Бахшҳо
23 апр 2012 08:59Гузориш

Намояндаҳои калисои рус дар ҷустуҷӯи душманҳои «эҳтимоливу хаёлӣ» афтодаанд

Чанд падидаи охири Русия инсонро дар ҳолати шок қарор медиҳад. Шояд дигарон онро як чизи маъмулӣ қабул намоянд, аммо барои ман… Эълони диктанти байналхалқӣ оид ба донистани забони русӣ, шаби Инҷил (Библияноч) ва ниҳоят ташкили раҳнавардӣ ба хотири дастгирӣ аз калисо.

Тибқи мушоҳидаҳо шоми 22-юми апрел, маҳз дар рӯзи мавлуди Владимир Ленин, асосгузори ҳизби коммунист дар Русия, ки бо вуҷуди тағироти куллӣ дар сохтори давлатдории ин кишвар, рафтани қудрат аз дасти коммунистҳо ва аз ҳама муҳим бар хилофи хоҳиши худи Улянов, ҷасадаш ҳанӯз ҳам мисли хӯса ва ё ашёи тамошо дар мавзолей нигоҳдорӣ мешавад, корвони мошинҳо роҳпаймоие анҷом доданд ва рӯзи дароз дар ҳама маъбадҳои насронӣ чорабиниҳои пуштибонӣ аз дину калисо сурат гирифт, ки бар асари таъсири гармои билоинтизор ва ё гурусна будан кампиракони барҷомонда дар соати аллакай 11 аз ҳуш мерафтанду ба замин меафтиданд. Аммо суоли матраҳ ин аст, дар кишваре, ки теъдоди аъзами аҳолияш насронӣ асту насроният меъёри асосии зист маҳсуб мешавад, бо ин тариқа насронияту калисои православиро аз кӣ ва аз чӣ ҳимоят мекарда бошанд?!

Мутобиқ ба маълумоти худи калисои православӣ дар муддати 4 соли ахир 5 ҳодисае онҳоро сахт ба ҳорос ггузошта ва ё хашмгин кардааст. Агар дақиқан назар кунем, мебинем, ки ин ҳодисаҳо ба амнияти калисои православӣ ҳич таҳдиде надорад. Ин ҳодисаҳо, яъне,  сурудхонии зиддипутинии 3-4 нафар духтарони гумроҳ дар яке аз калисоҳо, ҳақоратгӯии як майзада дар калисои дигар, пора кардани икона аз сӯи як ҷунунӣ ва ниҳоят бино ба навиштаи сайти калисои православии Русия, «касе дар девори як калисо ким чӣ навишт» Тамом, вассалом! Хайрият, ҳамаи нафароне, ки дар қиболи калисо ва муқаддасоташон ба ҳар тарз эътироз кардаанд, пайравони маҳз масеҳият ва гаравандагони равияи православия буда, мусулмонҳо нестанд.
Дар қиболи оташ задани нусхаҳои Қуръони азимушшаън, куштори ваҳшиёнаи мусулмонон дар Афғонистон ва соири мамолики мусулмонӣ, кушта шудани олими ислом Матин Мехтиев дар Маскав, ректори донишгоҳи исломӣ ва дигар бадкориҳо нисбат ба Ислому намояндагони он ин ҳама ҷурмҳое, ки боиси ҳароси сарварони калисо шудаанд, ҳич чизе нест. Ин танҳо як баҳонае ҳасту бас, барои худнамоӣ ва мустаҳкамтар ба даст гирифтани зимоми таъсир дар сиёсати вақти Русия.
Дар қиболи ин чанд ҳодисаи ночизи ангуштшумор матраҳ кардани чунин як маъракаи калони таблиғотӣ ва чорабиниҳои умумирусиягӣ аз сӯи калисо ва бо дастгирии давлат чӣ ҳадафҳоеро ба дунбол дорад? Оё дар ҳақиқат масеҳият таҳдидро эҳсос мекунад? Оё душман маълум аст?

Ҷомеа интизор дошт, ки додгоҳи Таганскийи Маскав 4 духтараки гумроҳи гурӯҳи Pussy Riot, ки дар маъбади Исои Наҷотбахш (храм Христа Спасителя) таронахонӣ карданд, зиёди зиёд 1-1,5 моҳ ба зиндон мешинонад ва нафаре аз намояндагони калисо, ки бахшидани ҷурмро маҳаки асосии таълимоташ медонад, баромад карда, бахшиданашонро хоҳиш мекунад ва бо ин восита дар дили мардум боз ҳам меҳри дину калисоро афзоиш мебахшад. Аммо афсӯс, ки ин тавр нашуд. Духтаракони гумроҳро то ба 3 моҳи дигар ба зиндон партофтанд ва асноди айбдоркунии онҳоро таҳия кардан доранд.
Ҷомеаи рус кайҳо боз дар ҷустуҷӯи як идеологияи комил аст ва акнун ходимони дин дар пайдо кардани ин идеология пешгом шудан доранд ва сиёсатмадорон гирифтори ин дасисаи диндорон. Яъне, идеологияи минбаъдаи Русияро на сиёсатмадорон, балки намояндагони калисо муайян намуданд. Он ҳам бошад на барои ягон мақсади нек, балки бар мубориза муқобили душмани бадкини «хайёливу эҳтимолӣ».
Мантиқан, калисои православӣ шурӯъ аз имрӯз ҷиҳодро барои ҳимояи масеҳият эълон кард. Зеро ҳама ҷиҳоди масеҳӣ аз юриши салибӣ оғоз меёбад, ки дар ин рӯз калисои православӣ онро роҳандозӣ кард, албатта бо рӯҳи ба имрӯз мувофиқ ва  пурра кардани он бо истифода аз имкониятҳои муосир.

Патриарх Кирилл дар баромадаш он қадар аз осебпазир шудани калисо ва таҳдидҳову таҳоҷум бар сарашон бо ҳарорату ғазаб сухан мекард, он қадар дар сари минбараш ҷилваҳо менамуд, ки даъвати Гитлерро дар оғози ҷанги дуввуми ҷаҳон ба хотир меовард. Масали хубе ҳаст, ки «хашм хашмро тавлид мекунад».
Хайрият, ки Кирилл ва дигар намояндагони калисо душмани худро «эҳтимоливу хаёлӣ» номиданду дар симои намояндагони адёни дигар, бахусус мусулмонон, онҳоро наҷӯстанд. Вагарна, хашмашон хашми дигареро мезоид ва аммо эҳтиёту огоҳ бояд шуд, чун ин навбат давлат ба ҳама маъракаҳои калисо пуштибон шуду аз он истиқбол кард, дафъаи дигар бонги онҳо бузургтару ғайраташон комилтар хоҳад гашт ва шояд даъватҳову пешниҳодҳое бар зиди мо, мусулмонон роҳандозӣ хоҳанд кард. Худо кунанд, ки чунин набошад, аммо ҳушёрии мо танҳо ба нафъи мо асту бас. Шумо чӣ мегӯед?

Муҳаммад Рашод

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)