Бахшҳо
21 апр 2012 07:11Сиёсат

Ихтилофи Тоҷикистону Ӯзбакистон барои НАТО аст?

Коммунистҳои тоҷик мухолифи интиқоли таҷҳизоти НАТО аз тариқи хоки Тоҷикистонанд
Коммунистони рус ҳукумати кишвари худро ба хиёнат ба ватан мутаҳҳам карданд. Онҳо мегӯянд, ин хиёнат дар пайи иҷозати интиқоли таҷҳизоти НАТО аз тариқи қаламрави Руссия содир шудааст. Ҳафтаи гузашта ҳамчунин гурӯҳе аз коммунистон дар зодгоҳи асосгузори худ Владимир Ленин таҷҷамӯъ карданд ва бори дигар аз ҳукумат дархост намуданд, ки аз иқдоми худ дар бораи иҷозат додан ба интиқоли таҷҳизоти НАТО аз тариқи қаламрави Русия худдорӣ кунад Ҳукумати рус ба ин бархӯрди коммунистони худ, ки дар интихоботи охири президентӣ мақоми дуввумро соҳиб шуда буданд, барӯрди шадид намуд.

 


Ин гуна вокуниши намояндагони Ҳизби коммунисти Русия ба иқдоми Ҳукумат дар бораи иҷозат додан ба интиқоли таҷҳизоти НАТО  аз тариқи қаламрави кишварашон дар ҳолест, ки баъзе аз кишварҳои Оисиёи Миёна низ ба иқдоми Кремл дар ин бора вокуниши манфӣ бадар кардаанд. Аз ҷумла гуфта мешавад, яке аз сабабҳои асосии сарди гароидан дар муносиботи байни Русия ва Қирғизистон дар ҳамин масъала ниҳон аст. Зеро маҳз дар Бишкек ба ин хулоса расидаанд, ки бо интиқоли таҷҳизоти НАТО аз тариқи Русия Кремл мехоҳад, кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Қирғизистонро аз дарёфти маблағҳои барзиёд маҳрум созад. Чун имкон дорад  ҳангоми транзити НАТО Ҳукуматҳои ғарбӣ ба ҳукумати кишварҳое, ки ин таҷҳизот аз қаламравашон интиқол меёбад, маблағҳои ҳангуфт диҳанд. Илова ба ин, шояд қисмате аз ин аслиҳаҳо дар хоки ин кишварҳо боқӣ монад.

Ҳамчунин бархе аз коршиносони тоҷик изҳори назар кардаанд, ки яке аз сабабҳои асосии шиддат гирифтани муносиботи байни Ӯзбакистон ва Тоҷикистн низ ба ҳамин масъала сахт рабт дорад. Аммо то кунун  ҳеҷ кадоме аз нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон ва мақомдорони кишвар низ дар ин бора изҳори назар накардаанд. Бо ин вуҷуд,  раҳбари коммунистҳои Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов, зимни сӯхбат бо мо гуфт, ӯ ва ҳамҳизбҳояш мухолифи вуруди таҷҳизоти НАТО ба Тоҷикистон мебошанд.

- Ба андешаи ман, вуруди ин таҷҳизот метавонад, муносибати байни кишварҳоро боз ҳам шиддати манфӣ бахшад. Аз ин хотир мо чунин меҳисобем, ки вуруди таҷҳизоти НАТО ба Тоҷикистон нозарур аст. НАТО набояд, ҳатто як туфанги худро ба кишвари мо ворид кунад. Зеро дар ин сурат имкон дорад, ки кадом бесарусомониҳое  сурат бигиранд. Ба мо дигар ҷангу ҷанҷол лозим нест. Аз ин рӯ ҳукумати Тоҷикистон бояд аз фоидаи эҳтимолии аз ин ҳисоб ба даст меовардааш, даст кашанд. Худи ман дар Афғоннистон солҳои  тӯлонӣ кор кардаам ва фаъолияти нерӯҳои НАТО-ро ба чашмони худам дидам. Ин аст, ки мо коммунистони тоҷик ба ворид шудани ин таҷҳизот ба Тоҷикистон мухолиф ҳастем- мегӯяд Шабдолов.

Дар ҳамин ҳол муовини раиси Ҳизби сосиал демократи Тоҷикистон Амният Абдулназаров, масъалаи интиқоли таҷҳизоти НАТО аз тариқи кишварҳо  ба бозии геополитикии мамолики абадқудрат нисбат медиҳад. ӯ мегӯяд, Тоҷикистон дар ин ҳолат бояд бештар ба кишварҳои ғарбӣ такя кунад. Зеро Русия тайи солҳои зиёд нишон дод, ки танҳо ба дунболи манфиатҳои худ ҳасту ба кишварҳое, чун Тоҷикистон манфиате оварда намехоҳад.
-Бубинед Русия ҳар чӣ, ки дар Тоҷикистон сохт, аз ҷумла нерӯгоҳҳоро  саҳмияҳои бештари онҳоро аз худ намуд. Ҳатто Тоҷикистонро  қарздор ҳам кард. Ман мутмаинам, ки кишварҳои ғарбӣ ба ғайр аз манфиатҳои молиявӣ ҳамчунин манофеи стратегии худро фаромӯш намекунад, ҳаққи Тоҷикистонро низ сарфи назар нахоҳад кард.

Сайфулло Сафаров, муовини директории Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон  низ аз интиқол додани таҷҳизоти НАТО- тариқи қаламравӣ Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунад. ӯ мегӯяд, аз ин ҳисоб кишвари мо натанҳо нафъи молӣ хоҳад дид, ҳамчунин боиси баландтар рафтани имиҷи кишвар хоҳад гардид. Сафаров имкони баҳс вуҷуд доштан дар масъалаи интихоби интиқоли НАТО  аз тариқи Тоҷикистон бо Ӯзбакистонро комилан беасос медонад. "Зеро Тошканд аз Хукуматҳои  Ғарбӣ барои ин иқдом маблағи дандоншикан пурсид, ки ба он розӣ нашуданд" мегӯяд ӯ.

Муҳиддин Кабирӣ , раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон,  низ ба ин назар аст, ки баҳсҳои охири шиддатгирифта  дар муносибат байни Тоҷикистону Ӯзбакистон фаротар аз масъалаи интиқоли НАТО аст. Дар масъала мавқеи ҳизбиашон Кабирӣ мегӯяд, ҳар кишвар барои манфиати молии худ, талош хоҳад кард. "Шояд ҷониби Тоҷикистон ҳам дар ин замина ягон тавофуқот ба имзо расонидааст.  Бо вуҷуд НАТО  шояд бо Ӯзбакистон ҳам кадом созишномае дорад. Зеро ин кишвар низ барои онҳо хеле муҳим аст- мегӯяд раиси ҲНИТ.

Аммо сиёсатшинос Абдуғанӣ Маҳмадазимов дар ин масъала назари дигар дорад:

- Шиддат гирифтани муносиботи Ӯзбакистон ва Тоҷикистон то ҷое маҳз ба ворид намудани таҷҳизоти НАТО  рабт дорад. Ин таҷҳизоти ғайриҳарбӣ ба Тоҷикистон ба ҷуз манфиат дигар чизе ба даст намеорад. Аммо аксарият фикр мекунанд, ки бо дохил шудани ин таҷҳизот эҳтимол Амрико ба сохтани базаи ҳарбии худ ин ҷо шурӯъ намояд. Ба назари ман ин ду масъалаи хеле муҳим аст ва онро  набояд ба ҳам омехт.- мегӯяд ӯ.
Ба назари ин сиёсатшинос манфиате, ки аз ин хисоб Точикистон метавонад ба даст биёрад, бештар аз 1- миллард доллар аст. "Шояд Ӯзбакистон кӯшиш намояд то садди роҳ шаваду Тоҷикистон ба ин имкон наёбад" - тахмин мезанад Маҳмадазимов .
Дар ҳамин ҳол, ба фарзияи бархе аз таҳлилгарон то андозае нармшавии муносиботи байни Тоҷикистону Ӯзбакистон, ки бо интиқоли гази Ӯзбакистон ба Тоҷикистон шурӯъ шуд, маҳз бо дахолати кишварҳои ғарбӣ сурат гирифтааст. Аз ин хотир эҳтимол дорад, бо такя ба ин кишварҳо масъалаи мавҷудаи дигари байни ду кишвар роҳи ҳалли худро пайдо кунанд.

Ҷамила Мирбозхонова

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)