Бахшҳо
07 май 2012 05:56Гузориш

Радиои «Ватан» нӯҳсола шуд

«Ватан» радиои иттилотӣ-мусиқӣ буда, 70%-и мусиқиҳо бо забони тоҷикӣ пахш мешавад. Ҳамчунин, таронаҳои русӣ ва англисиро низ аз тариқи ин радио шунидан мумкин аст. Ин радио ҳамарӯза 10-12 барномаи мустақим дорад. Танҳо теъдоди ками барномаҳои он такрор пахш мегардад.

7-уми май ба унвони Рӯзи радио таҷлил мешавад. Дар ҳамин санаи соли 1895 Александор Попов, донишманди рус аввалин дастгоҳи радиоро ихтироъ намуд, ки баъдан онро ба сифати Рӯзи радио ва кормандони алоқа пазируфтанд. Дар Тоҷикистон ҳам аз ин сана ҷашн мегиранд. Барои радиои хусусии «Ватан» имрӯз  якбора ду ид аст. Ин шабакаи радиоӣ нӯҳ сол қабл маҳз дар ҳамин рӯз аввалин гуфторҳои худро пешниҳоди шунаванда кард. «Ватан» аз нахустин радиоҳои мустақили Тоҷикистон аст, ки шабонарӯзӣ фаъолият мекард. Ин радио ҳамчунин барои шикастани қолабҳои мавҷуд дар барномасозӣ, ки аз Шӯравӣ ба мерос монда буд, маъруф аст.

Субҳон Ҷалилов, директори барномаҳои радиои «Ватан» ба Озодагон гуфт: «Радио Ватан 7-уми майи соли 2003-юм ба фаъолият шурӯъ кард. Дар ин давра бояд радиоҳои хусусӣ ҳам дар қатори радиоҳои ҳукуматӣ пайдо мешуданд ва он пешниҳоде, ки аз ҷониби дигар радиоҳо буд, аз тарафи радиоҳои хусусӣ шиката шуд. Дар натиҷа як услуби хоса, фарқкунандаи пешниҳоди барномаҳо ва як услуби хоси барномасозӣ пайдо шуд».
Ба гуфтаи Субҳон Ҷалилов ширкати телевизион ва радиои «Ватан» аз нахустин ширкатҳое буд, ки барномаҳои ҳунарии овозхонҳои хориҷиро дар Тоҷикистон созмон дод: «Дар чанд соли фаъолият тавонистанистем чанд лоиҳаеро пешниҳоду амалӣ намоем. Аз ҷумла «Офиси беҳтарини сол, «Ситораҳои асри нав». «Ситораҳои асри нав» чанд чеҳраи навро барои кишвар муаррифӣ кард, масалан Тахмина Ниёзова ва Зайнура Пулодова. Озмуни «50 нафари хушуслуб дар Душанбе» аз дигар лоиҳаҳои радиои «Ватан» аст».

«Ватан» радиои иттилотӣ-мусиқӣ буда, 70%-и мусиқиҳо бо забони тоҷикӣ пахш мешавад. Ҳамчунин, таронаҳои русӣ ва англисиро низ аз тариқи ин радио шунидан мумкин аст. Ин радио ҳамарӯза 10-12 барномаи мустақим дорад. Танҳо теъдоди ками барномаҳои он такрор пахш мегардад.
Дар робита ба ҷашни нӯҳсолагии радиои «Ватан» давоми рӯз марафон мегузарад. «Дар кӯчаҳо ба одамон тақвимҳои радиои «Ватан» тақсим мешавад. Ҳамчунин, ба онҳое, ки ба саволҳои соддаву осони мо ҷавоб мегӯянд, «радиоприёмник» тӯҳфа мекунем. Дар эфир ҳам барнома ва бахшҳои ҷолиб тулии рӯз шунавонда мешавад»,-афзуд  Субҳон Ҷалилов.

Гуфтанист, радиои «Ватан» феълан рӯи мавҷҳои кӯтоҳ дар Душанбе, навоҳии наздик ба пойтахт ва шаҳри Қӯрғонтеппа қобили шунидан аст. Директори барномаҳои радиои «Ватан» мегӯяд, ояндаи наздик нақша ҳаст, ки дар дигар минтақа ва навоҳии кишвар низ пахши барномаҳои радиоро фаъол намоянд. Ҳамчунин дар назар аст, дар дигар минтақаҳо бунгоҳҳои хабарнигорони махсуси «Ватан» таъсис шавад. Ба хотири ҷашни радио қарор аст, китобе ба нашр расад, ки маводи истифодашуда дар барномаи «Субҳи Ватан»-ро гирд овардааст.

Алишер Зарифӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)