Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:17

Толибон ба амнияти Тоҷикистон хатар доранд

28 апрел 2012, 04:29

«Баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО дар ҳолати ба дасти Толибон гузаштани ҳокимияти Афғонистон Тоҷикистон маҷбур хоҳад шуд, масъалаи чӣ тавр, дар кадом сатҳ ва дар кадом ҳудуд бо онҳо ҳамкорӣ карданро ҳаллу фасл намояд».

Баъди хуруҷи нерӯҳои низомии НАТО аз Афғонистон эҳтимоли ноамнии сиёсӣ дар ин кишвари исломӣ мавҷуд аст. Ин матлабро Музаффар Олимов, доктори илмҳои таърих, зимни ҳамоише дар Душанбе иброз дошт. Нишасти мазкур зери унвони «Хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон ва паёмадҳои он» баргузор шуд. Ҷаноби Олимов мегӯяд, пас аз хоки Афғонистонро тарк намудани нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ба президент Ҳомид Карзай хавфи камбуди ҳокимияти қонунии сиёсӣ ва дар ҳокимият боқӣ мондан таҳдид мекунад. Ҳамчунин, дар ин замина мубориза барои ҳокимияти олӣ метавонад суръати ташануҷро миёни қавмҳои мухталифи Афғонистон суръат бахшад. Аллакай баҳсҳо оид ба таркиби ояндаи этносиёсии ҳокимият дар Афғонистон идома дорад: «Аз ҷумла баҳсҳо дар доираи имконияти эмори сохтори федеративӣ ва ё конфедеративӣ мавҷуд аст. Тоҷикистон ба амалӣ гаштани лоиҳаҳои федералистӣ дар Афғонистон манфиятдор нест, зеро дар шароити Афғонистон ин роҳест ба сӯи сепаратизм, ҷудоихоҳӣ ва қадамест ба сӯи ҷанги шаҳрвандӣ. Гузашта аз ин, дараҷаи баланди робитаҳо ва ҳувияти умумии тоҷикони ҷануб бо тоҷикони Афғонистон ғояи федерализми афғонӣ метавонад таҳдиди бевосита ба умумияти ҳудудии Тоҷикистон гардад».

Ба қавли Музаффар Олимов, тоҷикони Афғонистон на танҳо ҳамчун гурӯҳҳои ихчам дар шимоли Афғонистон зиндагӣ доранд, балки сокинони тамоми шаҳрҳои калони Афғонистон низ ҳастанд ва бинобар ин, федерализм дар Афғонистон маҳз ба аҳолии тоҷики Афғонистон инъикоси манфӣ хоҳад дошт.
«Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон наметавонад дар назорати комили қавми пашту дар Афғонистон низ манфиятдор бошад, ки вазъият ҳам дар ҳолати баргаштани толибон ба ҳокимият ва ҳам дар натиҷаи амалҳои НАТО воқеият дорад. Аз ин лиҳоз барои Тоҷикистон мавқеи кунунӣ дар давлати исломӣ мувофиқ аст, зеро паштуҳо ҳокимиятро бо намояндагони қавмҳои дигар бо ҳам мебинанд»,-меафзояд Музаффар Олимов.

Дар ин нишаст ҳамчунин гуфта шуд, ки барои тоҷикон аз ҳама ташвишовар ин аст, ки намояндаҳои бонуфузи шимоли Афғонистон ба монанди Раббонӣ ҷисман террор мешаванд, ки ин омил тасаввурот дар бораи бенатиҷа будани музокирот ва созиш бо толибонро зинда мегардонад. Зикр гардид, ки Амрико қабл аз хурӯҷи нерӯҳояш аз Афғонистон дар он кишвар заминаи устуворе омода мекунад, ки тавонад аз манфиятҳои Ғарб ва Амрико дифоъ кунад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, Худойбердӣ Холиқназаров, масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти кишвар, иброз дошт, Амрико ҳоло ба он хотир то 300 ҳазор нерӯи мусаллаҳи афғонро омода намуда истодааст, ки ин нерӯҳо тавонанд аз ҳукумати Афғонистон, ки ҷонибдори Ғарб ва Амрикост, ҳимоят кунанд: «Гумон накунед, ки дар зарфи 14 сол нерӯҳои амрикоӣ ба ҷанг машғул буданд, онҳо насли ҷавонро сохтанд, насли ҷавони афғон, ки бо тафаккури ҷадид, тафаккури ғарбӣ ва тафакури Амрико тарбият ёфтанд». Ба гуфти Худойбердӣ Холиқназаров, нерӯҳои НАТО баъд аз соли 2014 низ дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд: «НАТО эълон кард, ки соли 2014 хоки Афғонистонро тарк мекунад, аммо ман фикр намекунам, ки онҳо аз марзи давлати исломӣ ба тамом берун шаванд. Райисҷумҳури Амрико дар барномаҳои қаблазинтихоботияш гуфта буд, ки низомиёни кишварашро аз Афғонистон берун мекунад, ҳоло барои исботи гуфтаҳояш ва боварии мардуми кишварашро аз даст надодан шояд як миқдор хизматчиёни ҳарбиро аз Афғонистон берун мекунанд. Аммо Амрикое, ки дар ин кишвари исломӣ манфиятҳои геостратегӣ дорад, ба ҳеч ваҷҳ онро тарк нахоҳад кард. Бубинед, Амрико ҳудуди 7 триллион долларро дар Афғонистон масраф кард. Кишваре, ки чунин сармоягузории (дар ҷанг ҳам сармоягузорӣ мешавад) азим кардааст, бо ҳеҷ далеле аз он ба осонӣ онро тарк нахоҳад кард ва ин мисли оина рушан аст».
Ба қавли масъули Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон феълан Амрико дар 4 ҷониби Афғонистон -Қандаҳор, Шиндран, Мазори Шариф ва Багром базаи ҳарбӣ дорад ва ҳоло касе намедонад, ки дар ин базаҳо чист. Худойбердӣ Холиқназаров илова намуд, ки Амрико воқеан контроли геополитики тамоми  минтақаро дар даст дорад. Ӯ аз ҳодисаҳои 11-уми сентябр мисол оварда гуфт, ки ворид шудани сарбозони амрикоӣ ба Афғонистон тарҳи сиёсати геополитики ИМА аст.

Бархе аз коршиносон ба ин назаранд, ки парокандагии сиёсӣ дар Афғонистон барои амнияти Тоҷикистон хатарзо аст. Музаффар Олимов, доктори илмҳои таърих мегӯяд, баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО дар ҳолати ба дасти Толибон гузаштани ҳокимияти Афғонистон Тоҷикистон маҷбур хоҳад шуд, масъалаи чӣ тавр, дар кадом сатҳ ва дар кадом ҳудуд бо онҳо ҳамкорӣ карданро ҳаллу фасл намояд. Ба қавли номбурда, равшан аст, ки ҳокимият дар Афғонистон хеле ноустувор буда, ҳокимияти воқеӣ дар манотиқ аз ҷониби қумандонҳои сиёсии саҳроӣ идора мешавад, ки яқинан марбути ягон ҷараёни сиёсӣ нестанд. Ҳамчунин таҳдиди хеле ҷидии пайдошавии лагерҳои мухолифин дар соҳили Афғонистон ва болоравии нуфузи идеялогияи толибон дар Тоҷикистон низ дар назар аст: «Ҳамаи ин, на танҳо зарурияти таҳким бахшидани сарҳадод, балки хараҷоти зиёдеро барои сохторҳои амниятии Тоҷикистон тақозо мекунад, ки ин ҳолати яқинан ногувор, ояндаи Тоҷикистонро низ хира хоҳад намуд». Ба андешаи Музаффар Олимов, ҳаракати Толибон чанд со ласт, ки нуфузи 10 соли пеши худро аз даст додааст, аммо воқеаҳои ахир нишон медиҳад, ки онҳо аз нав талош доранд, мисли пештара аз қувваи сиёсӣ будани худ дарак диҳанд.                                 

Алишер Зарифӣ







Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ЗОИРШО

  • 16 декабр 2013 14:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ТОЛИБОН НАТАНХО БА АМНИЯТИ ТОЧИКИСТОН БАЛКИ БА АМНИЯТИ ТАМОМИ ОСИЁИ МИЁНА ХАТАР ДОРАНД БОЯД ДАВЛАТХОИ ОСИЁИ МИЁНА АЗ ОНЧУМЛА УЗБАКИСТОН КУШИШ КУНАД, КИ МУНОСИБАТАШРО БО ТОЧИКИСТОНУ АВГОНИСТОН ХУБ НАМОЯД ТО, КИ ОРОМИЮ АМНИЯТ ДАР ОСИЁИ МИЁНА ТАЪМИН ШАВАД.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!