Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 16:34

Сарвар Холиқов: «Системаи бонкии мо натавонистааст, ки қарзи дарозмӯҳлат пешниҳод кунад»

26 апрел 2012, 13:35

«Он камбудиҳое, ки дар қонуни нав вуҷуд дорад беш аз 50%-ро ташкил медиҳад, бино бар ин мо маҷбур мешавем онро таҳрир намоем. Бояд қонуни мазкур ба қонунҳои дигар кишварҳо мутобиқат кунад, то сармояи бештареро ҷалб карда тавонем».

Коршиносони тоҷик фазои соҳибкории кишварро номусоид арзёбӣ намуда мегӯянд, қонун «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», ки беш аз 10 сол инҷониб амал мекунад, дорои камбудиҳои зиёде буда, ба ислоҳҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Сарвар Холиқов, мушовир вобаста ба таҳрир ва таҳияи лоиҳаи нави ин қонун зимни ҳамоише дар Душанбе иброз дошт, ки дастгирии воқеии давлатӣ дар қонуни амалкунада таҷассум наёфтааст. Номбурда мегӯяд, бо қабул гардидани қонунҳои нав дар чанд соли ахир ва бо тақозои замон, ин қонун нишон дода истодааст, ки наметавонад рушди соҳибкории воқеиро таъмин кунад: «Рушди соҳибкорӣ танҳо дар самти хариду фурӯш ба назар мерасад ва дар ин самт теъдоди соҳибкорон зиёд шуда истодааст, лекин агар иқтисодиёти устувори кишварро хоҳем, бояд соҳибкории воқеӣ, яъне истеҳсолотро баланд кунем. Соҳибкории истеҳсолӣ бояд рушд ёбад».

Сарвар Холиқов илова кард, ки барои рушди соҳибкорӣ дар кишвар, дар таҳияи лоиҳаи нави қонуни мазкур таҷрибаи кишварҳои хориҷа, аз қабили Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Украинаро, ки системаи қонугузории онҳо ба Тоҷикистон наздиктаранд, омухтаанд. Ба қавли номбурда, имрӯз ташкилотҳои байналмилалӣ, ки шарики рушди худ меҳисобем, дар бисёр пешниҳоду муроҷиҳатҳояшон мафҳуми «микропредприятия» ба назар мерсад, ки дар қонуни амамалкукнадаи мо мавҷуд нест. Ба андешаи Холиқов, яке аз проблемаҳои асосие, ки феълан рушди соҳибкории истеҳсолиро паст мезанад, баланд будани фоизҳои қарзие мебошад, ки соҳибкорон мегиранд: «Системаи бонкии мо имрӯз натавонистааст, ки қарзи дарозмӯҳлат ё ин ки бо фоизи паст пешниҳод кунад. Қарзҳое, ки имрӯз ба соҳибкорони мо медиҳанд, фақат барои харидуфурӯш рост мегирад, вале барои истеҳсолот солҳо лозим аст, ки фоида ба даст орад. Бино бар ин, таъсис додани як фонди махсус дар лоиҳаи нави қонун дар назар дошта мешавад. Яъне, фонде таъсис шавад, то барои рушди соҳибкории хурду миёнаи воқеӣ қарзҳои имтиёзнок пешниҳод кунад. Гузашта аз ин, дар қонун пешбурди феҳристи ягонаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ пешбинӣ шудааст. Ба мафҳуми имрӯза гӯем тавассути ин феҳрист «танҳо барои худиҳо» не, барои тамоми нафароне, ки мехоҳанд воқеан ба соҳибкорӣ машғул шаванд, аз ҷониби давлат кӯмак расонда шавад».

Манзура Маҳкамова, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мегӯяд, ки қонун «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» соли 2002 қабул шуда буд ва мувофиқи паёми ахири президент он ба замони ҳозира мувофиқ хоҳад шуд. Номбурда афзуд, дар робита як гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст, ки дар ҳайати он намояндаҳои вазорату идораҳои дахлдор шомиланд, аммо кори асосиро Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба душ гирифтааст.
Абдулмаҷид Мӯъминов, як масъули дигари кумитаи мазкур қайд намуд, ки мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур дар таҳрири нав мутобиқсозии қонун бо қонунҳои дигар кишварҳо ва гузашта аз ин бо қонунҳои амалкунандаи имрӯзи кишвар мебошад.

Ба андешаи бархе коршиносон, ислоҳҳоте, ки ҳукумати Тоҷикистон солҳои ахир ҷиҳати ҷалби бахши хусусӣ ва таҳияи санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ тадбиқ кардааст зиёд аст, вале ин ҳама то имрӯз нокифоя буда, иҷроиши онҳо дар амал кам ба назар мерасад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин Сарвар Холиқов, мушовир вобаста ба таҳрир ва таҳияи нави лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ мегӯяд, ба хотири ҳалли ин паҳлӯи масъала дар лоиҳаи нави қонун таъсиси шӯроҳои махсуси машваратӣ дар назди тамоми мақомоти давлатӣ, ки бо соҳибкорон сару кор доранд, дар назар дошта шудааст. Ба қавли ӯ дар рушди соҳибкории занҳо низ дар ин қонун як механизм, низоми соддатаре пешбинӣ мешавад. Холиқов иброз медорад, ки дар қонуни амалкунада камбудиҳои зиёде мавҷуд аст: «Он камбудиҳое, ки дар қонуни нав вуҷуд дорад беш аз 50%-ро ташкил медиҳад, бино бар ин мо маҷбур мешавем онро таҳрир намоем. Бояд қонуни мазкур ба қонунҳои дигар кишварҳо мутобиқат кунад, то сармояи бештареро ҷалб карда тавонем». Мавриди зикр аст, феълан дар Тоҷикистон Кодекси андоз ҳам дар таҳрири нав таҳия шуда истодааст. Сабаби таҳияи онро ҳам мисли лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ба рушди фазои соҳибкорӣ рабт медиҳанд. Вале таҳриру тағиру иловаҳо ба қонунҳои мазкур то куҷо сабаби тавсеаи соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мешавад, вақт нишон хоҳад дод.

Алишер Зарифӣ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!