Бахшҳо
21 апр 2012 08:20Иҷтимоӣ

Мазҳакаи замин ва ормонҳои миллӣ

1. Забонхати таърихӣ Тибқи фармони ҳукумати ҷумҳурӣ ба мардумоне, ки ба замину манзили зист ниёзи аввалдараҷа доранд, бахшу тақсими он ба ҷараёни фарогир табдил ёфт. Ва сар шуд: ғавғо, ҳамҳамаву дамдама ва бонгу ғиреви роҳбарон. Фалон ҳуҷҷат тайёр кунед, нусхаҳои аснод омода намоед, хатти ЗАГС пешниҳод кунед ва... як тӯда коғазу коғазчаҳои дигар. Ва мардум, ки ба ин қабил коғазбозиҳо кайҳо одат кардаанд, аз пайи гирду ғун намудани ҳуҷҷату аснод шуданд. Ва он ҳамаро дар бастае ҷой кардаву ба идораи раиси деҳ ва баъдан ҷамоати деҳот бурда супориданд.Ва таҳлилу баррасӣ ва муҳокимаи асноди мардум дар идораи раиси деҳ ва ҷамоат шурӯъ гардид. Бас дақиқу амиқ ва жарфу ҳамаҷониба аз назари санҷиш гузаронданд он парвандаҳоро. Воқеан ҳам, вазъияти ботантанаи сиёсии давраҳои Шӯравӣ барин, дар ҷамоатҳои деҳот гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуд. Ва ин гурӯҳҳои корӣ иборат аз раиси кумитаи замини ҷамоат, котибу кадом як муҳосиб ва яке аз муовинони раиси деҳа дар кӯчаҳои деҳаҳо ба пайдо омаданд. Як тӯда ҳуҷҷату санадҳоро ба соҳибонашон баргардонданд. Мазмун, камбудиҳову нуқсонҳояшро ислоҳ кунед. Пас-он дубора дар бастае биёвареду ба масъулон бисупоред.Ва мардум ба хотири як порча замин чунин ҳам карданд. Боз ба чашми таҳқиқ ба он ҳуҷҷатҳо бингаристанд ва дафъатан нуқсонҳоро бартараф карда, як парвандаи ороставу перостаро бурданду супориданд ба идораҳои деҳу ҷамоат. Фосилаҳое аз Вақту Замон сипарӣ гардид. Як сукунату хомӯшии дурударозе ба миён омад. Ва мардум пеши худ мегуфтанд, ки "масъалаи замин бо ҳамин хапу хомӯш гардид чӣ бало?". Як сол чӣ ки, ду сол гузашту рафт. Соли 2010 аз моҳи май тантанаи тақсимоти замин оғоз шуд ва кунун, январи соли 2012 фаро расид.Яке, дар як рӯзи сарду барфии зимистон, ки аз шиддати сармо симҳои барқӣ хам зада буданд, боз ғалоғулаву шӯру қиёме ба зуҳур омад. Касе аз чорроҳаи деҳа хабар дод, ки имрӯз дар ҷамоати деҳот як бори дигар ҳуҷҷатҳоро медидаанду бо роҳи қуръапартоӣ аз мавзеи Оқтоқ замин медодаанд. Ва андар соати 9.00-и саҳар мардум шитобиданд ҷониби идораи ҷамоати деҳот. То соати 16.00-и бегоҳ аз чӣ бошад, мардумро зери барфи бошиддат, ки чаппаву роста меборид, маътал карданд. Ва баъди ин ҳама, раиси кумитаи замини ҷамоат тоқии манорамонанди чоргули сиёҳашро, ки бо ҷилову тобишаш чашм мебурд, болотар бардошта, эълом дошт, ки:- Эй, мардум! Як нозукие ин ҷо сар задааст. Гап сари ин аст, ки бояд ҳар яки шумо як забонхати дигар навишта оред. Дар он забонхат кӯтоҳакак сабт мекунед, ки ба мо аз кадом макону мавзее, ки замин медиҳанд, розием ва ҳеҷ зиддияту мухолифат надорем. Бовар кунед, бе ин забонхат ба шумо замин дода наметавонем. Фармон аз болост!- Аз боло шонаву аз таг фонааш ана ҳамин аст, - ғурунгид боқаҳр Рустами "звена" ва ҳамчунон ғазаболуд бошитоб сӯи деҳи Моҳикаш роҳ кашид.Ва мардум, чуноне ки одатӣ аз давраҳои ҳазрати Одам мондаашон буду ҳаст ва мемонад, бо ҳамон хуву сиришти сарафкандагӣ баргаштанд ба хонаҳошон ва оҷилан забонхат навиштанд, ки заминро диҳед, шудан мегирад. Ба мо фарқ надорад, ки аз куҷо медиҳед. Ва субҳи зуди фардо боз роҳ гирифтанд ҷониби идораи ҷамоат ва хушҳолу шодон варақаҳои забонхатро "бо ду дасти адаб" супориданд ба раиси кумитаи замин. Ва раиси кумитаи замин хандаи "ҷигарие" карду аҳсан хонд ба мардум:- Вообщета, мардуми мо "маладес". Гуфтӣ, сараза иҷро мекунанд. Офарин!!! 2. 1000 сомонӣ баҳои замини қонунӣ Ва ростӣ, макру ҳияли раҳбарон муассиру корагар баромад. Забонхатҳои баъдӣ кор доданд. Мардумро, чуноне қаблан дар дигар навиштаҳоямон рӯшанӣ андохта будем, аз талу теппа, адиру дараву сой замин тақсим карданд. Ва сокинони деҳу русто лабҳо кашолу қавоқҳо овезону фурӯҳишта дасти афсӯсу надомат бар сар заданд, ки айбу хатоӣ аз худамон гузашт. Чӣ ҷои пинҳон доштан? Акнун саратро ба девор бизан! Ва дар он талу теппаҳо, адиру обкандаҳо на имкони хона сохтан меёбад кас, на ҳавлию ҳота барпо кардан. Ва дар ҳамин ҳол, раисони деҳ, дар алоҳидагӣ аз замингирҳо қотеъона талаб карданд, ки 1000 сомонӣ барои ин заминҳо маблағ пардохт мекунед.- 1000 сомонӣ? - аз ҳайрат даҳонашро калон кушод Назриддин. - Ин пул барои чӣ? Охир, наход барои замини қонунӣ ҳам пул диҳанд?- Даркор, даркор, - саҳл ранҷида иброз дошт раиси деҳ. Пулро месупоред, ба шумо "квитанса" медиҳанд.Ва мардум боз ҳам бовар карданд ва бурданду бо ду дасти адаб супориданд 1000 сомониро.- Дидед, дидед, - бо зардаву киноя луқма партофт Рустам. - Инҳо арбобанд, арбоб. Ва арбоб занад ба ҳар боб. Фаҳмидед, акнун?Дарвоқеъ, ман ҳам ин нозукиву нуктаи аҷибро дарк накардаму нафаҳмидам. Барои замини қонуние, ки бигузор аз дараву талу теппаҳо бидиҳанд, 1000 сӯм барои чӣ? 3. Сохтакориҳои телевизион Як нафар бо исми Насриддин гуфт: дар ҳамон як рӯзи "туф куну ях куни" зимистон мардумро даъват карданд, ки ба мавзеи Оқтеппа меравед, заминатон медиҳем. Ва мардуми хаставу пакар, занону мардон ва тоифае аз муаллимон роҳ сӯи он мавзеъ гирифтанд. Ва пас аз тайи мароҳилу манзил оқибат расиданд ба он ҷо. Дар як ҷойи андаке ҳамвортар мизу мизчаҳо мондаву бо алвони сурх пӯшондаанд. Раисону роҳбарон ва намояндагони галстук ба гардан, ки ҳамагӣ пӯстинҳои чармӣ дар бар доштанд, он ҷо ҳозир буданд. Ташвишу такопуе ҳукмфармо буд. Як идда "хидматчиҳои" ҷамоат ин тарафу он тараф медавиданд, банду таноб мекашиданд, заминҳоро ҷудо мекарданд. Лаҳзае баъд кормандони телевизион омаданд. Тантанаи ҳақиқӣ сар шуд. Ҳофизон ба сурудхонӣ сар карданд.Наворгирии мавзеъ ва заминҳое, ки ба мардум бояд ҳиссу бахш карда мешуд, ба ҷараён даромад. Тақрибан ба шаш нафар замин ҷудо карда доданд. Ва ҳаво сардтар мешуд, кадом намояндаи ҳукумати ноҳия рӯйи ях парӯ афтод, кулоҳаш аз сар парид. Либосҳояш бо лою барф омехта гардид. Раиси ҷамоат баромад кард. Ҳай тавсифу муболиға кард, ҳай баҳо дод кору фаъолияти худро. Гӯё ки беҳтарин заминҳоро тақсим карда медода бошад, гӯё ки аз замини падарияш ҳотамӣ карда, ба мардум дасти ҷуду сахо дароз мекарда бошад, гӯё ки дар зарфи 20 соли истиқлолият қаҳрамонии нодир ва мӯъҷизаоваре карда бошад. Гӯё ки...Ва 5-6 нафар сокини соҳиби замин гардидаи деҳу рустои ҷамоат бас ботафохур ва бо ҳарорат аз микрофон суханронӣ карданд ва миннатдории бепоён баён намуданд.- Ҳазор раҳмат ба раисамон! Сарашон дардро набинад! Илоҳо, хокро гирад, зар шавад! Илоҳо, 1000 соли дигар умр бинанду раиси ҷамоати мо бошанд! Ва ғайраву ҳоказо.Ва чун сармо неш бар баданҳо задан гирифт, тантанаро мухтасар кардаву издиҳомро ҷавоб доданд.- Чӣ, ба дигарон замин намедода бошанд? - пурсид аз ин масхарабозӣ ба танг омада кампири Ороста.- Ягон моҳ пас, - фаҳмонд раиси кумитаи замин. - Ин заминдиҳӣ ба хотири "записи" телевизион буд холла! Фаҳмидӣ? 4. Заминҳои фермерӣ фурӯхта шаванд! Усул ба дасти нақорачӣ! Ба мардуми ниёзманд дар марҳалаи аввал раҳбарон гӯё ки заминро барои манзили зист тақсим карда доданд. Ва аммо суоле он ниёзмандони заминро ба андеша мувоҷеҳ кардааст, ки ба чӣ ваҷҳ ба онҳо аз мавзеъҳои ҳамвору обӣ неву аз талу адиру дараҳои касногузар замин додаанд? Сирри ин амал дар чист? Ҳай нодонҳо, ҳай ғофилҳо! Гӯё намедониста бошанд, ё медонанду ҷое лаб ба шикваву шикоят намекушоянд, чун тарсу ҳароси азалӣ вуҷудашонро дар чанголи чандирмонанди худ мӯҳкам нигоҳ медорад.Заминҳои ҳосилхезу боби обиро мефурӯшанд ва фурӯхта истодаанд, раисони деҳшӯро. Ва рӯинтаниву ҷасорат ва бебокиро бубинед, ки ин тоифаи амалдорон, намояндагони барҳақи Ҳукумати феълии Тоҷикистон ҳамакнун даст ба тороҷу фурӯши заминҳои фермерӣ задаанд. Бовар намекунед? Бовар кунед!Заминҳои фермериеро, ки дорои ҳуҷҷату асноди қонуниянд ва тибқи қонун он моликияти истисноии давлат маҳсуб меёбад, ба савдо задаанду зада истодаанд. Чӣ тавр? Ба соҳиби замини фермерӣ ду ё се замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда медиҳанд (аз ҳамон замини фермерии худаш!) ва боқимондаи онро (хоҳ 1 гектар бошаду хоҳ 4-5 гектар, фарзи мисол-дия!) 8-10 сотихӣ ба табақаи сарватманду пулдор ҳамчун замини шахсӣ баҳри манзили зист мефурӯшанд. Дар рӯзи равшан, дар пеши чашми ҳамаи одамон! Ва касе эътироз намекунад, касе садо баланд намекунад, ки "ҳой мардум, охир ин замини фермерӣ мебошад, онро фурӯхтан қонунан манъ аст, балки ҷиноят аст!".Ва фурӯшу талаву тороҷи замин дар кишвари демокративу ҳуқуқбунёди Тоҷикистони азиз роҳат дар ҷараён аст. Ва Ҳукумати кишвар бо ҳамин раисони ҷамоат, ки намояндааш мебошанд, 20 сол мешавад, ки ғояву ормонҳои миллии ин мардуми сарсахтро пиёда кардан мехоҳад. Мехоҳаду наметавонад. Чаро наметавонад, ваҷҳаш маълуми маълум аст!Дар сӯҳбате ба намояндаи ниҳоди марбутаи мубориза алайҳи ришвахорӣ ин нуктаҳоро хотиррасон намудем. ӯ бепарво ғурунгос зад, ки ба мо факту далели аниқ пешниҳод кунед, ана баъд муборизаро тамошо кунед. Ёбу гир! Мо, ки шахсони воломақомро ба шумо ёфта бисупорем, пас моҳияти арзи вуҷуд доштани шумо баҳри чист? Нафаҳмидам...Хуллас, раисон, ҳоли ҳозир дар ғами ба савдо задани заминҳои фермериянду мову шумо дар андешаи ояндаи миллат. Шуморо намедонам, аммо ман сахт дар ташвишам, ки бо ин тоифа ояндаи миллат чӣ мешуда бошад?! Ш.СУҲАЙЛ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)