Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 02:43

Қазияи "исфарагиҳо" ба чӣ меанҷомад?

7 май 2012, 07:08

Дар озодӣ қарор доштани Низомхон Ҷураев овозаи дурӯғин аст. Зеро аз ҳамон рӯзе, ки ӯ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд, дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигоҳ дошта мешавад ва то кунун дар ҳамон ҷо қарор дорад.

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшинос
Хабари озодии Низомхон Ҷӯраев аз ҷониби раиси Агентии мубориза бо фасод, дурӯғи маҳз аст. Зеро соли 2007, вақте, ки парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид, алакай нисбати Низомхон Ҷӯраев худи прокурори генералии собиқ Бобохонов иҷозаи ҳабси ӯро дода буд. Он замон чораҳои пешгирӣ аз ҷониби мақомоти прокротураи генералӣ татбиқ мегардид. Бинобар ин чораҳои пешгирии ҳабси пешакӣ нисбати ӯ соли 2007 - ум татбиқ гардидааст. Дар асоси ҳамин чораҳое, ки аз ҷониби прокурори генералӣ татбиқ гардида буд, ӯ соли 2010 дар шаҳри Маскав боздошт шуд. Ва имрӯз иттилооти паҳн гашта мабнӣ бар ин ки ӯ дар озодӣ қарор дораду ҳатто дар ВАО овозаҳо шуд, ки гӯё яке аз журналистони BBC бо ӯ бевосита тавассути телефон сӯҳбат кардааст, як намоише мебошад, ки аз рӯи сенарияи пешакӣ таҳия гаштааст. Шахсе, ки нисбаташ чораи пешгирӣ аз ҳабси пешакӣ татбиқ гардидааст. Ин ҷо ҳукми суди олист, ки зиёда аз 30 нафар ҳамакнун маҳкум шудаанду ташкилотчии ҷиноят ҳамин Низомхон Ҷӯраев эътироф гардидааст. Ва имрӯз ҳукми суд дар иҷрои қонунӣ қарор дораду ӯ барои ҷиноятҳои махсусан сангин гуноҳкор шинохта шудаасту дар озодӣ будани вай ҳеч имкон надорад. Ин як афсонаи асри 21 аст. Имрӯз мақомот бо ин васила мехоҳанд, ки ҳаракатҳои шубҳабарангези худро, яъне аз Маскав ба чи гуна овардани инсонро, мехоҳанд диққати мардумро ба он сӯ, ки ӯ дар озодӣ аст, ҷалб кунанду мавзуъи чи тавр пайдо шудан ӯ дар Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи мардум қарор нагирад. Бинобар ҳамин ин як дурӯғи маҳз аст ва ман худам шахсан ба озод будани ӯ бовар надорам. Зеро имрӯз мебахшед, барои як тухм ё мурғ дуздидан шаҳрвандон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Ҳатто барои як майдаавбошӣ ҳабс мекунанд. Дар ҳоли ҳозир ҳама медонанд, ки ӯ барои куштори қасдонаву ҷиноятҳои сангин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаасту дар озодӣ буданаш афсонаи асри 21 аст ва ман ҳеч боварӣ надорам, ки ӯ дар озодӣ бошад. Агар Низомхон озод гардад, бояд ҳатман пеш аз гуноҳкор кардани ӯ бо эътирози прокурори генералӣ ё эътирози раиси суди олӣ ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати 31 нафар маҳкумшудагон мавриди бозбинӣ қарор гирад. Аввал аз ҳама онҳо бояд аз маҳбас озод гарданд ва баъд аз он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудани худи Низомхон Ҷураев баррасӣ гардад. Аз ин рӯ, агар имрӯз ҳолатҳои наве ошкор гардида бошаду масалан, Низомхон Ҷураев дар назди мақомот бегуноҳии худро бо далел исбот карда бошад, бинобар ошкор шудани ҳолати нав бояд он ҳукми суд, ки нисбати 31 нафар содир гардидааст, ҳатман бояд дар марҳилаи назоратӣ бекор карда шуда, мавриди бозбинӣ қарор гирад.

Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқшинос
Дар озодӣ қарор доштани Низомхон Ҷураев овозаи дурӯғин аст. Зеро аз ҳамон рӯзе, ки ӯ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд, дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигоҳ дошта мешавад ва то кунун дар ҳамон ҷо қарор дорад. Аммо сабаби паҳн кардани овозаи озодии ӯ, барои ором нигоҳ доштани хешутаборони вай мебошад. Худ хулоса кунед, ки ӯро озод кардаанду аммо ҷои зисти ӯ номаълум аст. Низомхон Ҷураев на модари худро дидаасту на хешовандонашро ва ҳатто хешу таборони ӯ намедонанд, ки вай дар куҷо қарор дорад. Ин як, дуввум ин ки ба он ҷурмҳое, ки ӯро гумонбар номидаанд, ба монанди ташкили гурӯҳи ҷинояткорон, ғоратгарӣ ва контрабанда (қочоқ), вақте бо чунин айбҳо муҷрим эълон мегардад, нисбати ӯ бо ин айб чораи пешгирии нигоҳ доштан дар ҳабс пешбинӣ шудааст. Бинобар ин бо чунин ҷароим, ки ӯ гунаҳкор эълон шудааст, озод будани ӯ комилан нодуруст аст. Ва барои ҳамин ман боварӣ дорам, ки Низомхон Ҷураевро дар озодӣ нигоҳ доштан дурӯғ аст. Зеро бо чунин айбҳои эълоншуда ӯро дар озодӣ нигоҳ доштан мумкин нест. Худи қонунгузорӣ ҳам инро пешбинӣ кардааст, ки бо ин айбҳои эълоншуда ҳар шахсе бояд аз озодӣ маҳрум карда шавад. Яъне чорабинӣ нисбат ба ин гуна ашхос ҳабси пешакӣ пешбинӣ гардидааст. Муҷрим эълон доштани Низомхон Ҷураев мутобиқи моддаҳои 245 ва 247 аст. Аз 31 нафаре, ки дар ҷарёни парвандаи исфарагиҳо аз озодӣ маҳрум шудаанд, 8 нафарашон дар ҷинояти куштор тибқи моддаи 4 айбдор эълон шудаанд, аз озодӣ маҳрум гаштаанд. Аммо  23 нафари дигар бо моддаҳои 245 -247 айбдор эълон карда шуда, зиёда аз 25 то 30 сол аз озодӣ маҳрум карда шудаанд. Низомхон Ҷураев тибқи гуфтаи Агентии коррупсия ба моддаи кочок гумонбар эълон гаштааст. Аз ин хулоса бармеояд, ки он 31 нафари дигар, ки бо моддаи 245 - 247 айб эълон карда шудааст, онҳоро бояд дар навбати аввал сафед ва озод кард. Дигар ин ки кушторе, ки бо моддаи 104, ки Низомхон Ҷураевро айбдор намудаанд, ин айб ҳам аз ӯ гирифта шуд. Аммо он 8 нафаре, ки бо Низомхон Ҷураев буданд, мебояд онҳоро озод кард. Ва барои ҳамин дар инҷо як муаммо ё бозие аз тарафи мақомоти давлатӣ нисбати Низомхон Ҷураев ҷарён дорад, ки ман худам шахсан то ҳол онро дақиқ нафаҳмидаам.

Абдуқаюм ЮсуФов, ҳуқуқшинос
Дар қонун айбдоршаванда ва гумонбаршаванда пешбинӣ карда шудааст. Агар ба он шарту шароитҳое, ки аз тарафи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ бошад, мақомоти тафтишоти пешакӣ метавонанд  нисбат ба ҳар нафаре чораи пешгирӣ аз ҳабс нигоҳ доштани ӯ ва ё чораҳои пешгирии ғайриҳабсиро татбиқ намоянд. Фикр мекунам, ки дар озодӣ будани Низомхон Ҷураев дар ҳолати ба талаботи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии ҶТ ҷавобгӯ будани шарту шароитҳои буду боши ӯ, дар ҳолати ҳабсӣ ё ва ғайриҳабсӣ татбиқ гардидани чораҳои ғайриҳабсӣ мумкин аст ва аз талаботи қонун берун нест. Дар ҳабс будан ё набудани Низомхон Ҷураевро мақомоти тафтишоти пешакӣ тасдиқ мекунанд. Аммо хешовандони ӯ инро инкор мекунанд.

Дилшод Муллоев, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Қонунгузорӣ барои ҷиноятҳои махсусан вазнин ҳабси пешакӣ муайян мекунад. Озод кардани шахси гумонбар ба ин навъи ҷиноятҳоро аз ҳабси пешакӣ озод кардан мушкил аст. Танҳо дар ҳолатҳое, ки шахс аз беэҳтиётӣ ё дар ҳолати махсусан ҳаяҷоновар гумонбар бошад, имкони сабукӣ бахшидан ё аз ҳабси пешакӣ озод кардан бо замонати аз кишвар набаромадан вуҷуд дорад, лекин дар дигар ҳолат барои гумонбаршуда ба ҷиноятҳои вазнин бояд ба ғайр аз ҳабси пешакӣ ягон чораи дигар таъин нашавад.

Абдураҳмон Шарифов, адвокат
Шахсе, ки дар содир кардани ҷинояти махсусан вазнин гумонбар шуда бошад, дар озодӣ мондани ӯ аз тарафи мақомоти тафтишоти пешакӣ ҳал карда мешавад, ки оё имконпазир аст чунин чора ё не. Лекин гумонбарӣ ин ҳоло тасдиқи гуноҳ нест. Аз ин хотир барои шахсро ба ҳабси пешакӣ гирифтан бояд ваҷҳҳои асоснок ба суд пешниҳод шавад ва суд ба ҳабси пешакӣ иҷозат медиҳад. Феълан танҳо гумонбарӣ барои содир кардани ҷиноятӣ вазнин ҳамчун асос барои татбиқи чораи пешгирии ба ҳабсгирӣ аз тарафи суд иҷозат дода мешавад. Дар баъзе кишварҳо шахси гумонбар ба ҷиноятҳои махсусан вазнин метавонад бо пардохти гаравпулӣ аз ҳабси пешакӣ озод карда шавад. Лекин дар қонунгузории Тоҷикистон бо гаравпулӣ озод кардани шахси гумонбар ба ҷиноятҳои махсусан вазнин аз ҳабси пешакӣ пешбинӣ нашудааст.

Рамзия Мирзобекова, журналист
Ҷӯраев дар озодӣ буда наметавонад, чун аз рӯи қонун ва бандҳое, ки ӯ гумонбар дониста шудааст, дар озодӣ будан ва ҳуқуқи аз кишвар набаромадан пешбинӣ нашудааст. Сардори агентии зиддикоррупсия мегӯяд, ки ӯро дар ҳоли ҳозир танҳо бо як модда-қочоқ гӯё айбдор мекунанд ва аз ин сабаб ӯро бо замонати аз кишвар берун нарафтан озод кардаанд. Вале суоле пайдо мешавад, ки пас барои чӣ 31 нафар исфарагиҳо бо ҷинояте, ки Низомхон Ҷӯраев сарварӣ мекард, ба мӯҳлати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум шуданд? Яъне, агар Ҷӯраев гуруҳи ҷиноӣ ташкил накарда бошад, нақшаи кушторро тарҳрезӣ накарда бошад, иншоотро ғайриқонунӣ ғасб накарда бошад ва ғайра, ин чунин маъно дорад, ки ин 31 нафар низ дар ин ҷиноятҳо шарик нестанд. Агар аз ӯ айбдоршавиро бекор кунанд, пас аз он нафарон низ бояд айбдорӣ бекор карда шавад. Дар ин ҷо аз ду  як фарзия бояд бошад: эҳтимол ӯ ҳам мисли онҳо гунаҳкор аст ё онҳо мисли ӯ бегуноҳанд. Ё ин ки адолати судии мо дар тасаввурамон дар дунёи наве пайдо мешавад, ки дар он ҷо тамоман ягон мантиқе вуҷуд надорад.

Ширинбек Давлатшоев, ҳуқуқшинос
Дар бархе аз кишварҳои хориҷӣ ҳолатҳое ҳаст, ки нафарони ба ҷиноятҳои махсусан вазнин гумонбаршуда метавонанд бо додани гарав аз ҳабси пешакӣ озод шаванд. То ҳалномаи суд набарояд ӯро ҳабс намекунанд. Лекин дар мо ҳангоми идомаи тафтишоти ба ҷинояти махсусан вазнин гумонбаршударо аз ҳабси пешакӣ озод намекунанд. Танҳо дар қонуни авф баъзе категорияҳои ҷиноятҳои махсусан вазнин авф мешаванд, ки ҳамон ҳам ба мӯҳлати на он қадар зиёд. Аммо барои ҷиноятҳое монанди куштор озодӣ пешбинӣ намешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Абдуллоҳ

  • 30 август 2013 11:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҳой бародарон Низомхон Ҷураев бо ҳукми суди оли бояд дар маҳбас бошад. Лекин дар асл вай ба муқобили муффатишону прокурорҳо баёнот дошта гаштааст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!