрро тай кардан сӯзишвории онҳо басанда нест. Дар ин маврид барои Исроил шарики дигаре зарур аст, то тавонад барои фурудоӣ ва таъмини сӯзишворӣ барои тайёраҳои ҷангиаш  кӯмак намояд. Ба ақидаи Раҷаб Сафаров Озарбой тибқи хабарҳои ҷосусии Эрон, аллакай 2 фурудгоҳи худро дар ин маврид барои Тел-Авив тайёр кардааст.

Ақидаҳое низ ҷой доранд, ки Ӯзбакистону Қирғизистон ва Туркияву баъзе аз мамолики Араб ҳам гӯйё розиянд, ки фурудгоҳҳои худро дар сурати зарурӣ ба ихтиёри Амрикову Исроил гузоранд. Аммо Туркияву Қирғизистон борҳо таъкид намудаанд, ки ин гуна хабарҳо асосҳои воқеӣ надоранд.
Гузашта аз ин Теҳрон ба кишварҳои ҳамшарики Исроил огаҳӣ додааст, ки дар сурати кӯмак ба Тел-Авив ба зарбаҳои ҷонкоҳ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.
Ба ҳар ҳол, коршиносони ҳарбиву сиёсии дунё ба ин назаранд, ки ҷанги бузурги нав дақиқан аз Исроилу Эрон сар хоҳад, ки паёмади он барои кулли сайёра нохушоянд аст.

Аслиддин Достиев
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)