Бахшҳо
26 апр 2012 05:57Сиёсат

Сиёсатҳои Туркия дар баробари Сурия

Баррасии сиёсатҳои Туркия дар баробари бӯҳрони Сурия, бидуни дар назар гирифтан ва мутолиаи усули сиёсати хориҷии ин кишвар ва расади ҳаракоти дипломатӣ ва бозиҳои сиёсии давлатмардони ин кишвар имконнопазир аст.

Туркия аз замони рӯи кор омадани ҳизби Адолат ва Тавсеа тағироти чашмгире дар ҷиҳатгириҳои сиёсати хориҷии худ эълом намудааст. Сиёсатҳои умдатан нигоҳ ба Ғарб ва баъзан вобастагии шадид ба Ғарб ҷойи худро ба стратегияҳои мутавозинтаре ҳамчун нигоҳ ба Шарқу Ғарб ва вобастагӣ ба Ғарбу Амрико дар чорчуби иззатмандӣ ва иззатмадории Туркия додааст. Дар ҳамин росто, сиёсатҳои Туркия дар робита ба кишварҳои арабӣ ва дар маҷмӯъ кишварҳои минтақаи Ховари Миёна, тағироти ҳисшавандае доштааст. Туркия масоили Ховари Миёнаро ба алоқаи ҷиддӣ дунбол мекунад, дар чолишҳо ва танишҳо ба унвони як фаробозигари минтақаӣ ба иҷрои нақш машғул аст ва саъй мекунад чеҳраи навине аз худ дар низоми байналмиллал ба тасвир бикашад.
Дар ҳамин росто, Туркия, ки аз замони фавти Ҳофиз Асад саъй дар беҳбуди равобит бо Сурияро доштааст, Аҳмад Неҷдет Сезар, раиси ҷумҳури вақти Туркия бо ширкат дар маросими дафни Ҳофиз Асад ва билофосила сафари муовини раиси ҷумҳури Сурия Абдулҳалими Хаддом ба Туркия таъсири муҳиме дар раванди беҳбуди равобити ду кишвар дошт. Пас аз рӯи кор омадани ҳизби Адолат ва Тавсеа ва дар идома, рӯи кор омадани Довудуғлӯ ба унвони як суперстратежист, ин раванд дар миқёсҳои густурдатаре идома ёфтааст.

Бо гузашти замон сатҳи равобит афзоиш ёфт ба тавре, ки робитаи самимонаи ду кишвар дар минтақа мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт ва сафарҳои мутақобили мақомоти ду кишвар ва ҳамчунин афзоиши ҳамкориҳои низомӣ ва иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳама ҳикоят аз мувафаққияти назарияҳои Довудуғлӯ ва беҳбуди равобит бо кишварҳои ҳамсоя дошт.
Туркия бо иҷрои нақши фаъол ва албатта дуҷониба, ба бозигаре табдил шуда буд, ки ҳам мӯҳраи қобили эътимод ва иттикои Ғарб буд ва ҳам ба иллати наздикӣ бо кишварҳои минтақа аз як сӯ ва даргириҳои лафзии гоҳу бегоҳ бо Исроил, ба дӯст ва мӯътамади кишварҳои Ховари Миёна мубаддал гардид.
Ин эътимоди арзанда, имтиёзоти қобили тааммулеро низ барои ин кишвар ба армуғон оварда буд; афзоиши сармоягузориҳои арабҳои сарватманд дар ин ҷумҳурӣ, афзоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо давлатҳои минтақа, афзоиши чашмгири сатҳи муносибот ва равобити иқтисодӣ бо Эрон ба унвони яке аз муҳимтарин бозигарони минтақа, намунаҳое аз ин имтиёзҳои ховари миёнаӣ аст, ки Туркия дар баробари теорияҳои Аҳмад Довудуғлӯ ба даст оварда буд.

Аз тарафе дигар, Туркия дар назди Аврупо ва Амрико ҳам дигар танҳо як муттаҳиди заъифу билоистифода, ки як робитаи раису маръусӣ байнашон барқорор аст, набуд, балки Туркия ба мӯҳраи қобили эътино дар минтақа табдил шуд, ки на танҳо эътимоди кишварҳи минтақа аз ҷумла Эрону Сурияро ба даст овард, балки ҳатто дар бархе мавридҳо худ метавонист ба унвони як омили мустақил, ки манофеи Ғарбро дар минтақа риоят мекунад, ба эъмоли қудрат бипардозад.
Аммо дар боби чароии ин рафтори Туркия ва албатта мувафаққияти он бояд як баҳси назарӣ дар робита бо сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ матраҳ кунем.
Дар теорияҳои сиёсати байналмиллал, донишмандони ин арса, сиёсати хориҷиро идомаи сиёсати дохилӣ медонанд. Ба ин тартиб, ки барои муваффақият дар сиёсати хориҷӣ, ибтидо бояд сиёсати дохилии муваффақеро ба намоиш гузошт. Лозимаи муваффақият дар сиёсати дохилӣ, касби ҷалби ризояти марказҳо ва ҷараёнҳои дохилии қудрат аст. Яке аз қудратмандтарин марказҳои дохилии қудрат дар Туркия исломгароён ва гурӯҳҳои бо гароишоти диниву мазҳабии исломӣ ҳастанд.

Ҳизби Адолат ва Тавсеа ба дурустӣ тавонист ниёзҳои ин қишр аз мардум ва нухбагони ҷомеаи Туркияро бишносад ва онро ба хубӣ дар марҳилаи иҷро амалӣ кунад. Дар бӯъди васеътар, ин стратегия дар саросари минтақаи Ховари Миёна низ намуд пайдо мекунад ва ҷомеаи мардуми минтақаи Ховари Миёна, ҳар давлат ва сиёсатмадореро, ки иқдоме дар ҷиҳати ҳимоят аз мардуми Фаластин анҷом диҳад, меситоянд.
Дар бӯъди маҳдудтар, ҳатто суханронии ҳимоятӣ ва ё ҳамлаи лафзиву забонӣ ба сарони режими саҳюнистӣ ва Амрико дар манзари онҳо иқдоме шуҷоъона ва дархӯри тақдир аст. Ба унвони мисол, яке аз аслитарин далелҳои маҳбубияти Маҳмуди Аҳмадинажод дар байни оммаи арабҳои Ховари Миёна, ҳимояти вай аз мардуми Фаластин ва ҳамлаҳои пай дар пайи лафзии эшон ба сарони Исроил ва ин режим аст. Ба ҳамин далел, пеш гирифтани чунин иқдомоте, аз сӯи Эрдуғон ҳушмандии вай дар истифода аз афкори умумии ҷомеаи мусалмонро нишон медиҳад.

Аммо дар робита ба пешинаи равобити Туркия бо Сурия, бояд  ба омилҳои таъсиргузор дар равобити ин ду кишвар нигоҳе дақиқ дошта бошем. Ду маврид аз ҷиддитарин чолишҳои Туркия ва Сурия дар тайи солиён, яке баҳси наҳваи истифода аз оби Даҷлаву Фурот ва дигарӣ баҳс бар сари минтақаи “Ҳотой” (Искандарун) будааст.
Дар мавриди Ҳотой, решаи ихтилоф ба ибтидои истиқлоли Сурия ва пас аз поёни ҷанги ҷаҳонии дуввум боз мегардад. Сурия дар он замон мустамликаи Фаронса буд. Бузургтарин мушкили Туркия Ҳотой буд, ки дар соли 1921 ва бо мувофиқатномае, ки ба имзо расид, ба шарти дар ихтиёр доштани муқарароти махсуси худ, дохили марзҳои Сурия қарор гирифт. Ин кашмакаш бо тасмими истиқлоли Ҳотой дар соли 1936 байни Фаронса ва Туркия идома ёфт. Ҷумҳурии Ҳотой дар сентябри 1938 ба истиқлол расид, аммо дар соли 1939 ва бар асоси мувофиқатнома байни Фаронса ва Туркия, Ҳотой ҷузви хоки Туркия эълом шуд, аммо Сурия ҳамвора ин идаоро рад кардааст.
Дар мавриди оби Даҷлаву Фурот ҳам бояд гуфт, ки рӯдҳои Даҷла ва Фурот аз марзҳои Туркия сарчашма гирифта ва бо гузар аз хоки Сурияву Ироқ ба халиҷи Форс мерезанд. Ин рӯдҳо барои бахшҳои ҷанубии Туркия ва бахшҳое аз Сурия ва Ироқ бисёр муҳим ҳастанд.
Тарҳи обрасонии ҷануби Анатолӣ дар Туркия ин андешаро дар зеҳни давлати Сурия эҷод кард, ки ин тарҳ боиси коҳиши об барои Сурия хоҳад шуд ва ба ҳамин ҷиҳат байни Сурия ва Туркия бар сари об нигарониҳое эҷод шудааст ва Сурия иҷоза дод ПКК (ҳизби коргарони Курд) алайҳи Туркия гурӯҳҳои худро ҷамъоварӣ кунад ва ба ҳамин далел ҳам аз тарафи Туркия бо аксуламалҳои тунде рӯ ба рӯ шуд ва достони даргириҳо байни Туркия ва ПКК ҳам ба дастовезе барои Сурия табдил шуда буд, ки Сурия бо ҳимоят аз ин гурӯҳак, саъй дар эъмоли фишор бар Туркияро дошт.

Аммо сафари таърихии Башор Асад дар соли 2004, ки нахустин сафари раиси давлати Сурия аз замони истиқлол ба Туркия маҳсуб мешуд, нуқтаи болое дар равобити ҳасанаи байни ду кишвар ба шумор меомад ва дар идомаи ҳамин раванд дар соли 2009 ду кишвар судури визаро аз равобити байни худ ҳазф карданд. Мушкилоти Ҳотой ва оби Даҷлаву Фурот ҳам то ҳади зиёде бартараф гардид ва аз ҳаҷми таҳдидот ва суханњои ғайридӯстонаи ду тараф ба ҳади чашмгире коста шуд.
Аммо ин равобити ҳасана, танҳо то оғози таҳаввулоти минтақа ва хезиши миллатҳо, ба ҳамин шакл идома ёфт. Вуқӯъи тазоҳуроти эътирозомез нисбат ба режимҳои фосид ва диктатории минтақа, барги навине аз таҳаввулоти минтақаро рақам зад. Ин ҷо фасли интихоби Туркия дар баробари ин таҳаввулот буд ва нуқтаи атфи он, таҳаввулоти Сурия шуд; чаро, ки бар тибқи теорияи Довудуғлӯ, ин кишвар бояд тамомии талоши худро дар ҷиҳати сифр кардани таниш бо ҳамсоягон пеш бибарад.
Қабл аз он Миср, Либӣ, Яман ва Тунис, ҳеч кадом ҳамсояи марзӣ бо Туркия набудаанд ва ин кишвар бо иҷрои сиёсате монанди низоми байналмиллал, аз инқилобҳои мардумӣ дар ин кишварҳо ҳимоят ба амал овардааст. (Ба истиснои Либӣ, ки Туркия бо қадре таъхир ин ҳимоятро ошкор кард.) Аммо ҳикояти Сурия достоне гуногун дорад. Туркия дар солиёни ахир, беҳтарин равобитро бо Сурия барқарор карда ва ин равобитро таҳкиму субот бахшида буд.

Ин ҷо нуқтаи ҳассоси Туркия дар тасмимгирии сиёсати хориҷии худ буд; гузариш ба нуқтаи ҷадид ё ҳаракат дар ҳамон мадори қаблӣ. Дар ин маҷмӯа, Туркия дар ду сӯи ин иттифоқ, Ҷумҳурии Исломии Эронро ба унвони ҳомии давлати Сурия ва ҷомеаи байналмиллалро ба унвони мухолифи сарсахти Башор Асад медид. Аммо Туркия пас аз заду бандҳои фаровон ва сипарӣ кардани марҳалаҳои гуногун монанди пешниҳоди ислоҳот ба Асад, озодии зиндониёни сиёсӣ, анҷоми иқдомоте дар ҷиҳати озодии сиёсӣ ва... ниҳоятан ба гузинаи тарки қудрат тавассути Башор Асад расид. Гузинае, ки Ғарб онро таҳсин ва ҷумҳурии Исломии Эрон онро маҳкум намуд.

Саъиди Ҷаъфарӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)