Бахшҳо
26 апр 2012 12:40Ҷавонон ва варзиш

Агар имконият фароҳам бошад…

Ҷавонони имрӯзаи мо он зарфият ва истеъдоде, ки доранд, пурра истифода бурда наметавононд, зеро дар ин ҷо маҳдудиятҳо хеле зиёд аст. Худи дастрас намудани интернет, ки нархаш дар Тоҷикистон ќимат аст, вобаста ба шароити иќтисодии кишвар, хусусан барои ҷавонон ин як масъалаи мушкилест. Ин нуктаро Шавкат Норматов, директори Маркази технологияи информатсионӣ ва комуникатсияи назди раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар суҳбат ба "Озодагон" зимни баргузории ҳамоиши "Анҷумани ҷавонони раќамии шаҳри Душанбе", иброз дошт.

Номбурда  илова намуд, ки барои ҷорӣ намудани технологияҳо пеш аз ҳама ташабуси ҷавонон ва мактаббачагон аз сини хурдсолияшон бояд дастгирӣ ёбанд: "Васеъ истифода бурдани технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ бояд аз поён, аз сини хурдсолӣ сар шавад, то дар аёми донишҷӯӣ мушкил пеш наояд. Он ҷавонони лаёќатманд, ки ба вазифаҳои гуногуни давлатӣ таъин мегарданд, онҳо худашон бояд ҳукуматро электоронӣ кунанд, чун онҳо худ ҷавонони раќамӣ ҳастанд. Тоҷикистон бояд шабакаҳои иҷтимоии худро, чун Фейсбуку однокласник дошта бошад". Маќсад аз ташкили чунин як анҷуман, ки оммавӣ кардани технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ миёни ҷавонон аст, беш аз 70 донишҷӯёну ҷавонони пойтахт идея, лоиҳа ва барномаҳои худро дар шакли электронӣ ба маърази тамошо гузоштанду муаррифӣ намуданд. Шаҳром Гадоев, хонандаи Маркази технологияи иттилоотӣ ва иртиботӣ лоиҳаи худро бо номи "Журнали электронӣ" муаррифӣ намуд, ки ба ќавли ӯ, бо амалӣ гаштани ин система волидайн  имконияти аз вазъи таҳсили фарзандони худ, иштирокашон дар дарс ва баҳои гирифтаи фарзандонашон пайваста огоҳии саҳеҳ ва пурра пайдо хоҳанд кард: "Маќсад аз роҳандозии "Журнали электронӣ" якум, асос гузоштан ба фазои ягонаи информатсионии мактаб аст, ки дар он муаллимон, маъмурияти муассисаи таълимӣ ва хонандагон муттаҳид шуда, ҳамаи корҳо бо масъулият иҷро шаванд. Дувум, гузаштан аз ҳисоботи коғазӣ ба ҳисоботи электронӣ дар мактабҳо ва сеюм автомотикунонии раванди ҳисоббарорӣ". Номбурда мегӯяд, афзалияти ин кор дар барќарорсозии шаффофияти баҳогузории муаллимон ба хонандагону донишҷуён буда, дар сурати ҷорӣ намудани ин система иваз кардани баҳо ва ё дигар амалҳои ғайриќонунӣ аз ҷониби омузгорон ғайриимкон мешавад:

"Шунидам, ки баъзан талабагон ду мегиранду баъди дарс омада бо муаллима маслиҳат карда 5 мегиранд. Ваќте журнал электронӣ шуд, баҳои гирифта сабт мешвад ва дигар онро иваз карда намешвад". Шаҳром иброз медорад, ки волидайн бо логини фазандаш вориди интернет шуда, бо навиштани номи ӯ дар ҷустуҷӯ ҳамаи маълумтҳоро дастрас мекунад. Фаррух Маҳмадхоҷаев, як иштирокчии дигари ин анҷуман таҷҳизоти овздиҳии раќамии кушода ва пушидаро ихтироъ кардааст. Ин таҷҳизот, ки барои овоздиҳи пешбинӣ шудааст, иборат аз микорпротсесор, ќабулгари нури инфрасурх, нишондиҳандаи раќамӣ ва аз 1 батарейкаи хурд,  ки  шиддаташ 3-5 волт  аст, кор мекунад. Овоздиҳӣ тавассути пулти фосилавӣ бо нурафкани инфрасурх амалӣ мегардад. Овоздиҳи бо се забон имконпазир буда, ҳангоми пахши тугмаҳои "ҳа", "не" ва "бетараф" шахс овози худро медиҳад ва дар охир маҷмӯи овозҳо маълум мегардад, ки тавассути ин таҷҳизот як нафар ба ҷои ду нафар овоз дода наметавонад. Дар сурати иҷро намудани чунин амал аломати суол пайдо мешвад. Номбурда мегӯяд, дар ихтирои ин таҷҳизот 100 доллар сарф шудааст ва дар сурати пайдо намудани шароит онро васеътар намуда, истифодабарияшро дар интихоботҳои президентию парламентӣ имконпазир хоҳад намуд.

Дар ин намоишгоҳи дастовардҳои ҷавонони ихтироъкору барномасоз ба беҳтарин идея, барнома ва лоиҳаи пешниҳоднамудаи ҷавонон низ ҷойҳои махсус муайян гардида буд.  Дар охири ин анҷуман ъзои ҳакамон дастовардҳои ҷавононро баҳогузорӣ намуданд, ки ҳамагӣ 6 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Ҷойи аввал насиби Пётр Бубентсов, яке аз ширкаткунадагони ин анҷуман гардид, ки номбурда дар ҳамоиш лоиҳаи худро бо унвони "Хизматрасонии ҷавобҳои ҷиддӣ ба саволҳои ҷиддӣ" муаррифӣ намуд. Муаллифи лоиҳаи мазкур аз миёни беш аз 70 ҷавони иштирокдори "Анҷумани ҷавонони раќамии шаҳри Душанбе" маќоми аввалро соҳиб шуд. Пётр Бубентсов дар суҳбат ба  "Озодагон" гуфт, идеяе, ки ӯ мехоҳад амалӣ гардонад, робитаи шаҳрвандон бо маќомоти давлатӣ мебошад: "Дар ин сомона шаҳрвандон метавонанд бо маќомоти давлатӣ иртибот пайдо кунанд ва ба саволҳои рӯзмараи худ посух бигиранд". ӯ мегӯяд, идеяи таъсиси чунин як сомона чанде пеш пайдо шудааст. Ќаблан гуфта мешуд, ки дар "Анҷумани ҷавонони раќамии шаҳри Душанбе" се муаллифи идеяи беҳтарин интихоб мешавад, вале баъдан ин теъдод ба шаш расонда шуд. Мунира Ҳусейнова бо пешниҳоди барномаи "Манбаи маълумотҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон", Муҳамммадӣ Ибодуллоев бо лоиҳаи "Назорат ва идораи наќлёти ҷамъиятӣ дар шаҳрҳои калон", Комил Раҷабов бо идеяи "Коркарди муҳаррики озод барои шабакаҳои иҷтимоӣ", Шӯҳрат Акбаров бо лоиҳаи "Технологияи муосир барои пизишкони таҷрибадор" ва Фарҳод Пулотов бо лоиҳаи "Низоми ҷустуҷӯӣ дар сомонаҳои ҷустуҷӯии Точикистон" беҳтарин дониста шуданд.
Мавзуна Абдураҳмонова, ҳамоҳангсози барномаи иттилоотии Институти Ҷамъияти кушода Бунёди Мадад дар Тоҷикистон  гуфт, нафароне, ки дар анҷумани мазкур ҷойҳои намоёнро ишғол карданд, ҳамчун ҷавонони лаёќатманди тоҷик ба анҷумани Ќазоќистон роҳхат мегиранд: "Дар он ҷо низ ҳамоише баргузор мешавад. Дар сурати аз ҷониби ҳакамони Ќазоќистон интихоб шудани шаш ғолиби анҷумани Душанбе мо ин гурӯҳро маблағгузорӣ менамоем, то дар он ҷо ширкат намуда, идея ва барномаҳои худро муаррифӣ созанд".  

Шавкат Норматов, директори Маркази технологияи информатсионӣ ва комуникатсияи назди раёсати маорифи шаҳри Душанбе ќайд намуд, ки, ин анҷуман бори дигар исбот намуд, ки ҷавонони Душанбе нисбати рушди технологияи иттилоотӣ комуникатсионӣ таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Ин ҳамсуҳбабатон иброз дошт, ки маќсад аз иштироки ҷавонон низ пешниҳоди идея ва барномаҳои мухталиф барои ҳалли мушкилоти иќтисодии ҷомеа мебошад: "Мо имрӯз шоҳиди он гаштем, ки чанд барномае, ки ҷавонон сохтаанд, на барои худ, балки  ба хотири ҳалли баъзе аз мушкилоте, ки дар ҷомеа аст, ба ин маќсад сохтаанд. Муаллифон ҳаракат кардаанд, ки вазъи мавҷудаи корбариро таҳлил намуда, бо маќсади ислоҳ кардани камбудии онҳо шакли электорнии дастовардҳои худро пешниҳод намудаанд". Бархе аз коршиносон мегӯянд, воќеан ҳам имрӯз ҳастанд ҷавононе, ки истеъдоди хуб доранд, вале онҳо танҳо дар доираи ҳамин гуна чорабиниҳо, ки агар имконият дода шаванд ҳунари худро муррифи мекунанд. Ба ќавли ин гурӯҳ коршиносон, ҳар чи бештар ташкил намудани чунин ҳамоишҳо барои ҷавонон ба манфиати кор мебошад ва таъкид менамоянд, ки на танҳо бо баргузории чунин анҷуманҳо, балки дар раванди таҳсил низ бояд ба ҷавонон имкониятҳои бештар дода шавад.


Алишер ЗАРИФӢ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)