Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:52

"Паёми президент аз лиҳози шакл тақрибан фарқе надошт"

21 апрел 2012, 04:52

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бори 13-ум паёми солонаи худро ба Маҷлиси олӣ ироа кард.

Ба фарқ аз солҳои гузашта имсол паёми райисҷумҳур на дар бинои парлумон, балки дар Кохи Сомон шунида шуд. Андешаҳои коршиносону соҳибназарон дар мавриди паёми навбатии Эмомалӣ Раҳмон мухталиф аст.

Давлаталӣ Саидов, роҳбари Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мегӯяд, президент дар паёми имсолааш нисбат ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ супоришҳои мушаххас дод. Ба қавли ҷаноби Саидов ин иқдоми сарвари давлат боз як қадами дигар ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии сармоягузорон аст.  «Дар паёми имсола барои аз байн бурдани номгӯи технологияе, ки тибқи қарори ҳукумати ҷумҳурӣ қабул мешуданд, пешниҳоди назаррас буд. Ворид кардани технологияи нав ба кишвар барои рушди бахшҳои мухталиф, аз ҷумла соҳаи иқтисод таъсири калон мерасонад».

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ ва вакили парлумон гуфт, ки паёми имсолаи президент аз паёмҳои қаблӣ як каме тафовут дошт, вале аз лиҳози шакл тақрибан фарқе надошт. Вай мегӯяд, борҳо таъқид кардаанд, ки хуб мебуд агар дар шакли паём ҳам як каме тағйирот ворид шавад. «Албатта ин кори президент ва ёварону мушовиронаш аст, ки дар кадом шакл мехоҳанд паёми ҳамасола ба маҷлисро омода ва муаррифӣ намоянд. Вале хуб мебуд, ки бештар атрофи оянда сӯҳбат шавад, то ин ки мардум бидонанд, оянда онҳоро чӣ интизор аст».
Ба қавли роҳбари ҲНИТ факту рақамҳои зиёде дар бораи гузашта ва муқоиса кардани оморҳо, ки ҳамасола такрор мешавад, шояд зарурат надошта бошад. «Имсол дар бахши иқтисодӣ тағйиротҳои хуб буд, вале мутаасифона дар бахши сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ бештар умумигӯӣ буд ва мо тарҳҳо ва иқдомҳои мушаххасро нашунидем. Интизории мо аз паёми имсола як каме болотар буд аз он чизе, ки шунидем. Дар паёми имсола ду се иқдоми мушаххас дар бахши иқтисодӣ гуфта шуд ва воқеанҳам ҷойи қадрдонӣ ҳаст ва агар онҳо амалӣ шаванд фикр мекунам як сабукии хеле зиёде ба соҳибкорон ва ба рушди иқтисодии Тоҷикистон ворид хоҳад шуд».

Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, президент дар бахши сиёсати дохилӣ ҳам таъкид кард, ки бояд тамоми мушкилоти дохилии ҷомеаи мо бо роҳи машварат ва гуфтугӯи байни қишрҳои ҷомеа ҳали худро пайдо кунад ва таъкид ҳам шуд ки мо метавонем ин корро анҷом бидиҳем, вале мушаххасан гуфта нашуд, ки кадом иқдомҳо. «Мо ҳам борҳо таъкид кардем, ки бояд як муколамаи нави миллӣ ба роҳ монда шавад. Агар ишораи президент ба ҳамин бошад, пас бояд, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ чорабиниҳои мушаххас роҳандозӣ шавад, то ҷомеа воқеан эҳсос кунад, ки ҳамин гуна иқдомҳо мешавад. Дар бахши сиёсати хориҷӣ ҳам ҷомеа интизори як каме иқдомҳои ҷиддитар буд. Ба ҳар сурат назари ман ин аст, ки нафароне ки паёмҳоро омода мекунанд, бояд аз умумигӯӣ худдорӣ карда, бештар сари масъалаҳо ба таври мушаххас ишора намоянд»,- афзуд раиси ҲНИТ.

Аммо Сӯҳроб Шарипов, вакили парлумони Тоҷикистон аз ҲХДТ паёми имсолаи президентро иқдоми хело муҳим барои рушди соҳибкорӣ, рушди технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва барои ворид кардани сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон унвон кард: «Ман фикр мекунам дар ин фазо соҳибкор як нафаси озод мекашад ва бо нангу номуси тоҷикӣ он маблағҳое, ки имрӯз доранд бо як дили пур ба иқтисодиёти Тоҷикистон ворид мекунанд».

Сӯҳроб Шарипов гуфт нуктаҳое дар мавриди технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва ҳукумати электронӣ дар паём гуфта шуд, барои рушди бахши технологияи Тоҷикистон кӯмаки бузург хоҳад кард. Номбурда мегӯяд, дар масъалаи сиёсати берунаи Тоҷикистон низ президент пешниҳодҳои хело мушаххас кард. Тоҷикистон дар сиёсати берунаи худ аз рӯи сиёсати дарҳои боз амал мекунад, ки ин ба манфиати кишвари мо аст. «Ман фикр мекунам, ки пешниҳодҳое, ки дар паём сурат гирифт, ҳатман амалӣ мешавад ва раванди иҷрои онро ҳам ҳукумат ва ҳам парламент зери назорат мегиранд. Пешниҳодҳои ироашуда пеш аз ҳама барои фазои озоди рушди иқтисодии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона шудаанд»,-хулоса кард Сӯҳроб Шарипов.


Ибодуллоҳи Тоир


 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!