Бахшҳо
20 апр 2012 03:49Гузориш

«Равшан» тими «Истиқлол»-ро шикаст дод

Тими «Истиқлол»-и Душанбе дар даври навбатии мусобиқаи XXI-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон аз дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 1:0 шикаст хӯрд.

«Равшан» ягона дастае дар футболи Тоҷикистон аст, ки барои мухлисони зиёд ва ашадӣ доштанаш вирди забонҳо шудааст. Ҳар бозии даври навбатӣ ҳазорон мухлисро ба варзишгоҳҳо мекашад. Аммо он чӣ, ки мухлисони дастаи «Равшан» фарқкунандаанд, ҷойи баҳс надорад. Ҳар нафаре, ки ҳади аққал як бозии ин тимро дар майдон бубинад, ба навиштаҳои мо эрод нахоҳад гирифт. Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб, ки барои 18 ҳазор тамошобин пешбинӣ шудааст, дар ҳар бозӣ бо ширкати «Равшан» моломоли мухлис мешавад. Ин ҷо аз хонандаҳои макотиби миёна (ҳарчанд роҳбарони мактабҳо мунтазам хонандаҳоро таъкид мекунанд, ки ба бозиҳои футбол нараванд) то пирони 80 сола барои мухлисӣ мераванд. Дар бозии рӯзи 19-уми апрел бешубҳа, наздик ба 20 ҳазор нафар дар майдон ҷамъ омада буд. Наздик ба ҳазор корманди милиса, ОМОН, кумитаи амният ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз шаҳри Душанбеву вилояти Хатлон амниятро дар варзишгоҳ ва берун аз он таҳти назорат гирифта буданд.

Раҷабмад Мадҳисайнов, як мӯйсафеди 85 сола болои аробачаи маъюбӣ нишаста, ҳар замон бо ҳавои садо барои бозингарони «Равшан» фарёд мекашид. Бобои Раҷабмад дар сӯҳбат гуфт, ки ба иловаи маъюб буданаш, гирифтори бемории дил ҳам ҳаст. Ӯ мегӯяд, ҳар бозии футболро бесаброна, ҳамчун ҷавон нигарон аст: «Дар бозии футбол бисёр роҳат мекунам. Дардам фаромӯш мешавад. Баъди ин бозиҳо чанд рӯзи дигар осуда мехобам».

Ҳанӯз то оғози бозӣ варзишгоҳ аз мухлисон пур шуда буд. Суруди миллӣ дар майдон танинандоз гашт. Соати 16:00 бо вақти маҳаллӣ ҳуштаки довар аз оғози бозии футбол дарак дод. Қисми аввали дидор бо ҳуҷумҳои тарафайн ба охир расид. Ин қисм танҳо аз он ҷиҳат фаромӯшношуданӣ боқӣ монад, ки довари маркази майдон зиёд ба хатоиҳо роҳ дода, тақрибан 6 корти зард ба футболбозони «Равшан» нишон дод. Аммо бояд гуфт, ки дар ҳама ҳолат он қоидавайронкуниҳо арзанда ба корт набуданд. Агарчӣ футболбозони «Истиқлол» ҳам дар зиёд маврид қоидаро вайрон намуда, ҳатто дағалона бозӣ мекарданд, аммо довар гӯё онҳоро намедид. Шояд ҳамин сабаб буд, ки бозингарони даруни майдон дар баъзе маврид бо ҳам муноқиша мекарданд. Қисми аввали бозӣ мусовӣ анҷом ёфт.
Қисмати дуввум шадидтар буд. Ҳар ду даста барои пирӯзӣ талош мекарданд. Дар дақиқаи 12-ум бозингарони «Равшан» аз имкони хуби голзанӣ истифода карданд. Легионери эронтабор Ҳусайн Маъсудӣ бо сараш тӯбро вориди дарвози «Истиқлол» кард. Ҳамин тавр, ҳисоб дар ин бозӣ кушода шуд. Вақти боқимонда бо ҳуҷумҳои тарафайн гузашт. Ҳар ду даста ҳам имкониятҳои голзанӣ доштанд, вале дар лаҳзаҳои зарурӣ аз он истифода бурда натавонистанд.

Бояд гуфт, дар ин қисмат ҳам довари марказӣ «ҳукм»-ҳои ноадолатона мебаровард. Дар дақиқаи 23-юми қисми дуввум бо ҷурми «стимулятсия» ва кашондани вақт, легионери дигари дастаи «Равшан» Бенжамин Аманкуаи ганагиро, ки дар Кӯлоб бо тахаллуси Ҷинҷонӣ маъруф аст, корти сурх нишон дода, аз бозӣ берун кард.
Вақти асосӣ ва наздик ба 10 дақиқаи вақти иловагӣ ҳам бидуни гол ба итмом расид.
Баъди анҷоми бозӣ хостем бо намояндагони ҷонибҳо ва доварон сӯҳбат намоем, вале мутаасифона доварон ва ҷониби тими «Истиқлол»-ро дарёфт накардем. Танҳо бо чанд футболбози «Равшан» вохӯрдем. Ҳусайни Масъудӣ, легионери эронӣ, муаллифи голи ягонаи ин дидор гуфт: «Усулан бозӣ хеле тунду шадид гузашт ва футбол бояд ҳамин тавр ҳам бошад. Ҳарифон як дастаи пурқуввати Тоҷикистон буданд. Хушбахтона, Худованд хост, то туби ягонаро ман ба дарвозаи рақиб ворид намуда ва ғалабаи дастаро бар ҷой кунам. Дар мавриди ҳарифон бигӯям, ки эшон бозингарони хубанду чусту чолок. Аммо доварон дар ин бозӣ хеле нохуб фаолият намуданд, балки ғиромӣ доштанд ва тарафдорӣ аз тими «Истиқлол» мекардан. Инро ҳам футболбозон ва ҳам мухлисон ба осонӣ дарк карданд». Ҳусайн афзуд, ки «бо чунин мухлисон, иншоолоҳ, чемпион ҳам мешавем. Ин гуна мухлисиро дар куҷое надидаам».

Ҳасан Рустамов, ҳимоятгари дастаи «Равшан» гуфт, ки аз натиҷаи бозӣ розиянд: «Имконияти зиёд намудани ҳисобро доштем, вале аз лаҳзаҳои қулай ҳуҷумкунандагон истифода бурда натавонистанд. Ҳарифон ҳам чанд лаҳзаи баробар намудани ҳисобро доштанд, ки ба бахти мо, эшон ҳам онҳоро аз даст доданд. Дар ҳақиқат, «Истиқлол» дастаи пурқуваттарини ҷумҳурӣ аст ва бозӣ бо ин гуна рақиб ҳамеша хуш аст».
Номбурда дар мавриди кори довари марказӣ афзуд: «Ҳукмро дар майдон танҳо довар мебарорад. Ба чӣ гунае ин ҳукм набошад, бозингарон ҳатман онро бояд риоя кунанд. Баҳои доварро дигарон медиҳанд. Аммо он чӣ, ки гӯё 10 дақиқаи вақти иловагӣ дода шуд, шахсан 100 фоиз ба он мувофиқам. Зеро дар ин қисми бозӣ истҳо бо иллати лат хӯрдани бозингарон зиёд буд».
Дастаи «Равшан» баъди ин бурд, якбора аз ҷои 7-уми чемпионат ба ҷои 2-юм боло рафт. «Истиқлол» бошад, дар зинаи 5-ум қарор гирифт.

Аслиддин Достиев

 

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)