Бахшҳо
19 апр 2012 11:27Сӯҳбати рӯз

Кошлаков: Баргардонидани 36% қарз фантазия аст

Яке аз сабабҳои аслии рушд накардани соҳибкорӣ дар Тоҷикистонро коршиносон ба баланд будани фоизҳои қарзии бонкҳо марбут медонанд. Бонкҳои Тоҷикистон аксаран ба соҳибкорон бо 36 фоизи солона қарз пешниҳод мекунанд, ки соҳибкоронро қонеъ намесозад. Бо таваҷҷуҳ ба ин Озодагон тасмим гирифт сӯҳбати профессор, Георгий Кошлаков иқтисодшиноси шинохтаи ҷумҳуриро доир ба мушкилоти имрӯзи иқтисодии Тоҷикистон манзури хонандагон гардонад.

Озодагон: Дар замони шӯравӣ рушди соҳаи кишоварзӣ хеле назаррас буд ва мардум аз замин ризқи худро ёфта метавонистанд. Гуфта мешавад, ки имрӯз ҳам 70 дар сади аҳолӣ аз соҳаи кишоварзӣ вобастаанд, вале замин дигар аҳли оилаи шаҳрвандонро хурондаву пӯшонида наметавонад. Шумо дар ин бора чи назар доред?

Георгий Кашлаков: Ман чунин мешуморам, ки 70 дар сад не, балки 100 % аҳолӣ аз соҳаи кишоварзӣ вобастагӣ доранд. Ҳатто тифлони таваллуднашуда ҳам аз соҳаи кишоварзӣ вобастаанд. Ҳамаи мо мехурему мепӯшем. То он даме, ки соҳаи хоҷагии қишлоқро ба по нахезонем, ба ҳеч чиз ноил намешавем.

Озодагон: Дар ҳоли ҳозир барои ба по хезондани соҳаи кишоварзӣ монеи асосӣ ба назари шумо кадом аст?  

Георгий Кошлаков: Бубинед, ки феълан фоизи бонкӣ аз 24 то 36 дарсадро ташкил медиҳад. Яъне дар соҳаи кишоварзиву истеҳсолот 24 фоиз ва дар бахши тиҷорат 36 фоиз. Ман мегӯям, ки ҳамватанони азизам, 24 дар сад фоизи бонкиро ягон бахши аграрӣ ё истеҳсолӣ баргардонида наметавонад. Имрӯз замин дорои чунин рентае (даромад) нест, ки қарзҳоро дар ҳаҷми 24 ё 36 фоиз баргардонад. Ба ғайр аз як навъи даромад, ки ин хариду фурӯш аст. Масалан, ба Дубай меравиву телевизор мехарӣ ва онро оварда мефурӯшӣ. Дар ин сурат метавон фоизи 24 дар садиро пардозӣ. Аммо на бо истеҳсоли картошка, на бо истеҳсоли ангур, на бо истеҳсоли алюминиву тилло ва дигар намуди истеҳсолот 24 дар сад фоизи бонкиро наметавон пардохт кард. Ман аз фаъолияти худ бояд лоақал 30 дар сад фоида кунам, ки 24 дар садашро ба бонк супорам. Аз ин хотир фаъолияти системаи молиявии хурд имрӯз барои рушди соҳаи кишоварзиву саноат ва истеҳсолот куллан бефоида аст. Шогирдони ман дар чунин ташкилотҳои қарзӣ таҷрибаомӯзӣ мекунанд ва мегӯянд, ки шахсони қарзгиранда дар бахши ангурпарварӣ, боғдорӣ ва ғайра бизнес-плани худро меоранд, мо мебинем ва ба андозаи 36 дар сад қарз медиҳем. Ман мепурсам, ки онҳо ин фоизи қарзро аз ҳисоби боғдорӣ ё ангурпарварӣ оё метавонанд баргардонанд? Шогирдон мегӯянд, ки шумо чӣ мегӯед!? Онҳо бизнеспланро меоранд, пулро мегиранд ва мераванд аз хориҷа моли арзону пастсифатро меоранду мефурӯшанд ва қарзро бармегардонанд. Дар акси ҳол баргардонидан ғайриимкон аст. Баргардонидани 24 дарсад ё  36 фоизи қарзи бонкӣ ин фантазия аст. Ягон соҳир дар рӯи замин барои баргардонидани чунин фоизи қарз қодир нест.

Озодагон: Оё давлат имкон дорад, ки тамоми бахши иқтисодро аз рӯи як системаи муайяну устувор идора кунад?

Георгий Кашлаков: Идораи системавӣ аз ҷониби давлат кайҳо аз байн рафтааст. Дар маҷмӯъ феълан давлат чизеро идора намекунад, танҳо ба танзим медарорад. Вақте дар адабиёти дарсӣ менависанд, ки давлат ин субъекти хоҷагидорист, ин дурӯғи маҳз аст. Давлат ҳеч чиз истеҳсол намекунад ва ҳеч чиз намефурӯшад. Давлат танзимгари асосии иқтисод аст. Вале дар асл мо бидуни ҳеч система иқтисодамонро танзим мекунем.

Озодагон: Кӣ бояд системаро роҳандозӣ кунад?

Георгий Кошлаков: Маркази зеҳнии феълии мо, ки Вазорати рушди иқтисод ном дорад, бояд системаи ягона ташкил кунад. Дар тамоми ҷаҳон меъёр ҳамин хел аст. Дар Русия, дар Амрико ва дигар кишварҳо чунин ниҳод системаро таъсис дода, корро пеш мебарад. Вазорати рушди иқтисод дар мо бояд чунин вазифаро иҷро кунад. Вале бояд иқрор шуд, ки феълан аз ҷониби онҳо ягон кори системавӣ ба назар намерасад.

Озодагон: Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ҳанӯз идеяи ягонаи миллиро пайдо накардааст. Шояд барои системаи иқтисодиро роҳандозӣ кардан мавҷуд набудани идеяи миллӣ иртиботе дошта бошад?

Георгий Кошлаков: Мебахшед, чӣ гуна идеяи миллӣ метавонад бошад? Дар мо бунёди неругоҳи оби-барқии Роғунро идеяи миллӣ эълон карданд. Ин ҳазён аст. Идеяи миллӣ барои ҳама яктост: мардум бояд зиндагии хуб дошта бошад, шикамаш сер ва дар тан либос дошта бошад ва аз ҳама асосаш саводнок бошад. Дар ин сурат идеяи миллӣ дар дилхоҳ давлат дар зиндагии мардум таҷассум меёбад. То даме, ки омӯзониданро наомӯзем, ҳеч чизро ёд намегирем. Вақте дар як нашрия хондам, ки дар мо низоми донишгоҳи Оксфорд ҷорӣ мешавад, худро тамоман бад ҳис кардам. Мо ҳар чӣ аз они худамон аст, истифода карда наметавонему дар бораи чиҳо гап мезанем. Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар як сол барои пардохти маоши муаллимон 100 миллион рубл сарф мекунад. Биёед аввал чӣ хел истифода кардани онро ёд гирем! Ба назди мо хатмкунандагони мактабҳо меоянд, ҳисобу китобро дуруст сарфаҳм намераванд ва агар пурсӣ, ки аз ҳама дарёи калон дар Тоҷикистон кадом аст, мегӯянд, ки дарёи Душанбинка! Саводнокӣ таҳкурсии муваффақиятҳои миллат аст. Инро бояд дарк кунем. Ман бо рақам мефаҳмонам, хоҳед санҷед.  Феълан 49 дар сади хароҷоти буҷети давлатӣ ба бахши мудофиа, суд, прокуратура ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нигаронида шудааст. Танҳо 0, 49 дар сад ба соҳаи илм сарф мешавад. Биёед ин хароҷотро камтар кунем ва маблағро ба мактабҳои миёна диҳем. Ба донишгоҳҳо не, балки ба макотиби миёна. Бигзор муаллимони мактабҳои миёна 10 баробар аз устоди донишгоҳ маоши баландтар гиранд. Дар он сурат мо метавонем насли соҳибмаърифат тарбия кунем, ки дар оянда тавонанд соҳиби касбу кор гарданд.
Таҳияи Исфандиёр Халилӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)