Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:42

Путин ва сарнавишти норӯшани сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

27 апрел 2012, 12:20

«Қарори Владимир Путин ягон таъсири ҷиддӣ ба бозори сӯзишвории Тоҷикистон расонида наметавонад. Зеро 12 доллар ҳанӯз кам аст барои таъсир расонидан».

Рӯзи гузашта Владимир Путин, сарвазири Русия қарореро имзо кард, ки тибқи он аз 1-уми май содироти маҳсулоти нафтӣ аз Русия 12 доллар арзонтар мешавад. Ширкатҳои содиркунандаи бензини русӣ аз аввали моҳи май барои як тонна 403 долларро ҳамчун боҷи содиротӣ пардохт хоҳанд кард. Моҳи ҷорӣ ин нишондод 415 доллар аст. Барои маҳсулоти нафтии рӯшани дигар Путин ҳаҷми боҷи содиротиро аз 304 доллар то 296 доллар поён фаровардааст. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки тасмими ҷониби Русия то куҷо метавонад вазъро дар  кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ, бахусус Тоҷикистон тағир дода, вазъи буҳронии сӯзишвориро барҳам бизанад?

Коршиносони тоҷик мегӯянд, коҳиши содироти маҳсулоти нафтӣ ба бозори сӯзишвории Тоҷикистон ҳеч таъсире нахоҳад гузошт. Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд баъди имзо шудани қарори мазкур ҳам ба бозори дохилии Тоҷикистон таъсири чашмрасе мушоҳида нахоҳад шуд: «Воқеан, агар мо хоҳем, ки сӯзишворӣ дар Тоҷикистон арзон шавад, бояд аввалан андозеро, ки кишвар дорад, лағв кунем. Бояд он андозеро, ки соҳибкор аз фурӯши чакана 18-21% месупорад, аз байн барем. Дар ин сурат бензин дар Тоҷикисон 3 ё 4 сомонӣ мешавад. Ин роҳи таъсиррасонӣ ба маҳсулот мебошад ва барои кишварамон  хеле хуб мешавад, лекин то ҳол ҳукумат ин иқдомро пеш нагирифтааст».

Тибқи иттилои расмӣ, Тоҷикистон 95 фоизи маҳсулоти нафтиро аз Русия ворид намуда, ҳаҷми боҷи содиротӣ яке аз омилҳои асосии ташаккулдиҳандаи нархи сӯзишворӣ дар бозорҳои кишвар мебошад. Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, феълан  нархи як литр бензини навъи АИ-92 дар пойтахти Тоҷикистон 6,6 сомонӣ ва АИ-95 6,9 сомониро ташкил медиҳад. Зимнан, соҳибназарони тоҷик мегӯянд, коҳиши ҳаҷми боҷи содиротии нафти Русия ночиз аст ва ба нархгузориҳо дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон таъсир нахоҳад дошт.

Табаралӣ Ғаниев, коршиноси масоили иқтисодӣ дар ин бастагӣ мегӯяд: «Қарори Владимир Путин ягон таъсири ҷиддӣ ба бозори сӯзишвории Тоҷикистон расонида наметавонад. Зеро 12 доллар ҳанӯз кам аст барои таъсир расонидан. Дуюм, сиёсати Русия ҳамин аст, ки ҳар сари моҳ арзиши боҷи гумрукияшро аз нав дида мебарояд ва ин қарор ҳам як муддати муайян мемонад. Масалан, як моҳ таъсир мекунаду моҳи дигар боз бо роҳи дигар, яъне бо қарори дигари худ нархи маҳсулоти сӯзишворияшро ба Тоҷикистон пешниҳод мекунад».
Ҷаноби Ғаниев мегӯяд, ӯ аз сиёсате, ки интизор биншинад, то кадом як кишвар маҳсулоташро арзон намояд ва ин ба фоидаи мо шавад, пуштибонӣ намекунад. «Мо бояд худамон андешаи онро кунем, ки маҳсулоти нафтӣ истеҳсол намоем ва аз инҳисороти давлати дигар канора монем»,-афзуд номбурда.

Аз гуфтаи коршиносон метавон хулоса кард, ки Тоҷикистон барои поин бурдани нархи сӯзишворӣ чораҳои зарурӣ наандешида аст. Зимнан, маълум нест, ки кишвар чанд соли дигар дар бӯҳрони сӯзишворӣ ғутта мезанад, зеро дар сурати коҳиши босуръати боҷи гумрукӣ ва коҳиши арзиши содирот низ, нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон поин нахоҳад рафт.
Мавзуна Абдуллоева



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!