Бахшҳо
20 апр 2012 04:49Гузориш

Mini Mine Wolf марзи Тоҷикистону Афғонистонро аз мина пок месозад

Дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон бар асари инфиҷори минаҳо 446 нафар ҷароҳат бардошта, 360 каси дигар ба ҳалокат расидаанд.

Дар асоси санҷиши марзҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя масъулини Вазорати дифоъ ва Маркази Тоҷикистон оид ба минаҳо харитае тартиб додаанд. Тибқи ин харита дар Тоҷикистон 3 минтақаи хавфи минаҳо мавҷуд аст- марказӣ, сарҳади муштарак бо Афғонистон ва марз бо Ӯзбакистон. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди минтақаи хатарнок дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 8 милиону 500 ҳазор метрии мураббаъро ташкил медиҳад. Аз соли 2003 то 2011 кормандони Маркази Тоҷикистон оид ба минаҳо 8 милиону 100 ҳазор метрии мураббаъро аз мин поккорӣ намуда, дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон супурдаанд.

Абдуғанӣ Ваҳҳобов, подполковник ва роҳабари Гурӯҳи башардустонаи безараргардонии назди вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, дар марз бо Афғонистон бар асари инфиҷори минаҳо 446 нафар ҷароҳат бардошта, 360 каси дигар ба ҳалокат расидаанд. Гурӯҳи мазкур бо дастгирии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ва сафорати Амрико дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Барои ҳарчи зудтар безарар гардонидани марзи Тоҷикистону Афғонистон аз минаҳо САҲА бо маблағи сафорати Амрико дар Тоҷикистон мошинаи техникӣ -Mini Mine Wolf –ро ба Гурӯҳи башардӯстонаи безараргардонии назди вазорати дифои Тоҷикистон тақдим намуд. Маросими тақдими мошини мазкур дирӯз, 19-уми апрел  дар қисмати муҳандисии вазорати дифоъ оид ба минаҳо баргузор шуд.
Муовини вазири дифои Тоҷикистон генерал майор Грудина Вячаслав, сафири Амрико дар Тоҷикистон Кен Гросс, муовини раҳбари САҲА Клаус Расмуссен ва аташеи ҳарбии нерӯҳои ҳавойии Амрико подполковник Ҷеймс Маккенд дар чорабинии мазкур ширкат доштанд. Кен Гросс зимни суханрониаш гуфт, ки мошинаи техникии Mini mine Wolf-ро Вашингтон дар ҳамкорӣ бо САҲА дар асоси фаъолияти башардӯстонаи Амрико ба Тоҷикистон тақдим кардааст. Мошини мазкур ҳангоми фаъолият минаҳои зидди нафар ва танкиро пайдо ва безарар мегардонад.

Абдуғанӣ Ваҳоббов мегӯяд, ки мутобиқи супориши Маркази минаи Тоҷикистон мошини мазкур соли 2013 дар минтақаи ноҳияи Панҷ, марзи Тоҷикистону Афғонистон ба кор оғоз мекунад. Mini mine Wolf дар як шабонарӯз 6 соат фаъолият карда, дар як лаҳза 2 метру 60 см заминро аз мина пок месозад. Аммо дар шароити Тоҷикистон бо чунин паҳноӣ фаъолият кардани Mini mine Wolf  аз имкон берун аст. Зеро 93 марзи Тоҷикистону Афғонистонг қитъаи ноҳамвор мебошад. Mini mine Wolf –ро масъулин метавонанд тавассути дастгоҳи рақамӣ аз ҳазор метр дуртар идора намоянд.

Абдуғанӣ Ваҳоббов мегӯяд, ки марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар солҳои 90-ум, замони ҷанги шаҳрвандӣ минагузорӣ шудаанд. Имрӯз ҳар мина то 40 см ба замин фурӯ рафтааст ва мутахассисон онро дар се марҳила пок хоҳанд кард. Дар марҳилаи аввал Mini Mine Wolf, ки фосила миёни дандонаҳояш то 4 см аст, дар минтақаи хатарнок фаъол шуда, дар ҳолати пайдо кардан минаҳои зиди нафариву танкиро дар як лаҳза безарар мегардонад. Мошини мазкур то чуқурии 25 см метавонад минаро безарар гардонад. Дар марҳилаи дуввум минарубон бо дастгоҳи дастӣ минтақаро тафтиш карда, боқимондаи минаҳо ва ё дигар маводи мунфаҷираро безарар мегардонанд. Дар ниҳоят мутахассисони Маркази Тоҷикистон оид ба мина минтақаро санҷида, онро дар ихтиёри ҳукумати кишвар хоҳад супурд.

Роҳабари гурӯҳи башардустонаи безараргардонии назди вазорати дифои Тоҷикистон –Абдуғанӣ Ваҳоббов мегӯяд, ки дар марказ 16 нафар минҷу фаъолият дошта, ҳамаи онҳо бо либоси махсуси муҳофизатӣ, сарпӯш ва дастгоҳи минапоксоз таъмин ҳастанд. Мутахассисон давраҳои омӯзишии махсусро дар назди САҲА хатм кардаанд. Фаъолияти мазкур хатарнок буда, ҳамасола мутахассисони Гурӯҳи башардӯстонаи безараргардонии назди вазорати дифоъ низ қурбони минаҳо мешаванд. Моҳи марти соли равон як прапоршик ҳангоми безарар гардонии мина вафот кард. Ба иттилои номбурда дар марзи Тоҷикистону Афғонистон маъмулан минаҳои зиди нафарӣ ва танки сохти Русия ва Эрон пайдо ва безарар карда мешаванд.

Бояд гуфт, мошинаи минапоккунии Mini Mine Wolf 1 миллион доллар арзиш дошта, феълан дар Афғонистон ва дигар кишварҳои хатарнок аз мина истифода мешавад.

Ҳумайрои Бахтиёр

 

 

 

 

 

 

 

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)