Бахшҳо
20 апр 2012 06:33Гузориш

Ҷавонони рақамии Тоҷикистон маблағ надоранд

«Мо метавонем.тҷ» яке аз лоиҳаест, ки дар ҳамоиши «Ҷавонони рақамии Осиёи Марказӣ» аз ҷониби Муҳаммадӣ Ибодуллоев муаррифӣ шуда буд ва имрӯз мушкилоти миёни сокинони пойтахт ва шаҳрдорӣ дар сафҳаи он мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифтааст.

Тӯли чанд сол аст, ки ҷавонони соҳибистеъдоди Тоҷикистон лоиҳаву барномаҳои зиёдеро дар бахши фановариҳои иттилоотиву иртиботӣ таҳия мекунанд ва дар ҳамоиши «Ҷавонони рақамии Осиёи Марказӣ» мавриди муҳокимаву муаррифӣ қарор медиҳанд. Имсол ҳамоиши мазкур таҳти унвони форуми «Ҷавонони рақамии Душанбе» дар пойтахт баргузор мешавад. Соли 2011 шаш ҷавони тоҷик муаллифони беҳтарин лоиҳаҳо дониста шуданд.

Бо вуҷуди он ки таваҷҷӯҳи ҷавонон ба фановариҳои иттилоотиву иртиботӣ дар Тоҷикистон назаррас аст, аммо дар амалӣ кардани лоиҳаҳои худ ҷавонон ба мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд. Яке аз мушкилот амалӣ кардани лоиҳа бо дарёфти маблағи муайян дониста мешавад. Мирзо Юсуфов, декани факултаи муштараки Тоҷикистону Украина дар Донишгоҳи технологӣ проблеммаи аслиро хуб муаррифӣ нашудан ё реклама карда натавонистани заҳматҳои ҷавонон медонад. Вай чунин мешуморад, ки ҷавонон бояд худашон роҳу усули ҷалб кардани сармоя ва сармоягузоронро ҷӯста ёбанд. Ба андешаи ӯ агар ҷавонон кори худро реклама карда тавонанд, масъалаи молӣ худ ба худ роҳи ҳалро пайдо мекунад. Вай мегӯяд, ягона мушкилӣ дар рушди фановариҳои иттилотиву иртиботӣ он аст, ки кадрҳои варзидаву касбӣ дар ин бахш камшуморанд. Ҷавонон ба мутахассисоне ниёз доранд, ки онҳоро ба таври ҳирфаӣ омӯзиш диҳанд то ки лоиҳаҳоеро омода кунанд, ки ҳам аз ҷиҳати фаннӣ хуб бошад ва ҳам аз лиҳози амалишавӣ воқеӣ ба назар расанд.

Гуфта мешавад, ки роҳандозии фановариҳои иттилоотиву иртиботӣ дар ҳалли масоили иқтисодиву иҷтимоии мардум мусоидат мекунад. Бо ин мақсад Умед Мирсаидов аз шаҳри Қӯрғонтеппа тарҳи «Саҳифаи электронии эълонҳо ва хизматрасониҳо»-ро муаррифӣ кард, ки ҳадафаш мусоидат ба рафъи мушкилоти иҷтимоӣ ва бо ҷойи кор таъмин сохтани аҳолӣ дар минтақаҳо тавассути хизматрасониҳои электронӣ мебошад.

Талъат Нуъмонов, сарвари ташкилоти ҷамъиятии «Маркази технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ» дар бораи тарҳи нерӯгоҳи механикӣ гуфта гузашт, ки дар деҳоти Тоҷикистон ҳангоми набудани барқ муштариёни интернет ва телефонии ҳамроҳ метавонанд онро истифода кунанд. Ба гуфтаи ӯ ба ғайр аз норасоии мутахассисони баландихтисос тақрибан дигар мушкиле барои ҷавонон садди роҳ нест. Вай изҳор дошт, ки ниҳодҳои давлатӣ ва соҳибкорони хусусӣ барои маблағгузории ин бахш то андозае таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд ва дар сурати пешниҳод гаштани лоиҳаҳои ҷолиб имкони дастгирии молиявӣ бештар шудааст. Агар ҷавонон лоиҳаҳои худро дуруст муаррифӣ карда тавонанд ва барои ҷомеа барномаи боарзиш бошад, ҳатман дастгирӣ меёбад.

Рушди бахши фановариҳои иттилотиву иртиботӣ ба рушди интернету истифодаи васоити электронии навин алоқамандии зич дорад. Аммо ба андешаи таҳлилгарон ҳоло дар Тоҷикистон барои истифодаи онҳо имконият на чандон зиёд аст. Ба андешаи Шавкат Акбаров, яке аз мутахассисони соҳаи технологияҳои навин як мушкили аслӣ дар гузаштан ба хизматрасониҳои электронӣ ё интернетӣ набудани шароити зарурӣ дар идораву марказҳои хизматрасонӣ бошад, проблемаи дигар кам будани теъдоди истифодабарандагони ин навъи хизматрасонист, ки дар рушди соҳа монеа эҷод мекунад. Масалан, баъзе идораҳо ҳатто сомонаи худро надоранд, чӣ расад ба шакли пардохти электронӣ.

Ба бовари Мирзо Юсуфов, декани факултаи муштараки Тоҷикистону Украина дар Донишгоҳи технологӣ рӯ овардани Тоҷикистон ба ин самт ногузир аст ва аз ин хотир ҳар чӣ зудтар гузаштан ба манфиати кор хоҳад буд. Дар асри иттилоот сари вақт дастрасӣ надоштан ба маълумот, бехабар будан аз тағйиротҳои навин ва надоштани имконоти фановарӣ боиси нигаронист. Ӯ мегӯяд, ҷавонони боистеъдоде, ки идеяҳои хуби фановариро роҳандозӣ кардан мехоҳанд, аз кор дар корхонаву идораҳои давлатӣ худдорӣ меварзанд ва ба ширкатҳои хусусӣ ба кор мераванд. Зеро маоши ширкатҳои хусусӣ нисбат идораҳои давлатӣ хеле баланд аст. Дар ҳоле, ки идораву корхонаҳои давлатӣ ба чунин кадрҳое, ки системаи навро дар амал татбиқ кунанд, хеле ниёз доранд.

Исфандиёр Халилӣ

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)