Бахшҳо
04 май 2012 05:17Гузориш

Обама: Замони хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон фаро расидааст

Раисҷумҳури Амрико, ки дар сафари эъломнашудае вориди Афғонистон шуд, баъд аз имзои санади марбут ба ҳамкориҳои стратегии Кобул-Вашингтон, дар як суханронии телевизионӣ гуфт, ки замони хурӯҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон фаро расидааст.

Хабаргузории Форс ба нақл аз рӯзномаи амрикоии «USA todey» менависад, ки Барак Обама, президенти ИМА дар ин суханронии телевизионияш аз пойгоҳи ҳавоии «Багром» эълом кард, ки шикасти «Алқоида» наздик аст. Раисҷумҳури Амрико ҳамчунин бо ишора ба коҳиши ҳамлаҳои Толибон, афзоиши қудрати нерӯҳои амниятии афғон ва марги Бен Лоден ва бисёре дигар аз раҳбарони «Ал-Қоида» эълом кард, замони интиқоли низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон фаро расидааст.
Обама бо ишора ба ин ки мавҷи ҷанг ва низомиёни амрикоӣ роҳбарии «Ал-Қоида»-ро вайрон карданд, афзӯд: «Толибон фикр мекунад метавонад бори дигар дар Афғонистон ҳукумат кунад, аммо хушбахтона ин бор ин кишвар аз сӯи Амрико пуштибонӣ мешавад ва дигар чунин иттифоқе намеафтад».
Суханони Обама дар хусуси Толибон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки пеш аз ин расонаҳои хабарӣ аз музокироти сулҳи Амрико ва Толибон хабар додаанд.

Президенти Амрико гуфт: «Дар тули се соли ахир, авзоъ баргаштааст ва иҷрои ҳадаф барои шикасти «Ал-Қоида» ва иҷоза надодан ба ин гурӯҳ барои бозсозии худаш наздик аст. Шикасти терористҳое, ки дар таърихи 11-уми сентябри соли 2001 ба Амрико ҳамла карданд, ниҳоятан даст ёфтанӣ хоҳад шуд».
Изҳороти Обама дар бораи наздик будани пирӯзии Амрико бар «Ал-Қоида» дар шароите гузориш мешавад, ки Леон Паннета, вазири дифои Амрико ахиран эълом кард, ки ҳеҷ роҳи ҳалли фаврӣ ва мӯъҷизаосое барои нобудии комили «Ал-Қоида» вуҷуд надорад.

Обама, ки сеюмин бор аст, дар тули даврони раёсатҷумҳурии худ ба Афғонистон сафар мекунад, пас аз вуруд ба Кобул ва дар аввалин солгарди кушта шудани Усома бин Лоден, роҳбари шабакаи терористии «Ал-Қоида» бо ҳузур дар кохи раёсатҷумҳурии Афғонистон санади ҳамкориҳои старатегӣ миёни Кобул-Вашингтонро бо Ҳомид Карзай, президенти Афғонистон имзо кард. Ин тавоқуфнома маъмурияти низомии Амрикоро дар Афғонистон коҳиш медиҳад, аммо пуштибонии тӯлонимудати ИМА аз Кобулро сомондиҳӣ мекунад.

23 ҳазор низомии амрикоӣ то поёни тобистон аз Афғонистон хориҷ мешаванд
Раисҷумҳури Амрико дар ин суханронӣ эълом кард, беш аз 20 ҳазор низомии амрикоӣ то поёни тобистони соли ҷорӣ Афғонистонро тарк хоҳанд кард. Обама гуфт: «Мо соли гузашта 10 ҳазор низомии амрикоиро аз Афғонистон хориҷ кардем ва 32 ҳазор низомии дигар низ то поёни тобистони соли ҷорӣ Афғонистонро тарк хоҳанд кард. Баъд аз он низ ин коҳиш бо суръати собите идома хоҳад дошт ва ба ин тартиб бештари низомиёни мо ба кишвар боз хоҳанд гашт».

Президенти Амрико афзуд, ҳамон тавр, ки эътилофи мо тавофуқ кардааст, то поёни соли 2014 нерӯҳои афғон масъулияти комили амнияти кишварашонро бар ӯҳда хоҳанд гирифт. Низомиёни байналмиллалӣ ба омӯзиш, мушовира ва кӯмак ба нерӯҳои афғон идома хоҳанд дод ва ҳамроҳи онҳо дар сурати ниёз хоҳанд ҷангид, аммо ҳамзамон, ки Афғонистон рӯ ба пеш ҳаракат кунад, нақши мо ба нақши ҳимоятӣ тағир хоҳад кард.
Обама бо баёни ин ки Афғонистон рӯзҳои сахтеро пеши рӯ дорад, гуфт: «Сарнавишти Афғонистон бояд ба дасти худи мардуми Афғонистон рақам зада шавад ва ояндаи кишвари худро дар ихтиёр дошта бошад. Мо хостори идомаи ҷанг дар Афғонистон нестем, балки талош мекунем то ин ҷанг поён ёбад».

Раисҷумҳурии Амрико афзуд: «Мардуми Афғонистон пас аз интиқоли комили раванди вогузории амният, шоҳиди ҳузури низомиён, корвонҳои низомиёни хориҷӣ ва гашти ин низомиён дар ҷодаҳо ва шаҳрҳо нахоҳанд буд». Санаде, ки ахиран миёни раисони ҷумҳури ду кишвар ба имзо расид, қарор аст барои тасвиб ба парлумони Афғонистон пешниҳод шавад ва пас аз тасвиби он, ҷанбаи қонунӣ пайдо хоҳад кард.                

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)