Бахшҳо
26 апр 2012 05:58Фарҳангу адаб

Зебосанами сайёра-2012 маълум шуд

Маҷаллаи амрикоии People феҳрасти зеботарин бонуи сайёраро нашр кард. Дар соли 2012 Бейонсе Ноулз, ситораи маъруфи поп дар садри рейтинг қарор гирифтааст. Дар маҷмӯъ рӯйхати зебосанамҳоро исми 178 ҳунарпеша, овозхон, тарроҳи либос ва дигар намояндагони шоу-бизнес мукаммал кардааст.

Дар шарҳи People гуфта мешавад, ки Бейонсe дар баробари зебову дилкаш буданаш маҳорати олии дар саҳна истодан, пушидани либоси мувофиқ ва дар баробари ин иҷрои масъулияти модариро дорад. Ёдовар мешавем, чанде қабл Бейонс духтарчае таваллуд кард, ки ӯро Блю Айви ном гузоштанд. Падари Айви рэпсарои маъруф Jay-Z мебошад.

Дар феҳрасти зебосанамҳо ҳамчунин исми София Вергара, Шарлиз Терон, Лили Коллинс, Мэделин Стоу, Кристина Хендрикс, Мишел Уиллямс, Пола Паттон, Миранда Ламберт, Кейт Миддлтонро дидан мумкин аст. Аммо ҳеч бонуи тоҷик дар ин миён нест.

Моҳи апрели соли 2011 People феҳрасти зеботарин одамони заминро нашр карда буд. Дар ин рейтинг ҳам намояндаҳои ҷинси латиф ва ҳам намояндаҳои ҷинси «дурушт» ҷой гирифта буданд. Феҳрасти мазкурро Ҷеннифер Лопес, ҳунарманди синамо ва овозхони шинохтаи Ғарб муаррифӣ мекард. Лопес дар гузашта ҳам чандин маврид вориди зебосанамҳои People буд, аммо нахустин маротиба дар садри он ҷой гирифт.
Соли 2010 ин маҷаллаи амрикоӣ Ҷулию Робертс, ҳунарпешаи синаморо зеботарин бонуи сайёра эълон кард.

Феҳрасти бонуи зеботарини сайёра аз рӯи версияи People ҳамасола нашр мешавад. Бейонсе бори нахуст дар садри рейтинг қарор гирифт. Ӯ аз муваффақтарин сарояндаҳои Амрико маҳсуб мешавад, ки ҷоизаҳои зиёди мусиқиро ба худ ихтисос додааст. Номи пурааш Бейонсе Жизел Ноулз мебошад. Ӯ 4-уми сентябри соли 1981 дар Хюстон, иёлати Техаси Амрико таваллуд шудааст. Сарояндаи шинохта, продюсери варзида, ҳунарманди хуби синамо, раққосаи моҳир ва тарроҳи чиррадасти либос аст. Дар кӯдакияш аллакай иштирокчии чанд озмуни рақсу овозхонӣ буд.

Ноулз дар охирҳои солҳои 1990-ум маъруф шуд. Он замон вай дар гурӯҳи занонаи Destiny’s Child овозхонӣ мекард. Соли 2003 Бейонсе дар ҳоле, ки гурӯх барҳам хӯрд маҷмӯаи таронаҳояшро бо номи Dangerously in Love муаррифӣ кард. Ин маҷмуа яке аз серхаридортаринҳо гардид. Барои ин албом Ноулз панҷ ҷоизаи мусиқии «Grammy Award»-ро соҳиб шуд. Соли 2006 Бейонсе албоми дуюми худро муаррифӣ кард, ки B’Day ном дошт. Таронаҳои ин маҷмуа ҳам дар садри хит-парадҳои маъруфи Ғарб мақом гирифт. Албоми сеюми таронаҳои ӯ моҳи ноябри соли 2008 нашр шуд.  Бейонсе яке аз овозхонҳои муваффақи Ғарб аст, ки 16 ҷоизаи мусиқиро ба худ ихтисос додааст.

Карераи ӯ дар синамо аз соли 2001 оғоз шудааст. Аввалин маротиба вай дар филми «Кармен: Хип-хопера» бозӣ кард. Соли 2006 дар филми «Духтари орзӯҳо» нақши асосиро иҷро мекунад.

Ӯ дар феҳрасти 100 мутриби таъсиргузори ҷаҳон ва 100 нафари таъсиргузори сайёра ҷои намоёнро ишғол кардааст.
11-уми декабри соли 2009 маҷаллаи амрикоии Billboard Ноулзро муваффақтарин сарояндаи солҳои 2000-ум эътироф кард.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)