Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:27

Гузариши пурраи Тоҷикистон ба иқтисоди бозаргонӣ кай рух медиҳад?

3 май 2012, 10:12

Баъди фурӯпошии Шӯравӣ Тоҷикистон аз иқтисоди нақшавии СССР ба  муносибатҳои бозорӣ рӯ овард ва инак наздики 20 сол мешавад, ки мақомоти кишвар иқтисоди кишварро дар ҳоли гузариш меноманд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки гузариши мазкур кай анҷом меёбад?

Дар замони шӯравӣ давлат фармон медод ва ҳамаи мубодилоти иқтисодӣ  мутобиқи нақшаи ҳукумат сурат мегирифт, ки ин бо иқтисоди бозорӣ мухолифат дошт. Дар дигар мамолики собиқ шӯравӣ низ системаи планӣ роиҷ буд, минҷумла дар Тоҷикистон. Аммо ҳоло ҳам оё таъсири иқтисоди нақшавӣ ба назар мерасад?
Иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки дар чанде аз давлатҳои ба иқтисоди бозорӣ гузашта, ҳанӯз ҳам системаи нақшавӣ мавҷуд аст. Онҳо аз Ҷопону Фаронса мисол мезананд, ки низоми нақшавии 5 то 10 соларо амалӣ мегардонанд. Ба қавли Фирӯз Саидов, иқтисодшиноси мустақил хуб мешуд агар Тоҷикистон дар бахши моликияти давлатӣ системаи нақшавии 5 соларо ҷорӣ гардад: «Ин танҳо хоси Тоҷикистон набуда, балки дар иқтисодиёти ҷаҳон дида мешавад. Бештари давлатҳо нақшаҳои тараққиёти 5 солаи худро доранд. Системаи нақшавии собиқ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, агар мавҷуд мебуд, бароямон беҳтар буд. Зеро аз қабл огоҳ мебудем, ки ба чӣ коре машғул ҳастем. Дар мо танҳо нақшаҳои стратегӣ ҳаст аз ҷумла кам кардани сатҳи камбизоатӣ то соли 2015. Ба нақшагирии умумии иқтисодиётро бояд роҳандозӣ кунем». Ба гуфтаи номбурда, системаи нақшавии замони шӯравӣ барои Тоҷикистон хеле беҳтар аст ва ҳатто Амрико ҳам аз чунин система истифода мебарад. Инчунин дар соҳаҳои гуногуни кишвар нақшагирии давлатӣ ба чашм мерасад. Он бахшҳое, ки аз ихтиёроти давлат хориҷ аст, бояд ба нақшагирии давлатӣ ворид шавад, мегӯяд Фирӯз Саидов.

Яке аз хусусиятҳои иқтисоди бозор ин шаклҳои гуногуни моликият аст. Дар ҳамин маврид доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев мегӯяд, дар давлатҳои рушдкардаи иқтисоди бозаргонӣ қоидаи тиллоии «20 дар 80» амал менамояд , ки 20 дарсади онро моликияти давлатӣ ва 80 фисади дигарро моликияти ғайридавлатӣ ташкил медиҳад ва муносибатҳо вобаста ба ҳамин формула сурат мегирад: «Агар 20 дарсади муносибати ҳокимиятҳо дар шакли давлатӣ  бошад, 80 фоизи равобит бояд дар асоси қонунияти бозор сурат гирад. Ин қоида дар илми иқтисодӣ ҳамчун қоидаи тиллоӣ қабул шудааст. Аз сӯи дигар худи ташаккулёбии муносибатҳо фарҳанги иқтисодист ва барои ворид кардани тағирот дар ин муносибатҳо бояд равобити касбӣ  пурзӯр бошад, то мардум бовар карда ҳаракатҳои худро тағир диҳанд. Ба ҷои муносибатҳои кӯҳнаи хоҷагидорӣ, тиҷорат ва ба ҷои равобити иҷтимоӣ мардум равобити навинеро бояд ҷойгузин намоянд. Аммо имрӯз на дар ҳамаи соҳаҳо ба равобити бозаргонӣ  ворид шудаем. Ба тавре, ки дар соҳаҳои гуногун иқтисоди нақшавии замони шӯравӣ ҳануз боқист».

То иқтисоди бозорӣ 10 соли дигар мондааст?
Бештари иқтисоддонҳо ба ин назаранд, ки то кунун иқтисоди нақшавии замони шуравӣ  дар кишвар дида мешавад. Алиқул Утағанов дар ин замина мегӯяд: «Озодии иқтисодӣ  бештар шудааст аммо, менталитети мардум мисли собиқ боқӣ мондааст. Албатта таи 3-4 соли ахир нақшаҳои пахтаҷамъкуниву ба ин монанд барномаҳо то ҳудуде барчида шудаанд. Вале дар ҳоли ҳозир барои пурра гузаштан ба иқтисоди бозор омода нестем». Ба маълумоти номбурда, марзҳои Тоҷикистон боз аст. Аммо сармоягузорон барои сармоягузорӣ дар дохили кишвар боварӣ надоранд ва то кунун Тоҷикистон аз давраи гузариш хориҷ нашудааст.       

Ба қавли иқтисодшинос Фирӯз Саидов дар бахшҳои давлатӣ нақшагирӣ вуҷуд дошта, аммо дар ҳавзаи хусусӣ ин чиз дида намешавад. Номбурда мегӯяд, «дар иқтисоди бозаргонӣ омилҳои зиёде ҳастанд, ки таъсири манфии худро мерасонанд. Ба монанди воридоти сузашворӣ бо нархи гарон ва мушкилоти роҳи оҳан бо Ӯзбакистон. Дар ҳоли ҳозир давраи иқтисоди бозории ваҳшии собиқ гузаштаву низоми бозорие ба вуҷуд омадааст, ки аз тарафи давлат танзим мешаваду дар он давлат бояд рақобатро дар назар гирад ва ба монополия роҳ надиҳад».      
Ин ҳарфҳо дар ҳоле матраҳ мегардад, ки дар иқтисоди бозор давлат танҳо дар мавориди зарурӣ бояд дар кори бозор дахолат кунад, зеро ин қонуни бозор аст. Аммо бо ҳамаи инҳо суоле дар миён меояд, ки Тоҷикистон кай аз давраи гузариш мебарояд ва пурра ба иқтисоди бозаргонӣ  мегузарад?
Дар посух ба ин суол иқтисоддон Алиқул Утағанов гуфт, агар сиёсатҳои феълӣ давом кунад, то 10 соли дигар пурра ба иқтисоди бозаргонӣ ворид мегардем.     

Иқтисоди бозаргонӣ чи хусусиятҳое дорад?
Аммо дар мавриди ин ки иқтисоди бозаргонӣ чӣ хусусиятҳое дорад, доктори улуми иқтисод Табаралӣ  Ғаниев мегӯяд, иқтисоди иқтисоди бозаргонӣ саросар фарҳанги навинест, ки яке аз омилҳои асосияш ҳокимиятдорӣ дар роҳбарист. Яъне, додани ҳокимияти марказонидашудае, ки дар ҳангоми истифодаву тақсими захираҳо ба даст меояд: «Додани ин ҳокимиятҳо ба дасти менеҷерони корхонаҳо ва ҷорӣ будани ҳокимияти шаҳрвандӣ нақши аслиро дар иқтисоди бозаргонӣ мебозад. Бо касбӣ будани ҷомеа, қабулу истифода аз иттилоот ва донистани ҳокимият шакли дигаре мегирад. Вақте онҳо аз донишҳои касбӣ  огоҳ нестанд, аз ҳокимияти аслии худ дур мемонанд. Мутаасифона ин ҳолат дар Тоҷикистон комилан ошкор аст, зеро зиёда аз 75 дарсади мардум дар деҳот зиндагӣ мекунад. Агар аз ин теъдод 15 дарсадаш аз ҳунару донишҳои касбӣ огоҳ бошанд, бақияи онҳо аз маълумоти касбии худ бехабаранд, ки яке аз рутбаҳои ҳокимият ин дониши касбии ҳуқуқи доштан аст. Танҳо бо огоҳ будан аз донишҳои касбӣ, ҳокимияти муносибатҳо ва ҳокимияти функсионалиро соҳиб мешаванд. Рукни панҷум ҳокимияти арзишҳост, шахсе, ки ин фаҳмишро надорад, ҳокимияти арзишҳоро ҳам надорад. Ҳамаи арзишҳое, ки арзишҳои олӣ ҳастанд, дар мо кам дида мешаванд».

Таҷрибаи кадом давлат барои Тоҷикистон мувофиқ аст?
Ҳар кишваре барои гузариш ба муносибатҳои бозорӣ аз таҷрибаи соири кишварҳо баҳраманд мегардад аммо барои кишвари мо баҳра бурдан аз таҷрибаи кадом давлатҳо метавонад корсоз бошад?
Доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев истифода аз таҷрибаи мардуми Ҷопонро барои Тоҷикистон ба хотири кишвари шарқӣ буданамон муфид медонад ва мегӯяд, ки мардуми ин кишвар аз лиҳози хислату рафтор ба мардуми форс хеле наздиканд. Ин як таҷрибаи олии иқтисоди бозаргонӣ барои Тоҷикистон шуда метавонад.
Аммо ба қавли Фирӯз Саидов новобаста аз ин ки дар кишвар иқтисоди бозаргонӣ ҷорист ё нақшавӣ, бояд давлат механизми танзими бозорро аз дигар давлатҳо омӯзаду тамоми бахшҳои мухталифро ба нақша гирад: «Чун дар сурати набуди иқтисоди нақшавӣ дар истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ беназмӣ ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ давлат бояд ин равандро танзим кунаду ба нақша гирад ва соҳаҳое, ки дар онҳо истеҳсоли ками маҳсулот ва ё зиёди онҳо, рух медиҳад, ҳатман аз ҷониби давлат танзим гардад. Иқтисоди бозаргониро мо чунин мефаҳмем, ки бояд ҳар ки ҳар чи ба теъдоди дилхоҳаш тавлид кунад. Ин тавр нест, бояд бозор ба танзим дароварда шавад. Банақшагирӣ новобаста аз он ки дар муносибатҳои бозорӣ қарор дорем, бояд дар мо роиҷ бошад».

Гуфта мешавад, ки истифода аз таҷрибаи Кареяи Ҷанубӣ ва Малайзия барои Тоҷикистон муфид аст. Хамин Амрико тақрибан як аср аз дигар кишварҳо пеш рафтааст. Инҳо мамолики саноатии мутараққие мебошанд, ки дар ҳавзаи иқтисодиёти ҷаҳон 30 сол аз ҳузурашон мегузараду ин кишварҳо дар ин се даҳа пешрафтҳои иқтисодии зиёде кардаанд. Ба тавре, ки рушди иқтисодиёташон дар сатҳи баланде қарор дорад. Алиқул Атағанов дар ин маврид мегӯяд: «Албатта табиист, дар ҳар мамлакате, ки барои соҳаи маориф маблағгузории зиёд мешавад, рушди иқтисодӣ  суръат мегирад. Агар мо хохем, ки давраи гузаришро паси сар кунем, бояд маблағгузориҳои худро дар соҳаи маорифу илм афзоиш диҳем. Аммо афсус, ки мо 20 то 30% ба ин соҳаҳо маблағгузорӣ  мекунем, ки бо чунин ҳол мутахассисони варзида тарбия карда наметавонем. Дар ҳоли ҳозир қисми зиёде аз муаллимон дар Русия ҳастанд».

Фирӯз Саидов ҳам мегӯяд, ки Тоҷикистон бояд аз таҷрибаи кишварҳои тараққикарда истифода кунад. Ба андешаи номбурда, аз таҷрибаи кишварҳои хӯрде, ки аз лиҳози тараққиёту захираҳои табиӣ бо Тоҷикистон шабоҳат доранд, боястӣ истифода кунад аз ҷумла Кареяи Ҷанубӣ, ки дар ин ҳолат ба ҳадаф мерасем. Ин кишвар то солҳои 60 - 70 ҷузъи кишварҳои сусттараққикарда буд, аммо имрӯз чунин нест.
Иқтисоддонҳо мегӯянд, ки мавҷуд будани монополияву фасод ва набудани рақобату техникаҳои нав ва низ набуди мутахассисони варзида дар ин соҳа монеъи гузариши Тоҷикистон ба иқтисоди бозории модерн гаштааст.
Сиёвуш Қосимзода 




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!