Бахшҳо
21 апр 2012 08:08Иқтисодӣ

Хатари таваррум дар Тоҷикистон

Таваррум агар аз ҳадди муътадил гузарад, ҳамонанди фақру бекорӣ яке аз нишондиҳандаҳои ноустувории макроиқтисодӣ ҳисобида мешавад ва беш аз ҳад болоравии он авоқиби нохуберо барои ҳар кишваре ба бор меорад. Зеро бо афзоиши нархи молҳо, ки ба дунболи худ болоравии қимати хидматрасониҳоро дар пай дорад, қобилияти харидории мардум паст мегардад. Кишвари фақире чун Тоҷикистон оё набояд аз болоравии мизони таваррум нигарон бошад?

Оё таваррум дар Тоҷикистон аз ҳадди миёнааш гузаштааст?

Аз рӯи омори расмӣ мизони таваррум дар кишвар 6,5% - ро ташкил медиҳад. Дар моҳи феврали соли ҷорӣ таваррум 0,2% буд, ки ин нишондод дар авохири 2 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ 0,6% - ро ташкил дод. Тибқи омори Бонки миллии Тоҷикистон таваррум дар 12 моҳи ахир, ба 6,5% расидааст. Имсол БМТ қасд дорад мизони таваррумро дар ҳадди 10,5% нигоҳ дорад. Таваррум порсол 9,8% буд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ то охирҳои соли 2011 қасд дошт то тавармуро дар сатҳи 7% нигоҳ дорад, аммо мизони таваррум дар мобайнҳои сол ба 11% расид. Вале бо ҳамаи инҳо коршиносон бар ин назаранд, ки сатҳи таваррум хеле болотар аз омори расмист. Чунки нархи маҳсулот дар баъзе соҳаҳо то 50 дарсад зиёд гаштааст. Бо болоравии мизони таваррум афзоиши нархи маҳсулоти ғизоиву нафтӣ таъсири мустақим доштааст. Аз сӯи дигар, Тоҷикистон аз сабаби надоштани истеҳсолоти дохилӣ  бештари молҳои мавриди ниёзашро аз хориҷа ворид мекунад ва аз саббаи ҳамин арзиши ин молҳо боло рафта таваррум афзоиш меёбад. Чунончи тибқи омори агентии омор, содироти мо порсол 1 256,9 буд ва воридотамон ба 3 186,4 буд, ки дар натиҷаи он баланси савдои хориҷии мо манфӣ баромада ба -1 929,5 баробар шуд. Чанд рӯз қабл ҳам мутахассисони "Economist Intelligence Unit" тахмин заданд, ки тарози савдои берунии Тоҷикистон дар соли 2012 - 13 боз ҳам мафнӣ мебарояд.

Доктори илмҳои иқтисод Табаралӣ Ғаниев дар бораи меъёри таваррум мегӯяд, ки  дар ҷаҳони севвум то 10 фисади таваррум ба шакли стандартӣ қабул шудааст. Ва меъёри таваррум танҳо дар давлатхои мутараққӣ паст аст ва ё аслан вуҷуд надораду монанди нишондиҳандаи иқтисодӣ амал мекунад, зеро ин давлатҳо таъминкунандаи  рушди устувори иқтисодӣ ҳастанд.

Оморҳои бонки миллӣ бо воқеъият рост меояд?

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки нархи молҳои ғизоӣ ва сузишворӣ дар кишвар мудом дар ҳоли афзоиш аст, метавон ба эътимоднок будани оморҳои ироадодаи БМТ бовар кард? Доктори илмҳои иқтисодӣ Табаралӣ Ғаниев дар посухи ин суол мегӯяд: "вақте бонки миллӣ масъули гузаронидани сиёсатҳои пуливу молисту дараҷаи таваррумро аз нигоҳи бонкӣ муайян мекунад, бинобарин оморҳояш бояд асоси илмӣ дошта бошад. Дар вақти муайян кардани ин ё он нишондиҳандаи иқтисодӣ аз ҷумла таваррум, мо бояд нишондиҳандаи дигар соҳаҳоро ҳам ба инобат гирем. Дар шароите, ки Тоҷиктсон сиёсати дарҳои бозро дорост, вобастагии нишондиҳандае, ки барои таваррум корбурд мегардад, омили берунаи макроиқтисодӣ, омили ҷаҳонии болоравии нархҳо масалан камбудии воридшавии ин ё он мол ба кишвар дар ин маврид таъсир дорад. Дар илми иқтисод як қоидае ҳаст, ки ҳар он чи пешгӯӣ карда мешавад, дар он эҳтимолияти то 10 - 20 фоиз тағир ёфтанаш ҳаст. Ба ҳамин хотир агар 6% эълон кунанд, мо намегӯем, ки нодуруст аст, ин аз эҳтимол дур нест. Барои ҳамин дар доираи эҳтимолияти ин нишондиҳанда бояд андеша кард."

Давлат таваррумро дар сатҳи мӯътадил нигоҳ медорад?

Дар баъзе маворид ба далоили гуногун нархи молу хидматрасониҳо паст мераваду он пастравӣ "дефлятсия" ном дорад, ки хусусияти муваққатиро дорост. Дефлятсия бояд таҳти назорати ҳукумат бошад, зеро муддати тӯлонӣ давом ёфтани он, боиси пастравии истеҳсолоту дараҷаи зисти мардум мегардад. Доимо коҳишёбии нархҳо фоидаи ширкатҳоро кам карда имкониятҳои онҳоро барои тараққӣ додани иқтисодиёт маҳдуд мегардонад. Зарари дигари поёнравии доимии нархҳо ин аст, ки қобилияти мардум барои харид коҳиш ёфта қисме аз молҳои бозорӣ ба фурӯш намераванд ва истеҳсоли онҳо зараровар мегардад. Ба ҳамин хотир ҳукумат набояд ба дефлятсия роҳ диҳад ва бояд таваррумро дар сатҳи мӯътадил ё миёна нигоҳ дорад.
Давлат наметавонад монанди даврони шӯравӣ нархҳоро бо фармону дастур танзим кунад, зеро ин бо қонунҳои бозор мувофиқат намекунад ва дар ин ҳолат тоҷирон метавонанд пинҳонӣ молҳои худро бо нархи дилхоҳ фурӯшанд ва ё аз фурӯхтани молашон саркашӣ кунанд. Барои танзими таваррум, таҳлилгари масоили иқтисодӣ Сафват Бурҳонов чунин андеша дорад:"пули мо дар он ҳадде нест, ки зуд хезад ва ё зуд боло равад. Роҳи контроли таваррум дар кишвар ҳаст. Масалан агар пул беқурб шавад, давлат бо пахши 10 млн. сомонӣ метавонад арзиши онро дубора бозгардонад. Зеро бозори мо хурд асту аз он тарсидан лозим нест. Чун ҳисоббаробаркуниҳо ҳама нақдӣ мегузарад, Бонки миллӣ таваррумро на идора карда метавонад ва на пешгӯӣ. Аз сабаби хурд будани давлати мо ва камии ҳаҷми гардиши пул дар муомилот, идора кардани таваррум осон аст".

Иқтисоддонон мегӯянд, ки давлат барои дар ҳадди мӯътадил нигоҳ доштани таваррум бояд ҳаҷми пул ва сохтори онро танзим кунаду қурби сомон? ва таваррумро дар як сатҳ нигоҳ дорад. Ва боз мебояд фоизи қарзҳоро нисбати таваррум афзоиш диҳад ва даромаду хароҷоти буҷетро бо мизони таваррум баробар гардонад. Аз с?и дигар бояд корхонаҳои зарароварро кам гардонаду назорат аз болои ширкатҳои монополиро бештар гардонад. Ҳамчунин зиёд кардани боҷи гумрукӣ барои молҳои воридотӣ ва низ дастгирии истеҳсолгарони дохилӣ ва ниҳоят роҳ надодан ба асъорҳои хориҷи дар савдои дохилӣ, аз ҷумлаи дигар роҳҳое ҳастанд, ки давлат метавонад аз онҳо барои кам кардан ва ё дар сатҳи миёна нигоҳ доштани таваррум истифода барад.
Дар Тоҷикистон нархи молҳо солҳои 1990 - 1996 то ба 2000 фоизи солона боло рафт. Баъдҳо бо роҳандози сиёсати пуливу қарзӣ ин болорваии нархҳо то андозае мӯътадил гашт. Гуфта мешавад, ки баланд шудани суръати гардиши пул дар муомилот маънои афзоиши ҳаҷми пулро дорад. Дар мамлакатҳои рушди иқтисодиёташон суст таварруми 1 то 2 фоиз метавонад дар муддати кутоҳе нархи молҳоро баланд бардорад. Аммо 1 - 2 фоиз афзоиши таваррум дар мамолики мутараққӣ чизи одист.

Ҳоло саволе матраҳ мегардад, ки чаро решаи таваррум рӯз то рӯз дар Тоҷикистон қавитар мешавад?

Ба гуфтаи иқтисоддонон сиёсати нодурусти пуливу қарзӣ, беқурбшавии асъори миллӣ, болоравии арзиши ашёи хом ва наздикшавии нархи барқу оби кишвар ба нархҳои ҷаҳонӣ мизони таваррумро боло бурдааст.
Гузашта аз ин монополияи соҳаҳои гуногун аз тарафи касоне, ки дар ҳукумат нуфуз доранд яке дигар аз омилҳои рушди таваррум аст ва ҳамроҳи ин қарз гирифтани давлат аз созмонҳои байналмилаливу соири кишварҳо ва чопи пул барои пӯшонидани касри буҷет, ҳаҷми пулро дар муомилои зиёд карда ба болоравии таваррум замина гузоштааст.

Оқибатҳои ногувори таваррум

Болоравии таваррум паёмадҳои манфии иҷтимоиву иқтисодиву сиёсӣ дорад. Зарари иҷтимоии он ба муалимону духтурону дигар шахсоне мерасад, ки аз ҳисоби буҷет маош мегиранд. Зеро то қабл аз болоравии нархҳо онҳо бо маоши худ метавонистанд миқдори муайяни хӯроку пӯшокро харидорӣ кунанд, аммо бо болоравии нархҳо ҳаҷми муайяни молҳоро харидорӣ карда наметавонанд, зеро маоши онҳо то чанд вақт бетағйир мемонад.
Аммо аз нигоҳи иқтисодиву сиёсӣ, таваррум боиси суст гардидани фаъолияти соҳибкорон ва дигар субъектҳои иқтисодӣ, коҳиш ёфтани сармоягузориҳои дарозмӯҳлат ва рушди бо суръати иқтисодӣ ниҳонӣ мегардаду додани андозҳои иловагиро ба давлат зиёд менамояд. Зеро бо афзоиши нархҳо маблағи андозҳо зиёд мегардад. Бояд илова кард, ки беҷиҳат болоравии таваррум қурби пули миллӣ, захираҳои пулии аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳоро паст мегардонаду бонкҳоро ба сӯи варшикастагӣ мебарад.
Аммо ин ки таваррум боз чи хатароте дорад, доктори илмҳои иқтисод Табаралӣ Ғаниев чунин шарҳ медиҳад, "дар иқтисодиёт кам шудан, беқурбшавӣ ва ё боздеҳи ками захираҳо маънои хоси худро дорад. Дар илми имрӯзаи иқтисод 5 захираи асосӣ ҷудо карда мешаванд ва ҳунари илми иқтисодӣ ин шинохтан ва самаранок истифода бурдани ин захираҳост. Ин захираҳо захираҳои башарӣ, яъне вақте сатҳи таваррум баланд мегардад, боздеҳи захираҳои башарӣ, боздеҳии сарватҳои табиӣ, боздеҳии сармояву молу мулки мардум, боздеҳии худи иттилооту ҳунарҳо кам мешавад. Вақте ҳунаре пештар бо нархи собиқ подош дошт, бо бавуҷуд омадани 10% таваррум он ҳам 10 фоиз кам мегардад. Дар маҷмуъ аз судоварии он соле, ки мо аз умри худ мегузаронем, ин 10 дарсад умеду орзуи моро таъмин карда наметавонад".
Пас БМТ ва дигар ниҳодҳои дахлдор бояд дар фикри роҳандозии сиёсате бошанд то таваррум дар кишвар аз ҳадди меъёраш нагузарад. Зеро аз як тараф дефлятсия, аз тарафи дигартаварруми шадид ва ё болоравии бесобиқаи арзиши молҳо метавонанд бар рушди микроиқтисод (иқтисоди ойила, корхона, фабрика ва ғайра) ва макроиқтисод таъсири манрфӣ расонанд.

Сиёвуш Қосимзода
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)