Бахшҳо
19 апр 2012 11:50Гузориш

Нигоҳе бар ҳамалоти занҷираии толибон ба шаҳри Кобул

Ҳамлаҳои террористии рӯзи якшанбеи Кобул озмуне буд барои нерӯҳои афғон, ки муваффақона аз он гузаштанд. Аммо чунин ҳамалоте ба гуфтаи Ҳомид Карзай баҳонаро барои ҳузури бештари қудратҳои хориҷӣ дар Афғонистон фароҳам месозад.

Ба гузориши хабаргузории «Форс» дар Кобул, рӯзи 15-уми апрел мухолифони мусаллаҳи давлати Кобул ҳамлаҳои ҳамоҳангеро дар чанд минтақаи пойтахти Афғонистон ва се вилояти ин кишвар анҷом доданд, ки бо муқовимати шадиди неруҳои афғон рӯ ба рӯ шуд. Ин ҳуҷумкунандагон пас аз 18 соати даргирӣ шикаст хӯрданд.

Бозтоби густурдаи тавоноиҳои нерӯҳои афғон

Муқовимати далеронаи пулис ва артиши миллии Афғонистон бозтоби густурдае дар афкори умумии ин кишвар ва давлатҳои хориҷӣ дошт. Гурӯҳҳо ва қишрҳои мухталифи мардум дар Афғонистон бо қадрдонӣ аз амалкарди нерӯҳои амниятии ин кишвар, ба пойбандӣ ва қудрати онҳо дар баробари ҳар гуна пешомаде умедвор шуданд. Ҷавонон ва фарҳангиён низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди «Фейсбук» ва «Твитер» ба инъикоси муқовимати артиш ва пулиси миллии Афғонистон пардохтанд ва ҳама аз фидокории нерӯҳои амниятии кишварашон эҳсоси ғурур ва ифтихор карданд. Мақомоти давлати афғон ҳам дар сатҳҳои мухталиф ин қаҳрамониро ситоиш карданд ва изҳор доштанд, ки ин муқовимат нишон дод, ки такя ба неруҳои бумӣ ва далермардони афғон, беҳтарин роҳ барои барқарории суботу амният дар Афғонистон аст.

Бисёре аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла вазирони дифоъ ва хориҷаи Амрико, Канада, Англия, Покистон ва масъули робитаҳои хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дифои далеронаи нерӯҳои амниятии ин кишварро ситоиш карданд.
Ин аввалин бор нест, ки нерӯҳои амниятии афғон барои дифоъ аз шаҳрвандони кишвари худ даст ба фидокорӣ мезананд. Пеш аз ин низ дар соли гузашта теъдоде аз сарбозон ва афсарони артиши милли Афғонистон даст ба фидокории бузурге алайҳи омилони интиҳорӣ (маргталабон) заданд, ки мавриди қадрдонӣ қарор гирифтанд.

Фидокории зиёд ва талафоти кам

Яке аз фарқиятҳои муҳими даргирии рӯзи якшанбе дар Кобул бо амалиётҳое, ки дар гузашта анҷом мешуд, коҳиши талафоти ғайринизомиёни афғон буд, ба тавре ки теъдоди онҳо бо амалиётҳои гузашта қобили муқоиса нест. Ин амр боис шуд мардуми Афғонистон бар хилофи гузашта, ки нерӯҳои амниятии худро дар кушта шудани ғайринизомиён ва камтаваҷҷӯҳии онҳо ба таъмини амният гунаҳкор медонистанд, ин бор аз пулис ва артиши афғон ситоиш карданд.

Роҳи нуфуз куҷост?

Бо вуҷуди талоши нерӯҳои амниятии афғон дар саҳнаи набард, далели аслии роҳёбии мухолифони давлати Афғонистон ба маконҳои умумӣ чист? Ин саволе буд, ки ҳатто раиси ҷумҳури Афғонистон низ аз он таъкид дошт ва нерӯҳои НАТО ва мақомоти олирутбаи амниятии афғонро ба камкорӣ муттаҳам кард. Нуфуз дар сохторҳои амниятии Афғонистон ягоне роҳест, ки ба мухолифони давлати ин кишвар фурсати муҷаҳҳазшавӣ ва роҳёбӣ ба маконҳои умумии мавриди назарашонро медиҳад. Дар натиҷа ба назар мерасад, ки давлати Афғонистон дар ин бахш ниёз ба як хонатакконии ҷиддӣ дорад.

Сардаргумии мухолифони давлати Афғонистон

Бо вуҷуди тадбирҳои шадид ва омодагиҳои фаровон аз сӯи мухолифони давлати Афғонистон, ба назар мерасад онҳо дар ин марҳала ба навъе сардаргумӣ рӯ ба рӯ буданд, то он ҷо ки ҳатто ба ибтидоитарин мақсадҳои худ низ даст пайдо накарданд. Бар хилофи гузашта теъдоди кушташудагон ва қурбониёни толибон дар ин марҳала беш аз теъдоди нерӯҳои давлатии афғон буд. Ин дар ҳолест, ки мухолифони давлати Афғонистон хароҷоти иттилоотӣ, таблиғотӣ ва инсонии зиёде мекунанд. Бо ин вуҷуд амалкарди бамавқеи нерӯҳои амниятии афғон дар ҳодисаи ахир, нишон аз тавоноии болои онҳо дорад.

Истифода аз биноҳои боҳашамат - тактикаи нави мухолифон

Дар ҳамлаҳое, ки дар як соли қабл ба ин тараф тавассути мухолифони мусаллаҳи давлати Афғонистон анҷом шудааст, биноҳои истиқоматӣ ва тиҷории боҳашамат, ки дар маҳалҳои стратегӣ ва рӯ ба рӯи биноҳои давлатӣ қарор доранд, мавриди истифодаи ҳуҷумкунадагон қарор мегирад. Истифода аз ин биноҳо, тактикаи нави мухолифон аст, ки дар ҳамлаи дастаҷамъии рӯзи якшанбе ва ҳамлаҳои соли гузашта анҷом шуд, мавриди истифода қарор гирифт.

Ҷудосозии Ҳаққонӣ аз толибон ва ҳизби исломии Ҳикматёр

«Шабакаи Ҳақонӣ», яке аз чанд шохаи тундрав ва мухолифи давлати Афғонистон аст, ки бештари ҳамлаҳои ахир ва созмонёфта дар Кобул ва дигар вилоятҳои Афғонистон ва ҳамлаҳои ахири Кобул, ба ин гурӯҳ нисбат дода мешавад. Ба назар мерасад гуфтугӯҳои сулҳи ахир, толибон ва то ҳадди зиёде ҳизби исломӣ ба раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёрро мутақоид ба ҳузур дар пайи мизи музокира кардааст. Ба гунае ки онҳо гуфтугӯ ва мусолиҳаро роҳи муносибтаре барои расидан ба манфиатҳои худ медонанд. Коршиносон муътақиданд, ки «Шабакаи Ҳаққонӣ» барои ба даст овардани имтиёз ва ба самар шинондани ҳадафҳои худ, ба иқдомоти ҷиддӣ даст мезанад. Дар замони ҳамлаи рӯзи якшанбеи Кобул, ҳайате аз сӯи ҳизби исломӣ, ба раёсати Ғайрат Баҳир, яке аз фармондеҳони баландпояи ҳизби исломӣ, дар Кобул ба сар мебарад. Ин ҳайат бо раиси ҷумҳур ва раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон дидор кард. Дар поён ду тараф аз раванди пешрафти музокирот изҳори умедворӣ карданд.

Дар силсилаи ҳамлаҳои ахир дар пойтахти Афғонистон, нерӯҳои амниятии афғон хуш дурахшиданд ва ба мардуми Афғонистон нишон доданд, ки тавони дифоъ аз мардум ва арзишҳои миллии худро доранд. Мухолифон ва ҳамалварон ҳарчанд тавонистанд ҳаёҳӯи хабарии зиёде ба по кунанд, аммо ба гуфтаи раиси ҷумҳури Афғонистон бори дигар баҳонаи ҳузури низомиёни хориҷиро дар ин кишвар фароҳам карданд. Дуруст соатҳое пас аз ҳамлаи толибон ба Кобул буд, ки сафири Амрико дар Кобул эълом кард, ки ин ҳамлаҳо нишон медиҳад, ки ҳанӯз Афғонистон ба низомиёни амрикоӣ ниёз дорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)