Бахшҳо

Ҳилларӣ Клинтон: Тоҷикистон аз рӯйхати назоратӣ ба сатҳи 2 гузашт

Сафорати ИМА ба ҳукумати  Тоҷикистон барои фаъолияти босамараш дар самти  мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон  изҳори ташаккур кард.

Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии сафорати мазкур дар Душанбе иттилоъ доданд, рӯзи гузашта котиби департаменти давлатии Амрико Ҳилларӣ  Клинтон  гузориши ахири ин ниҳодро оид ба хариду фурӯши одамон  барои соли 2011ирсол намуд. Ҳадаф аз ин гузориши солона ҳидоят намудан ба амалиёт ва созмон додани шарикиҳо дар саросари ҷаҳон ҷиҳати мубориза алайҳи ин шакли ғуломдории муосир аст. Зимни ин баёния аз ҷумла омадааст, « он таҳлили муфассали ҳолатҳои хариду фурӯши одамон дар 177 кишвар, аз ҷумла дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро таъмин мекунад  ва барои таҳкими муборизаи умумии мо алайҳи ин падидаи номатлуби глобалӣ тавсияҳоро пешниҳод мекунад.  
Манбаъ ҳамчунин афзуд, ҳукумати Тоҷикистон таъқиби қонунии қочоқчиёни инсонро афзоиш дод, маъракаҳои таблиғотиро барои огоҳонии аҳолӣ дар бораи хавфҳои ба хариду фурӯш гирифторшавӣ васеътар намуд ва бо созмонҳои ғайриҳукуматӣ муборизаро алайҳи истифодаи меҳнати иҷборӣ дар маъракаи пахтачинӣ ҳамоҳанг сохт.  Он инчунин бо созмонҳои ғайриҳукуматие, ки ба ин кӯшишҳо саҳми муҳим гузоштанд, шарикиро густариш дод.  Барои эътирофи кӯшишҳои ҳукумати Тоҷикистон оиди мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон дар давоми соли гузашта, Идораи Глобалии Департаменти давлатӣ оид ба мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон Тоҷикистонро аз "Рӯйхати назоратии Гузориш оид ба хариду фурӯши одамон" хориҷ намуд. Акнун Тоҷикистон дар "Сатҳи 2" ҷой гирифтааст, ки ин нисбат ба меъёрбандии соли гузашта пешравии назаррасе мебошад .
Гузориши муфассалро дар ин бора  аз сомонаи интернетии Департаменти давлатӣ https://www.state.gov/g/tip/rls/tiprpt/2011/index.htm  пайдо кардан мумкин аст.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)