Бахшҳо
21 апр 2012 05:33Гузориш

Аҷиб: Тоҷикстандарт ҳавопаймоҳои чиниро месанҷад

«Ҳатто ба дараҷае, ки худи Агентии стандартизатсия на лабараторияи дуруст дорад, на мутахассис дорад ва на таҷҳизоти санҷиши баъзе намудҳои технологияву молро. Вале мегӯянд, ки не, бояд ҳатман иҷоза гирӣ. Ин рӯирост суистифода аз мансаб аст».

Шумораи молҳои ҳатман сертификатшаванда бояд аз 7100 номгӯй 2-3 баробар кам шаванд. Ин нуктаро президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солонааш ба парлумони кишвар иброз дошт. Президент гуфт, ки ба мушовирон ва аъзои ҳукумат супориш додаст, то дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ҳар чӣ зудтар роҳҳалҳои масъаларо пайдо кунанд.
Гуфта мешавад, ки ҳукумат барои дастгирии соҳибкорӣ ислоҳотеро дар раванди содагардонии барасмиятдарорӣ ва кам намудани номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ пиёда кардааст. Райисҷумҳур дар паёмаш гуфт, ки агар теъдоди иҷозат барои фаъолияти соҳибкорӣ то ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ 650 номгӯй бошад, ҳоло ҳамагӣ аз 86 номгӯй иборат буда, зарур аст, ки ислоҳот дар ин самт идома дода шавад. Ҳукумат бояд дар давоми як сол ихтисор намудани теъдоди иҷозатдиҳиро то 50 фоиз ва тавассути низоми электронӣ ба расмият даровардани беш аз 30 фоизи иҷозатдиҳиро таъмин намояд.

«Мутахассис надорӣ!»

Вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки доир ба рушди минбаъдаи низоми миллӣ, стандартизатсия ва сертификатсиякунонии корҳои заруриро ҷиҳати тадбиқи ислоҳоти сохтории он ба роҳ монанд ва дар мӯҳлати кӯтоҳ гузариш ба низоми танзими техникиро дар арсаи байналмиллалӣ қабулшуда анҷом диҳанд. Президент қайд кард, ки ин амал шаффофият, дастрасӣ ва самаранокии хизматрасониҳои давлатиро баланд бардошта, муҳимтар аз ҳама ба рафъи омилҳои коррупсионӣ мусоидат мекунанд. Вай аз санҷиши бемаврид ва ғайриҳирфаии Агентии «Тоҷикстандарт» интиқод кард: «Медонед, ки 7000 номгӯи сертификат чист? Ҳатто дар давлатҳои бузург чунин номгӯйи сертификат вуҷуд надорад. Ана як омили коррупсия дар ҳамин ҷост. Ҳатто ба дараҷае, ки худи Агентии стандартизатсия на лабараторияи дуруст дорад, на мутахассис дорад ва на таҷҳизоти санҷиши баъзе намудҳои технологияву молро. Вале мегӯянд, ки не, бояд ҳатман иҷоза гирӣ. Ин рӯирост суистифода аз мансаб аст. Қазоват кунед, ба наздикӣ ширкати «Тоҷик эйр» аз Чин як ҳавопаймои нав, ки дар миёни ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ аввалин аст, ворид кард ва ҳамон замон ҳам «Тоҷикстандарт» ва ҳам гумрук рафтанд. «Не, аз стандарт мегузарӣ, ҳуҷҷат мегирӣ!» О, ту лабараторияатро нишон деҳ! Мутахассисе надорӣ, ки стандарти ин ҳавопайморо санҷӣ. Ин хандаовар аст. Иҷозатдиҳиро камаш се баробар кам кардан даркор!».

Мансабдору соҳибкор кам вохӯранд, фасод камтар мешавад

Соҳибкорони тоҷик аз мавриди тафтишоти нобаҳангому зиёдатӣ мудом изҳори нигаронӣ мекунанд ва мегӯянд, ки ин амали мақомот дар пешбурди тиҷорати онҳо халал ворид месозад. Ба бовари таҳлилгарон ниҳодҳои дахлдор соҳибкоронро бо баҳонаҳои гуногун, масалан, тафтишоти нақшавӣ, тафтиши андоз, тафтиши санитарӣ-эпидемологӣ ё сӯхторхомӯшкунӣ ва ғайра ба ташвиш мегузоранд. Агар ҳамаи ҳуҷҷатҳои соҳибкорон дуруст бошад, тафтишоти берун аз нақша ва дигар намуди санҷишҳо ягон ҷои ҳарос надорад, вале проблема дар он аст, ки гоҳе соҳибкор аз ҳақ будани худ шубҳа дорад ва барои идомаи фаъолияти худ бо мансабдор дар мавзӯи ёфтани роҳи ҳал ва пардохти ришва ба мувофиқа меояд.   
Президент мегӯяд, бозори дохилӣ барои пешбурди соҳибкорӣ ва сармоягузории мустақим бояд ҷалбкунанда бошад ва дар он истеҳсолкунандаву истеъмолкунанда озодона фаъолият намуда, ба ҳар гуна монеаҳои сунъиву бюрократӣ ва фишори назорату тафтишоти маъмурӣ дучор нагарданд. Ҳар чӣ қадар дар ҷараёни кор соҳибкор бо мансабдор кам рӯ ба рӯ шавад, ҳамон қадар шиддати коррупсия дар ҷомеа коҳиш меёбад.

50 %-и кормандони андоз ихтисор мешаванд?

Коршиносон пешниҳод мекунанд, ки барои кам кардани коррупсия дар фаъолияти андоз бояд системаи автоматӣ роҳандозӣ шавад. Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, ки чӣ хеле дар дастгоҳ пули телефони мобиливу маблағи барқ супорида мешавад, додани андоз низ бо чунин шакл роҳандозӣ гардад ба манфиати кор аст. Зеро чунин система якум боиси коҳиши коррупсия мегардад ва дуюм истеҳсолкунандагонро дигар нозирони андоз ба ташвиш намегузоранд. Агар соҳибкор андоз насупорида бошад, нозир ҳатман маблағи аз будаш зиёдро талаб мекунад ё ба кисаи худ мезанад. Ба бовари ӯ дар Душанбе ҳазорҳо нафар нозирони андоз фаъолият мекунанд, ки кори онҳоро як компютер метавонад иҷро кунад. Яъне ҳам маблағ сарфа мешавад ва ҳам фаъолияти шаффоф роҳандозӣ мегардад.

Дар ҳамин маврид Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём гуфт, ки агар соҳибкорон содиқона фаъолият кунанд ва ба пинҳонкорӣ роҳ надиҳанд, ихтисори то 50 дар сади кормандони Кумитаи андозро метавонад ба миён гузорад. Ҳамзамон сохтору мақомоти давлатиро вазифадор кард, ки тавассути ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар фаъолияти худ бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ чораандешӣ намоянд.
Маврид ба ёдоварист, ки саҳми соҳибкорон дар рушди иқтисоди кишвар сол то сол бештар мешавад. Танҳо дар соли 2011 аз ҷониби соҳибкорон ҳудуди 1000 иншоот сохта ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла дар соли гузашта бо ташаббуси соҳибкорон 100 корхона ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Исфандиёр Халилӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)