Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:03

КОДЕКСИ БУҶЕТ МУШКИЛОТРО ҲАЛ МЕНАМОЯД

2 май 2012, 09:48

Барои барқарор кардани адолати иҷтимоӣ пеш аз ҳама ҳалли масоили иҷтимоӣ зурур аст. Аз ин рӯ дар кодекси нав аз нисф бештари маблаѓҳо харҷи масъалаҳои иҷтимоӣ мегардад.

Бештари коршиносон бар ин назарнд, ки бо гузашти 20 сол аз истиқлолият ҳануз дар бахши хароҷоту даромади буҷети Тоҷикистон шаффофият мавҷуд набуда вазоифи буҷет ба дурустӣ анҷом нашудааст. Буҷет на танҳо аз иҷрои вазоифи худ минҷумла барпоии адолати иҷтимоӣ, ба дурурстӣ тақсимкунии даромади миллӣ ва инкишофи соҳаҳои гуногун набаромада, балки дар мавориде аз пардохти маоши кормандону нафақапулӣ оҷиз мондааст. Ва инак давлат дар фикри таҳияи кодекси буҷет аст. Ба далели ҳассосияти ниҳоят зиёди ин мавзуъ, "Озодагон" тасмим гирифт бо вакили Маҷлиси намояндагон Исмоил Талбаков, ки 11 сол дар Кумитаи иқтисоду молияи ин ниҳод ҳузур дорад, суҳбате анҷом диҳад.

Зербинои кодекси буҷет қавист!

- Дар таҳияи кодекси буҷет пеш аз ҳама чи заминаи воқеӣ гузошт? Маъмулан барои таҳияи чунин кодексҳо ҳазорон соат баҳсҳои коршиносона сурат мегирад, дар таҳияи ин кодекс ҳам чунин баҳсҳо сурат гирифтааст ва он таҳкурсии мустаҳками илмӣ дорад?

- Дар давлатҳои мустақил аз ҷумла Тоҷикистон кодекси буҷет аз хусусиятҳои молиявии муҳиме ба ҳисоб меравад, ки нақшаи молиявии давлатро ба танзим медарорад. Баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ ва таҳияву қабули буҷети ҶТ барои яксол якчанд қонуну лоиҳаҳое қабул шудаанду амал мекунанд, ки ҳар кадом ба таври ҷудогона паҳлуҳои молиявиеро, ки буҷет бояд ба танзим дарорад, иҷро мекунанд. Дар ҳоли ҳозир кодекси буҷет дар аксари давлатҳои ҷаҳон қабул шудааст, ки дахлу харҷи буҷетро дар доираи кодекси буҷет дақиқан мушаххас мегардонаду онро ба танзим медарорад. Ва имрӯз, ки мо яке аз субъектҳои иқтисодиёти ҷаҳон ба шумор меравем, бояд кодекси буҷети худро дошта бошем. Дар таҳияи ин кодекс мутахассисони Вазорати молия, иқтисоддонон, коршиносон ва мо вакилони Маҷлиси намояндагон ва низ мутахассисони ин соҳа, ки дорои таҷрибаи хоксоронае ҳастанд, ба хулосае омаданд то кодекси нави буҷет таҳия ва қабул гардад. Мо вакилони Кумитаи иқтисоду молия ва дигар вакилони маҷлис бо дарназардошти дархостҳои интихобкунандагон ва омузиши таҷрибаҳои ҷаҳонӣ беш аз яксол мешавад, ки ин мавзуъро баррасӣ мекунем. Дар хусуси ин масъала  коршиносони байналмилалиро дар доираи барномаи дастгирии Созмони миллали муттаҳид даъват карда будем, ки онҳо омаданду ба мо хулосаҳои асосноки илмиву таҷрибавии худро пешниҳод намуданд то ин кодекс тавонад дар оянда таҳия ва харҷи маблаѓҳои буҷетро беҳтар гардонад. Вақте ба ин хулоса омадем, марҳилаи аввали ин кодексро омода намудем. Ҳамроҳи ҳукумати ҶТ, Вазорати молия ва Кумитаи андоз тасмими гирифтем то гурӯҳи корие ташкил дода ин лоиҳаро барои баррасӣ ба МНМО пешниҳод намоем. Аввали ҳамин моҳ аз тарафи ҳукумат ба парлумон як қарори махсусе барои таҳияи кодекси буҷет ворид шуд ва Вазорати молия ва дигар вазоратҳо барои таҳияи ин кодекс мувофиқи қарори ҳукумат вазифадор шуданд. Барои омода намудани ин кодекс мо аз кадом манобеъу сарчашмаҳо асос гирифтем. Бо супоришу пайгириҳои президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳои пешинаи худ ба Маҷдиси олии ҶТва паёми имсолаи худ ин маворидро гуфта буд. Дар паёми соли гузаштаи худ ҳам президент қайд карда буд, ки афзоиши воқеии ММД на камтар аз 6 - 7 фоиз бо дарназардошти сатҳи таварруми то 7 - 9% боястӣ таъмин карда шавад. Даромади буҷет бошад то соли 2015 ба 22 фоизи ММД баробар шаваду барои амалинамоии он чораҳои зарурӣ андешида шавад. Ин масъаларо коршиносон, иқтисоддонон, олимон ва кормандони Кумитаи андоз дастгирӣ намуда таъкид мекарданд, ки кодекси буҷет ҳарчи зудтар таҳия ва баррасӣ гардад.

«Кодекси буҷет тамоми санадҳову қонунҳоро ба танзим медарорад»!

- Ин кодекс аз кадом ҷиҳатҳо аҳаммияти вижа дорад, метавонем гуем, ки кодекси буҷет ба яке аз шохаҳои асосиву ҳаётии низоми молиявии кишвар табдил мегардад?  

- Дар ҳоли ҳозир қонунҳое, ки то имрӯз барои ба танзим даровардани буҷети кишвар дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ амал менамоянд, инҳо мебошанд: қонуни ҶТ дар бораи молияи давлатӣ, қонун дар бораи хазинадорӣ, дар бораи назорати давлатии молиявӣ, дар бораи қарздиҳии давлатӣ, дар бораи хариди давлатии молу кору хидматрасониҳо ва низ кодекси андозу гумрук. Аммо ҳамаи ин қонунҳо инфиродиянду дар ҳангоми муҳокимаҳо миёни ин қонунҳо мухолифатҳову ихтилофоти зиёде ба вуҷуд меояд. Инчунин аз сабаби он ки имрӯз мо ҳамчун субъекти муносибатҳои ҷаҳонӣ ба таври устувор ворид мегардем, зарур аст то санадҳои меъёриву ҳуқуқии худро дар соҳаи молияву буҷету андозбандӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонем. Ин талаботҳо аз пеши худ пайдо нашуда, балки аз Конститутсияи ҶТ моддаи 10 қисми 3, ки Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқҳои байналмилалӣ эътироф карда ба вуҷуд омадааст, ки ин қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳад ва бо рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва самаранок истифодабарии захираҳои истеҳсолот алоқаманд аст. Барои ҳамин вақте дар маҷлиси навбатии ҳукумат дар хусуси кодекси буҷет масъалагузорӣ шуд, паёми порсолаи президент ба инобат гирфта шуд, ки дар ин паём дастур дода шуд, то дар таҳияи кодекси буҷету андоз вакилони Маҷлиси намояндагон ва дигар мақомот ҳамкорӣ кунанд. Ин кодекс дар афзоиши даромади буҷети давлатӣ таъсиргузор аст. Ҳаҷми даромади буҷет дар соли 2012 ба маблаѓи 10 млрд. 200 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки аз соли 2011 22% зиёдтар мебошад. Агар афзоиши даромади буҷетро бо солҳои пешин муқоиса кунем, мебинем, ки ба ҳисоби миёна ҳар сола то 35 - 40% афзоиш ёфтааст. Имрӯз чун шомили ҳайати иқтисоди ҷаҳони муосирем, ин арқом ба танҳоӣ наметавонад масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодиро ҳаллу фасл намояд. Аз ин рӯ, дар паёми президент гуфта шуд, ки буҷети давлатӣ пеш аз ҳама ба ҳалли масъалаи рушди иқтисодии мамлакат ва беҳтаргардидани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст. Ва ҳамчунин ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таҳким бахшидани хусусияти иҷтимоии буҷет ва низ баланд бардоштани музди меҳнату таъминоти нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ афзалиятҳои муҳимтарини сиёсати давлатанд. Натиҷа чунин аст, ки баъд аз 10 сол ҳаҷми музди миёна то 32% зиёд гаштааст. Албатта бо ин рақамҳо афзоиш ёфтани маошҳо дар соли 2012 - 2015 - 2020 барои мо самараи дилхоҳ намедиҳад. Зеро ҳаёт вазоифи худро пешорӯи мо мегузорад. Ба ҳамин хотир Вазорати молияву Кумитаи андоз дар ҳоли таҳияи кодекси нави буҷетанд, ки ин барои афзоиши ҳаҷми даромади буҷет, беҳтаргаштани маблаѓгузории соҳаҳои иҷтимоӣ ва пардохти музди меҳнату нафақа, сохтмону коплексҳои агросаноатӣ ва сохтмони роҳҳо ва коммуникатсия. ки дар оянда метавонанд ба буҷети Тоҷикистон даромад биёранд, хеле муҳим аст. Кодекси буҷет дар оянда метавонад тамоми қонунҳову санадҳоеро, ки вобастаи буҷетанд, мукамал гардонаду дар доираи худ ҳамаи онҳоро ҳал намояд. Ҳамчунин метавонад масъулияти истифодабарии маблаѓҳои буҷетро дар назди ниҳодҳои ҳукуматӣ баланд бардорад ва барои дарёфти маблаѓҳо дар ростои афзоиши даромади буҷет ва оқилонаву сарфакорона харҷгардидани маблаѓҳо дар соҳаҳои гуногун танзимгар бошад. Аҳаммияти ин кодекс дар он ифода меёбад, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон якчанд кодексҳо аз ҷумла кодекси гражданӣ, кодекси ҳавову фазо, кодекси об, кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, кодекси андоз, кодекси гумрук, кодекси расмиёти маъмурӣ, кодекси мурофиаи судӣ, кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва кодекси ҷангали ҶТ қабул ва иҷро шудаанд, ки дар ин байн бе кодекси буҷет барои мардум ҳаёти осоишта таъмин карда наметавонем. Кодекси андозу гумрук ҳамроҳи кодекси буҷет дар оянда метавонанд пояҳои низоми молиявиро мустаҳкам гардонанд. Бинобарин дар канори кодекси андозу гумрук таҳияи кодекси буҷет ҳётист. Дар оянда дар сурати  рушди ММД то зери 30% кодекси буҷет хеле зарур мегардад. Дар яке аз ҳамоишҳои байналмилалӣ намояндагони иштирокчӣ ба ин масъала хеле таваҷҷуҳ карда буданд, аммо вақте бинанд, ки дар канори соири кодексҳо кодекси буҷет вуҷуд надорад, барои додани қарз ва маблаѓгузорӣ дар Тоҷикистон шубҳаҳо пайдо мекунанд ва дар сурати роҳандозии кодекси нав ин шубҳаҳо аз байн меравад. Агар дар таҳияи ин кодекс таъхир нашаваду Вазорати молияву соири ниҳодҳо онро ба парлумон пешниҳод намоянд, мо кӯшиш мекунем то хуб баррасӣ шавад.

«Масъулияти иҷрокунандагон афзоиш меёбад»

- Оё метавон гуфт, ки дар сурати омода ва тасвиб гардидани кодекси буҷет, ҳамаи бандҳои он пурра иҷро мегардаду мушкилоти асосии буҷетро рафъ менамояд? Кодекси буҷет масъулияти иҷрокунандагоро бештар хоҳад кард?


- Буҳрони молии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти мо таъсири манфии худро дар афзоиши наёфтани ҳаҷми ММД расонидааст. Дар ҳоли ҳозир 35 то 40 дарсади арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолии моро сузишворӣ муъайян менамояд. Нархи нафту газу барқу дигар ҳомилҳои энержӣ бевосита ба иҷроиши буҷети мо таъсир мерасонад ва дар инҷо субъектҳои хоҷагидор аз истеҳсоли маҳсулоти худ фоида намебаранд. Зеро хароҷоташон зиёд мегардад. Инчунин дар ин кодекс грантҳо, иҷроиши барномаҳои ҳукуматӣ ва маблаѓҳои аз ҳисоби андозу дигар даромадҳо, пурраву дақиқ нишон дода мешаванд. Аз мушкилоти асосие, ки ин кодекс ҳал менамояд, ин бо сифат иҷро шудани қисми даромаду хароҷоти буҷет аст ва ин кодекс як ҳуҷҷате хоҳад шуд, ки гурӯҳбандии тамоми манобеъи даромад ва хароҷотро муъайян карда ҳар як шахс ва ниҳодҳои масъул барои иҷрои он ҷавобгарии ҷиддиеро дақиқан ҳис хоҳад кард. Ва дар як сол дигар 4 маротиба ба он таѓйирот ворид намегардад. Ин санад ҳамчун як ҳуҷҷати мукаммал тамоми паҳлуҳои буҷетро ба танзим медарорад. Агар истеҳсоли маҳсулот зиёд гардаду молҳои бештаре ба фурӯш равад, даромадҳои буҷет афзоиш меёбад. Ин кодекс ҳамаи қонунҳову санадҳоеро, ки ба низоми молиявии давлат марбут мешавад, дар бар мегирад ва дар мувофиқа бо кодекси андозу гумруки кишвар қабул карда мешавад.   

- Яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодие, ки аз ҳисоби буҷет сармоягузорӣ мешавад, ин соҳаи энергетика мебошад, ба ростӣ кай ин маблаѓгузориҳо самараи дилхоҳро медиҳад?

- Бале, сол то сол маблаѓҷудокунӣ барои комплекси сузишворӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли барқ ва низ корҳои ҷустуҷуӣ барои истихроҷи нефту газу ангишт афзоиш меёбад. Захоири ангишти мо 5 млрд. тоннро дар бар мегирад, ки бо маблаѓгузории зиёд ва ниҳоят истихроҷи он метавонем аз ангишти дохилии худ истифода барем. Ва боз аз ҳисоби истихроҷ ва коркарди он метавонем бисёр маҳсулотҳои гуногун тавлид карда ба берун арза намоем ва корхонаҳои худиро бо барқу ангишт таъмин карда аз вобастагии зиёди нефту газу сӯзишвории соири кишварҳо то як андоза раҳо ёбем. Дар ин ҳолат ҳаҷми воридот нисбат ба содирот камтар мегардад. Зеро ҳар чиқадар моли худро ба берун истеҳсол кунему воридотро камтар намоем, ҳамон қадар онро бо нархи арзон ба мардуми худ дастрас карда бо арзиши аслӣ ба берун мефурӯшем.         

«Барқарории адолати иҷтимоӣ вазифаи аслитарини буҷет»

- Вазифаи асосии буҷет ин барқарории адолати иҷтимоист, оё ин санад метавонад буҷетро дар иҷрои ин вазифааш муваффақ гардонад?

- Албатта, ки барқарорсозии адолати иҷтимоӣ аз талаботҳои асосии Сарқонуни кишвар аст, ки дар модаи 100 қайд гаштааст. Гузашта аз ин давлати Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ шинохта шудааст. Ба ҳамин хотир барои барқарории адолати иҷтимоӣ пеш аз ҳама ҳалли масоили иҷтимоӣ зурур аст. Дар кодекси нав аз нисф бештари маблаѓҳо харҷи масъалаҳои иҷтимоӣ мегардад. Агар ин пардохтҳо бо меъёрҳои байналмилалӣ қиёс шавад, албатта, ки он қадар зиёд нест. Кишварҳои зиёде ҳастанд, ки дар ин соҳаҳо маблаѓҳои зиёде сарф мекунанд. Чун ММД - яшон дар сатҳи баланде қарор дораду маҳсулоти бештаре истеҳсол мекунанд, ки ин боиси мукаммалии буҷети онҳо гаштааст. Агар кишвари мо барномаҳои ҳукуматиро, ки ба ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву ѓайрииқтисодӣ минҷумла энергетикаву кишоварзӣ ва сохтмони роҳҳо марбут мешавад, пайгирӣ кунад, даромади буҷет зиёд гашта маблаѓҳои бештаре баҳри барқарорсозии адолати иҷтимоӣ равона мегардад. Кишварҳое ҳастанд, ки аз нисф бештари хароҷоти буҷеташон баҳри соҳаҳои ҳарбӣ меравад ва каманд мамолике, ки аз нисф зиёди маблаѓҳои буҷетро барои соҳаҳои иҷтимоӣ сафарбар кунанд.

- Ин санад оё метавонад сарчашмаҳои даромади буҷетро зиёд гардонад?

- Ин кодекс тамоми санадҳои ҳуқуқиву меъёрӣ ва қонунҳоеро, ки дар соҳаи молияи давлатӣ амал менамоянд, ба танзим медарорад. Аммо барои амалӣ гаштани барномаҳое, ки дар истеҳсолот мавҷуд аст, таъсири мусбат расонида метавонад. Бо пурра ҳал гардидани масъалаҳои коммуникатсионӣ ва роҳову пулҳо, кишвари мо як мамлакати транзитӣ мешавад ва тибқи ҳисобот наздики як млрд. доллар бавоситаи интиқоли бор аз Тоҷикистон ба соири кишварҳо, даромад ба буҷети кишвар ворид мегардад. Дар ҳамаи хатҳои транзитие, ки Тоҷикистон дар онҳо қарор дорад, дар онҷо тамоми намудҳои хидматрасонӣ, савдову кор бунёд мегардад ва унвони манобеъи даромади буҷети давлатиро ба худ мегирад. Инчунин бо қабул намудани қонун дар бораи нефту газу ангишт мо метавонем талаботи дохилии худро қонеъ гардонем. Ҳамаи инҳо ба субъектҳои андозсупоранда дохил мешаванд. Қисмати дигаре, ки дар назар дорем, ин комплекси агросаноатист, ки барномаҳои истеҳсолоти комплексҳои агросаноатиро нигоҳ дорем. Ҳамакнун дар тамоми тепаву кӯҳҳо боѓ  бунёд мегардад. Роҳандозии намудҳои гуногуни технологияҳои нав, истифодаи тухми зотти беҳтарини чорво, ки инҳо дар якҷоягӣ даромади буҷетро дар оянда ташкил медиҳанд. Бояд шумораи корхонае, ки дар як сол 1 млн. тонна семент истеҳсол мекунаду аз ҳисоби он ба буҷет ҳар сола 130 млн. ворид мегардад, зиёд карда шавад, ки дар ин сурат ҳазорон нафар бо ҷои кор таъмин мегарданд ва онҳо ҳам аз даромади худ андоз месупоранд. Ҳаминҳо боис шуд, то президент дар паёми худ гуяд, ки андозҳоро кам менамоем ва бо роҳандозии чунин корхонаҳо ҳаҷми даромадҳои андозиву ѓайриандозиро зиёд карда буҷети худро ѓанӣ мегардонем. Ҳарчи бештар истеҳсолоти худро афзоиш диҳем, ҳамон қадар манобеъи андозу андозбандӣ зиёд мегардад.              

-Замони пурра омода гардидани ин кодекс ва иҷрои он кай фаро мерасад?

- Ин кодекс бояд дар сатҳи байналмилалӣ қабул карда шавад. Агар талоши зиёд анҷом диҳем, таҳияи ин кодекс то 1 сол давом меёбад.

Мусоҳибаи Сиёвуш Қосимзода   





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!