Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:47

Коршиноси рус: Исрори Амрико барои таҳдид нишон додани Эрон қобили дарк нест

26 апрел 2012, 04:46

Мудири Шӯрои иҷтимоии Вазорати дифои Русия бар ин бовар аст, ки таҳдиди мушакӣ аз ҷониби Эрон барои Аврупо вуҷуд надорад ва исрори Амрико барои таҳдид нишон додани Эрон, ки баҳонаи эҷоди сомонаи дифои зидди мушакӣ шудааст, қобили дарк нест.

Ба гузориши хабаргузории “Новостӣ”, Игор Каратченко мудири Шӯрои иҷтимоии Вазорати мудофиаи Русия ва сардабири маҷаллаи “Дифои миллӣ” мӯътақид аст, ки Аврупоро хатари ҳамлаҳои мушакӣ аз ҷониби Эрон таҳдид намекунад.

Каратченко ахиран дар конфронси матбуотӣ дар Маскав гуфт: «Таҷзия ва таҳлили барномаҳои низомӣ ва ҳастаии Эрон нишон додааст, ки шароити айнӣ ҳади ақал то соли 2020 аз лиҳози таҳдиди эхтимолии мушакӣ, аз ҷониби ин кишвар Аврупоро дар маърази хатар қарор намедиҳад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин воқеият талошҳои исроромези Амрико дар ҷиҳати таҳдид нишон додани Эрон, ки баҳонае барои густариши тарҳи сомонаҳои дифои зидди мушакии ин кишвар дар қораи Аврупо шудааст, қобили дарк нест».

Ба гуфтаи ин коршинос, дар яке аз шумораҳои ахири маҷаллаи “Дифои миллӣ” таҷзия ва таҳлили дақиқе дар робита ба сенарияи эҳтимолии амалӣ шудани тарҳҳои низомии Исроил ва Амрико алайҳи Эрон сурат гирифт ва чунин натиҷагирӣ шудааст, ки иҷрои чунин сенарияе ба танҳоӣ аз ҷониби Исроил бисёр душвор хоҳад буд.

Каратченко таъкид кардааст: «Комилан возеҳ аст, ки Эрони имрӯза тавоноии онро дорад, ки на танҳо аз худ дифоъ кунад, балки агар ҳамлаи низомӣ сурат бигирад, шароитеро ба вуҷуд оварад, ки сатҳи талафоти Исроил ғайри қобили қабул бошад».

Илова бар ин, ба гуфтаи вай, нобудии таъсисоти ҳастаии Эрон дар Фардӯ дарвоқеъ яке аз аҳдофи даст наёфтанӣ дар сурати ба коргирии абзори маъмулӣ барои ҳамла ба он аст ва ҳатто бомбаҳои ҷадиди амрикоӣ бо қудрати нуфузи зиёд бо таҷҳизоти мутаориф қодир ба чунин харобкорӣ нестанд. Танҳо таҷҳизоти ҳастаии фаннӣ метавонанд ин таъсисоти ҳастаиро нобуд кунанд ва дар ин сурат ҳам, ба ақидаи мо, чунин иқдоме такрори ҳодисаи дилхароши соли 1945 хоҳад шуд, ки амрикоиҳо бомбаи ҳастаии худро алайҳи Ҷопон истифода карданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!